Эҳтироми Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар яки мову Шумо мебошад, зеро дар ин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз асос гузошта шудааст.
Сиҳ сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.
Дар ин асно, санаи 5-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳияи Варзоб бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Конститутсия ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ- суд, прокуротура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, собиқадорони ҳизбҳо, ҷангу меҳнат, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри Конститутсия – иродаи давлатдории миллӣ ифода мекарданд овезон гардида буд.
Нахуст дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Конститутсия — давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
Баъдан, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки мо 30-солагии қабули Конститутсияи кишварро дар айёме таҷлил менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар арсаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшида, муносибату робитаҳои дуҷониба ва гуногунҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад, мавқеи хешро дар ҳалли масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ устувортар кардааст. Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати роҳнамо хидмат мекунад ва хоҳад кард.
Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа ва ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА