
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб санаи 5-уми апрели соли равон таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ҳудуди ноҳия ва шоҳроҳи протоколии Душанбе Чаноқ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар рафти он кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.