ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн, соати 15:00 бинобар боришоти зиёд дар деҳаи Яҳақ, Ҷамоати деҳоти ба номи И.Ҳалимов ва дарёи Зуманаки ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷа дар деҳаи Яҳақ селпарто бо дарозии 60 метр ва баландии 3 метр аз сангу лойқа пур гардид. Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми 30 июн дар минтақаи Варзоб низ сел омад. Соати 16:22 сел аз дараи Мазор, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Хоҷа-Обигарми Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ҷорӣ шуд. Дар натиҷа таҳхонаҳои манзили зисти сокинони маҳаллӣ зери об монда, ба иншооти ёрирасон қисман осеб расонд.Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расонда шуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон