
Санаи 12-уми марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори раиси ноҳия даъват карда шуд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 7 масъала, аз ҷумла, гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, интихоби раис ва аъзои онҳо, пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, гузаронидани интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи интихоботии Арақчин №40 ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб ворид гардид.
Дар ибтидои кори иҷлосия раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб Ниёзов Давлатшоҳ Хайдарович иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар ноҳия 40 комиссияи ҳавзавӣ ва 45 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ рӯзи 2-юми марти соли равон 39 (сивунуҳ) нафар номзадҳое, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд.
Аз ин шумора 9 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин ба 23 фоизи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтум баробар аст.
Пас аз гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтумро тасдиқ намуд.
Вакилони тозаинтихоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳукуқии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб савганд ёд карданд.
Дар иҷлосия аввалин шуда, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ савганд ёд карда, дигар вакилон аз рӯи шумораи тартиби ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.
Сипас вакилони халқ Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзобро тасдиқ карданд.
Дар иҷлосия масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб номзадии Носирзода Ҷаббор – И. в раиси шаҳри Ҳисорро ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 пешбарӣ карданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтум як қатор қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Варзобро баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷоми кори иҷлосия раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтумро ба муносибати оғози фаъолияташон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои созандагиву ободонӣ дар боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар ин замина, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид намуданд, ки мо викилони халқ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро ба роҳ мемонем.
Орифҷон ОЛИМЗОДА