Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони кишвар бо иштироки Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва дигар вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ ва рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳое, ки дар меҳвари Паёми имсолаи Пешвои миллат матраҳгардид, ин гиромидошти таъриху фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва ҳимояи аризишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Ҳамчунин дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат соҳаи фарҳанг ва эҳё намудани ҷашну анъанаҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон, ҳамчунин таъмиру барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни илм хизматҳои шоён намудаанд аз нав эҳё гардид. Зеро фарҳанг ҳастии миллат дар ҳаму давраҳои таърихӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ махсусан юнонӣ дар бораи гиромидошти фарҳанг чунин омадааст: Яке аз файласуфон ва сиёсатмадори машҳури юнонӣ Арасту ба шогирди худ Искандари Мақдунӣ чунин таълимот додааст: “ҳангоме ки ба ин ё он кишвари олам лашкар мекашӣ, якуякбора фарҳанги онро нест накун, чунки оқибат ба заволи худат оварда мерасонад”. Яъне ҳикмат аз гуфтаҳои Арасту дар он мебошад, ки фарҳанг ва ҳифзи он вазифаи тамоми ҷомеа маҳсуб меёбад, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: “тайи 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона, ҳамчунин 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ карда шуданд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми мамлакат хизмат карда истодаанд”. Дар баробари, ин бояд иброз намуд, ки дар самти маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг аз ҳисоби буҷаи давлат дар соли 2000 – ум 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 1 – миллиарду 716 миллион расидааст, ки ин ҳама талошҳои пайваста пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои фарҳансолори тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон дар баробари ин як нуқтаи дигарро бояд гуфт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд ёдгориҳои таърихӣ, ҷашну анъанаҳои миллӣ ба феҳристи Созмони ҷаҳонии фарҳанг “Юнеско” ворид гардид, ки боиси сарфарозӣ ва хушнудии мардуми сарбаланди кишвар мебошад. Дар ин росто Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси олии кишвар қайд намуданд: “Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Юнеско ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Дар робита бо вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо як нуқтаро бояд қайд намуд, ки ҳанӯз соли 1993 Самуел Ҳантингтон бо нашри мақолаи илмии худ дар маҷаллаи “Foreign affairs”-и амрикоӣ зери унвони “Бархӯрди тамаддунҳо?” назарияи худро пешниҳод мекунад, ки хеле баҳсбарангез мешавад. Дертар ин назарияи худро тақвият дода, дар соли 1996 онро дар шакли китоб мунташир мекунад, ки дар он аломати саволашро бардошта номи китобро “Бархӯрди тамаддунҳо ва азнавсозии низоми ҷаҳонӣ” мегузорад.
Инсонҳо ҳувияти худро дар пояи аҷдод, дин, забон, таърих, арзишҳо, одобу русум ва ниҳодҳо муайян мекунанд. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии кишвар иброз доштанд: “моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”. Яке аз иқдомҳо дигаре, ки Пешвои миллат дар Паём мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд, ин дар соли 2025 вобаста ба таҷлили 2550 – солагии аввалин бунёдгузори империяи ҷаҳонӣ ва таъсисдиҳандаи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, яъне Куруши Кабир ва ба Юнеско пешниҳод намудани он ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамин тавр, моро зарур мебошад, ки новобаста аз самти фаъолиятамон Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намоем, зеро пешниҳодҳои сарвари кишвар дорои аҳамияти стратегӣ буда, воридшавии Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳонро кафолат медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти Тоҷикистон бояд дар амалӣ сохтани онҳо саҳм гузорад.
Маъруф САИДОВ, сокини ноҳияи Варзоб, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон