
Санаи 10-уми феврали соли 2025 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳия таҳти раёсати раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб Ниёзов Давлатшоҳ Ҳайдарович, раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилов Саидаҳмад, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир ва муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо баргузор гардид, ки дар он номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар, номзадҳои худпешбар ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Қиёмиддин Сайдалиевич ва Самадова Зебунисо Бобомуродовна ширкат варзиданд.
Дар вохӯрии мазкур шахсони боэътимоди номзадҳои худпешбар оид ба фаъолияти босамари номзадҳо Одинаев Қиёмиддин Сайдалиевич ва Самадова Зебунисо Бобомуродовна баромад намуда, оид ба ҳадафу мақсад дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо инъикос ёфтааст, суханронӣ намуданд.
Баъдан шахси боэътимоди номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳусейнов Сайфиддин Бобоевич бо мақсади муаррифии шарҳи ҳол ва Барномаи пешазинтихоботии номзад Шерализода Муҳамадулло Умарро муаррифӣ намуда, дар мавриди фаъолияти босамари қаблияшон дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки номзади арзанда Шерализода Муҳамадулло Умар барои хизматҳои содиқона дар назди халқу Ватан, фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва саҳми арзанда дар соҳаи илми мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардида, ба созандагиву бунёдкорӣ мақоми хоса доранд.
Номзадҳои худпешбар ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 баромад намуданд:
— Самадова Зебунисо Бобомуродовна зимни баромади хеш иброз доштанд, ки ман дар қатори дигар сокинони Ватани азизамон ҳамеша фаъолияти худро барои пешрафти Тоҷикистони биҳиштосоямон ба роҳ монда, дар тамоми самтҳои афзалиятноки давлат ҳиссагузорӣ менамоям.
— Одинаев Қиёмиддин Сайдалиевич дар баромади худ қайд намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.
Ҳамзамон, Шерализода Муҳамадулло Умар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба Барномаи пешазинтихоботии худ зери унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» баромад намуда, таъкид карданд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар, нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ва рушди иқтисодию иҷтимоии онро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузоранд.
Баъдан, Шерализода Муҳамадулло Умар ёдовар шуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста ва саодатмандист, раҳнамоӣ мекунад.
Илова бар ин, Шерализода Муҳамадулло Умар хотиррасон намуданд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат ва илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти зиндагии сокинони кишвар хеле калон мебошад.
Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир ёдрас намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2030 тамоми мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлилҳои дар Барномаи мазкур зикргардида, роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдор ва устувории Ватан равшан месозад.
Раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилов Саидаҳмад роҷеъ ба интихоботи дар пеш истода суханронӣ намуда, ёдовар гардиданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА