
Пас аз анҷоми музокирот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ карданд.
Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад. Фардо ширкати Сомонэйри Тоҷикистон нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом медиҳад.
Матни изҳороти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Имрӯз мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон пазироӣ менамоем.
Дар доираи сафар мо музокироти муфассал, ки дар фазои дӯстона, корӣ ва созанда доир шуданд, анҷом додем.
Доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ шуда, доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.
Мо бо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович азми худро барои андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати минбаъд ҳамаҷониба таҳким бахшидани риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардем.
Мо аҳамияти таърихии Шартнома байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки дар доираи сафари давлатӣ ба имзо расид, таъкид намудем.
Мо изҳор доштем, ки аз имрӯз ва доиман сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.
Мо тасдиқ менамоем, ки барои рушди тадриҷии ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра тадбирҳои ҳамаҷониба андешида мешаванд.
Бо ин мақсад зарфияти Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Шурои вазирони корҳои хориҷӣ мавриди истифодаи пурра қарор хоҳанд гирифт.
Мо қарор қабул кардем, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ба Шурои байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон табдил дода шавад ва онро Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намоянд.
Мо иброз намудем, ки дар давраи оянда барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тавассути истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар бо мақсади таъмини пешрафт дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мо дар доираи сафари давлатӣ ба имзо расидани Созишнома байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, навсозӣ ва истифодаи Чорроҳаи роҳҳои автомобилӣ ва Созишнома байни Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обу энергетикиро истиқбол менамоем.
Мо ба нигоҳ доштани ҳувияти этникӣ ва забонии халқҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои қирғизҳои этникӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони этникие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон зиндагӣ менамоянд, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои онҳо мусоидат мекунем.
Мо зарурати пайваста густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитариро таъкид менамоем.
Дар ин самт робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ таҳким ёфта, табодули ҳайатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкилоти илмию таҳлилӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, ҳайатҳои ҳунарӣ ва театрӣ ривоҷ меёбад.
Мо ба мувофиқа омадем, ки гуфтушуниди фаъолонаи сиёсиро дар асоси доимӣ аз рӯйи тамоми маҷмуи масъалаҳое, ки ба онҳо ҳарду тараф ҳавасманд мебошанд, давом диҳем.
Мехоҳам бо қаноатмандии зиёд натиҷаҳои таърихии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистонро иброз намоям.
Изҳори итминон дорам, ки музокироти муфассале, ки доир шуд, дар рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба саҳм мегузоранд.
Мо азми қатъии худро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ба манфиати халқҳои бародари Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоем.
Натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмон ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон некбинона назар намоем.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам».
Матни изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
«Ташаккур, муҳтарам Садир Нургожаевич.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич барои даъват, меҳмоннавозии анъанавӣ ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намоям.
Мулоқоту музокироти имрӯза дар фазои созанда ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек баргузор гардиданд.
Мо ба таври муфассал маҷмуи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намудем.
Мо, тавре Садир Нургожаевич таъкид намуданд, ба аҳду созишҳои муҳим даст ёфтем.
Ин, пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд.
Дар гуфтушунидҳо мо афзалиятҳои ҳамкории муштаракро дар ояндаи наздик муайян карда, бар аҳамияти идомаи муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид намудем.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодии шарикии мо нигаронида шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин самт имконоти бузург доранд.
Бо дарназардошти ин, мо аҳамияти фаъолтар намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро таъкид намудем ва ба мувофиқа расидем, ки онро ба Шӯрои байниҳукуматӣ табдил дода, ҳамраисони Шӯроро дар сатҳи сарвазирон таъин менамоем.
Мо бар он таъкид намудем, ки нахустин ҷаласаи он дар наздиктарин фурсат баргузор хоҳад шуд.
Мо ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додем, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шеваҳои нави зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти мубодилашаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Барои то ба 500 миллион доллари ИМА расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот мувофиқа ба даст оварда шуд.
Дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои рушди кооператсияи саноатӣ ҳамчун асоси рушди робитаҳои иқтисодии ду давлат дар оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мо пешниҳод намудем, ки таҷрибаи ташкили истеҳсолоти муштарак дар бахшҳои ояндадори саноат идома дода шавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият доранд.
Мо ҳамчунин имконоти бузурги ҳамкории байниминтақавиро дар комплекси агросаноатӣ таъкид намудем.
Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории ду давлатро дар бахши гидроэнергетика густариш диҳем.
Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама, КАСА-1000 аҳамияти муҳим дорад.
Мо қарор қабул намудем, ки Комиссияи муштараки хоҷагии об таъсис дода шавад.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд.
Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем.
Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар рафти гуфтушунид мо ба робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш андешаҳои худро баён намудем.
Мо ҳамчунин хатару таҳдидҳои амниятиро баррасӣ карда, доир ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули афкор намудем.
Дар ин самт барои таҳкими ҳамоҳангии кори хадамоти махсус ва дигар идораҳои дахлдор ба мувофиқа расидем.
Кишварҳои мо таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд.
Дар маҷмӯъ натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди муносибатҳои кишварҳоямон бо назари нек нигарем.
Имрӯз бо имзои Шартнома оид ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мо бо муҳтарам Садир Нургожаевич ба мувофиқа расидем, ки дар фурсати наздик Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ имзо намоем. Имзои ин санадро мо дар доираи таҷлили ҷашни дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба нақша гирифтаем.
Ба мақсади идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ ман бо камоли эҳтиром аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич Жапаров даъват ба амал меоварам, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии давлатӣ анҷом диҳанд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам».