Дар кори иҷлосия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб даъват карда шуд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла, дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Варзоб барои солҳои 2022-2026, дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, №374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2024», дар бораи фаъолияти Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Варзоб, дар бораи фаъолияти Низомномаи Комиссияи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб ворид гардид.
Сараввал аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Варзоб барои солҳои 2022-2026 гузориши муовини аввали раиси ноҳия Раҷабзода
Бобоназар Раҷаб шунида шуд: аз ҷумла зимни гузориш иттилоъ дода шуд, ки Барномаи мазкур барои солҳои 2022-2026 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019, №181 «Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо» таҳия карда шуда, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27-уми декабри соли 2022, №251 тасдиқ карда шудааст.
Бобоназар Раҷаб шунида шуд: аз ҷумла зимни гузориш иттилоъ дода шуд, ки Барномаи мазкур барои солҳои 2022-2026 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019, №181 «Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо» таҳия карда шуда, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27-уми декабри соли 2022, №251 тасдиқ карда шудааст.Инчунин, Бобоназар Раҷабзода зикр намуданд, ки ҳадафи асосии Барномаи болозикр ин таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои воқеъии иқтисодиёт дар асоси коркарди саноатӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Барнома ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ мусоидат намуда, барои баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия замина хоҳад гузошт.
— аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, №374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2024» муовини раиси ноҳияи Варзоб Ёдгорзода Шоҳин Ёдгор ҳисобот дода, ёдовар шуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад. Инчунин, қайд менамоям, ки бо дарназардошти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, №374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2024» ва Нақшаи амалии он барои солҳои 2025-2027 қарори раиси ноҳия аз 17-уми сентябри соли 2024, №192 ба тавсиб расида, таҳти иҷро ва роҳбарӣ қабул карда шудааст. Ҳамзамон хотиррасон менамоям, ки дар давраҳои мазкур ниҳолҳои гуногун шинонида шуд, ки 148 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Дар ин маврид, Шоҳин Ёдгорзода иброз доштанд, ки мавзеъҳои ниҳолҳои шинонидашуда, асосан ду тарафи роҳи протоколии Душанбе – Чаноқ, деҳаҳои Дуоба, Кондара, Беғар, Зимчуруд, Шафтимиҷгон, Харангони боло ва мавзеъҳои Наврӯз, Чайка, Баҳор ва чинорои деҳаи Ғажнеи ҳудуди ноҳия рост меояд, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якум ва муовинони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолони ноҳия ва волонтёрон бо наворгирии сабти телевизионӣ фаъолона иштирок намуданд.
— аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома дар бораи фаъолияти Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Варзоб раиси Кумита Комилов Комрон Ятимович ҳисобот дода, зикр намуданд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани назорати замин дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, пешгирии ғасби қитъаи замин, сари вақт иҷро намудани амрҳои мақомоти прокуратура оид ба қонунвайронкуниҳо дар самти замин ва оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба муҳоҷирони экологӣ ва эҳтиёҷмандони ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодаем.Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтум як қатор қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳияи Варзобро баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷоми кори иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки имсол дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони мамлакат зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Баъдан, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ оид ба як қатор масъалаҳои зарурӣ аз ҷумла омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, атрофи самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар ҳар як оила захира намудани маводҳои ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, чораҳои пешгирикунӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур кардани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ба муовинони худ, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва воҳидҳои сохтории он ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, Хусрав Дамонзода таъкид намуданд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро дарк карда дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.
Дар фарҷоми суханронии худ, раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои мамлакати азизамон рӯз аз рӯз зебою дилоро гардида истодааст. Зеро шукуфоию тараққиёти кишвар яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст.








