
Боздиди раиси ноҳияи Варзоб аз ҳолати будубоши сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар шукуфоӣ гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан — Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Дар ин асно, тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак дар доираи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми феврали соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси суди ноҳия Воҳидзода Раҷабалӣ Ғанӣ, прокурори ноҳия Қурбонзода Муродбек Қурбон, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қурбонов Бахтиёр, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Пирзода Муҳриддин Табар, командири қисми ҳарбии 3502-и ҚД ВКД ҶТ полковник Обидов Маҳмадалӣ Сайдалиевич, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Алиматов Содиқ ва Муҳиддинов Одина ва дигар шахсони мутасаддӣ аз ҳолати шароит, таъминоти моддию техникӣ ва будубоши сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки зимни боздид ба раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ иттилоъ доданд, ки имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумла қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми шароитҳои хизматбарӣ, аз ҷумла маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхонаю дигар иншоотҳои маишию хизматӣ таъмин карда шудаанд.
Нахуст дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотӣ ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Шумо ҷавонони азиз, ки имрӯз ба сафи Артиши миллии кишвари азизамон хизматро сарбаландона адо намуда истодаед дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва суботи мамлакат садоқдти худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон бо хизмати шоиста собит месозед, ки ин амали неки Шумо боиси сарфарозии волидайн ва хешу ақрабои Шумо ба шумор меравад. Зеро дар марҳилаи имрӯза аз мову Шумо дарки масъулияти бузург, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш ва зиракии сиёсӣ тақозо мегардад. Боварӣ дорам, ки Шумо дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо эҳсоси гарми ватандустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардед.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дар идома, Дамонзода Хусрав Назаралӣ изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».
Дар фарҷом раиси ноҳия изҳори умед карданд, ки дар оянда аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ хизматчиёни хуб ба воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу ватан анҷом диҳанд. Инчунин, хотиррасон менамоем, ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Дар ин раванд, аз ҷониби афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуд. Инчунин, аз ҷониби афсарону сарбозон паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар қисмати тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб хотири афсарону сарбозонро шод намуд.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор афсарону сарбозон барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Хулоса дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Орифҷон ОЛИМЗОДА