
Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди боимони мост, ки моро сари дастурхони Наврӯзӣ ба ҳам меорад. Наврӯз барои мардуми тоҷик рамзи файзу баракат, эҳёи табиат ва замин аст, ки ҷузъи асосии табиат буда, бо шарофати Наврӯз сабзу хуррам гардида, ризқу рӯзии бандагонро фаровон мегардонад.
Наврӯз зеботарин ҷашни таърихии мардуми ориёнтабор аст. Ба дасту дили поку беолоиш, тозаруҳу бедарду беандуҳ кору пайкор намудан, бо ободиву шукуфоии Ватани азиз саҳм гузоштан, ин низ яке аз оинҳои наврӯзист.
Мо имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем.
Дар ин замина, хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Дар ин асно, санаи 15-уми марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҳашари корҳои ободонию созандагӣ ва тозагӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ибтидоии он, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, фаъолона иштирок намуда, барои тоза кардани соҳил, нарм кардани бехи дарахтон, рӯбучин кардани назди варзишгоҳ аз партовҳои ҷамъшуда, корҳои назаррас ба роҳ монда шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА