Санаи 12-уми декабри соли 2024 таҳти раёсати раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷлосияи бистуҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия, муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Тавре дар иҷлосия зикр гардид, бо назардошти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2024, рақами 882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он ду масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ворид карда шуд.
Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар доираи 40 (чил) ҳавза муқаррар карда шавад.
Ҳамчунин иҷлосия комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзобро дар ҳайати 11 нафар таъсис дод.
Дар охир раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ оид ба як қатор масъалаҳои зарурӣ аз ҷумла барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ ва баҳри таъмини бехатариву тартиботи ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли интихобкунандагон, тозаву озода намудани ноҳия ба масъулин ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид намуданд, ки мо викилони халқ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро ба роҳ монда, барои пешрафти ноҳия чораҳои заруриро доимо роҳандозӣ менамоем.
Ҳамин тавр, оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистуҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ба ҳамин иҷлосияи бистуҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.
Орифҷон ОЛИМЗОДА