Ҳар як пешрафти ҷомеаи мо ба шарофати амали 31-соли Конститутсия ба даст омада, пеш аз ҳама таъмини волоияти Қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар як давлат мебошад.
Таъкид менамоям, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он, барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Ёдовар мешавем, ки 6 — ноябр мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Зеро дар ин рӯзи соли 1994 бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Хулоса вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он, барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Дар ин маврид, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо суди ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 3-юми ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроия бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи ноҳиявӣ таҳти унвони «Ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем» баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, судяи суди ноҳияи Варзоб Зарифзода Гулбаҳор Азимӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимзода Маҳтоб Пир иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро табрик намуда, баъдан таъкид карданд, ки қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, ки низоми давлатдории навини моро муайяну мушаххас сохт, дар давраи басо мушкил ба миён омад. Бояд дар ёддошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва қабули он дар таърихи 6-уми ноябри соли 1994 нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр барҷаставу мондагор аст. Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевосита ва пешниҳоди таклифҳои судманди Сарвари давлат фаъолият намуда, арзишҳои пазируфташудаи башарӣ, аз ҷумла эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, сарчашмаи ҳокимият будани халқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, идораи парлумонӣ, низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва сабт намуд.
Бо ҳамин тартиб баромад намуданд:
— Абдуллозода Марҳабо муовини раиси ноҳияи Варзоб дар мавзуъи «Конститутсия – кафили сулҳ, ваҳдат ва рушди давлат» баромад намуда, ёдовар шуданд, ки маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид. Бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.
— Зарифзода Гулбаҳор Азимӣ судяи суди ноҳияи Варзоб доир ба мавзуъи «Конститутсия – бахтномаи миллат ва нақши он дар таҳкиму такмили ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ» баромад намуда, таъкид карданд, ки Конститутсия қонуни асосии давлат, заминаи эъҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Ҳамин Конститусия аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул карда шудааст. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон ин ҳама шаҳрвандоне фаҳмида мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Сарфи назар аз нажод миллат, мансубияти мазҳабӣ, ақидаҳои сиёсӣ, моликият ва ғайра.
— Қосимзода Маҳтоб Пир раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб роҷеъ ба мавзуъи «Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик» суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Ба ҳамин кори конфронс ба анҷом расид.
Орифҷон ОЛИМЗОДА






