Санаи 27-уми декабри соли 2024 таҳти раёсати раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия, муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Дар иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Дар бораи ҳисоботи раиси ноҳияи Варзоб «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2024»;
- Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Варзоб барои соли 2025 ва тасдиқи иҷро шудани буҷет дар соли 2023;
- Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ;
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб.
Сараввал аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Дар бораи ҳисоботи раиси ноҳияи Варзоб «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2024» аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳия Раҷабзода Бобоназар Раҷаб шунида шуд: аз ҷумла зимни ҳисобот қайд гардид, ки сипарӣ гардидани соли 2024 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик, як саҳифаи пешрафту дурахшони дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро сабт намуд. Дар ин сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба манфиати сокинони кишвар корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд, ки баҳри боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшида шуд.
Инчунин, зимни ҳисобот дарҷ гардид, ки мо ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия чораҳои заруриро доимо роҳандозӣ менамоем.
Дар баробари ин, дар ҳисобот таъкид гардид, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб дар ёздаҳ моҳи соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ–115 фоизро ташкил медиҳад.
Бо ҳамин тартиб аз рӯи дигар масъалаҳои рӯзнома ҳисоботҳо шунида шуд:
— аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома сардори Раёсати молияи ноҳияи Варзоб Нурзода Ҷомӣ Асомиддин «Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Варзоб барои соли 2025 ва тасдиқи иҷро шудани буҷет дар соли 2023» ҳисобот дод. Аз ҷумла дар ҳисобот дарҷ гардид, ки пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, дар соли 2025 бошад ба ин соҳаҳо низ афзалият дода мешавад.
— аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома сардори нозироти андози ноҳияи Варзоб Неъматзода Абдуғафор «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ» ҳисобот дод. Дар ин замина, дар ҳисобот қайд гардид, ки яке аз ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ин муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти иҷлосия раиси Комиссияи доимӣ оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб Ҳаитзода Абдувоҳид баромад намуда, иброз доштанд, ки дар низоми идоракунии молияи давлатӣ сари вақт ва сифатнок иҷро намудани нишондиҳандаҳои буҷетӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дар ин замина таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, сарфакорона ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва худдорӣ намудан аз ҳар гуна хароҷотҳо бесамар ба инобат гирифта шавад
Дар асоси рӯзномаи иҷлосия дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб «Оид ба кадрҳо» ва «Дар бораи истифодаи маблағҳо аз ҳисоби буҷет» қарорҳо қабул карда шуд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки вакил аз ҳавзаи интихоботии №11, раиси гуруҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, раиси Комиссияи доимӣ «Оид ба таъмини ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм Сангинзод Дониёр Шомаҳмад ва вакил аз ҳавзаи интихоботии №21, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб оид ба масъалаҳои аграрӣ, идораи замин, захираҳои об, экология ва шуғли аҳолӣ Тағоев Маҳадмумин Раҳимович ба музокира баромаданд.
Ҳамин тавр, оид ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама тандурустиву иқболи нек, ба хонадонашон файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу намуда, умеди онро карданд, ки Соли нав барои ҳар хонадони тоҷик соли бахту иқболи нек хоҳад буд.
Дар ин замина, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид намуданд, ки мо викилони халқ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро ба роҳ мемонем.
Инчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки ба ҳар кадоми Шумо муҳтарам вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои фаъолияти пурсамаратон дар ин солҳои сипаригардида изҳори минатдори намуда, ба Шумо ва ҳозирини гиромӣ саодати рӯзгор ва муваффақияти ҳамаи ниятҳои некатонро орзумандам!
Ба ҳамин иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.
Орифҷон ОЛИМЗОДА