Аёдати маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа яке аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ба муносибати Соли нави мелодӣ санаи 26-уми декабри соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва соҳибкорони ватанӣ ба кӯдакони маъюби Муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб кӯмакҳои молӣ расонида шуд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон меҳру самимият ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025, ки баъд аз чанд рӯз фаро мерасад, сидқан табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, комёбиву некрӯзӣ, рӯзгори хушу осуда ва иқболи боз ҳам баландтарро орзу намуданд.
Баъдан, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд карданд, ки ин ҳама корҳои хайр дар пайравӣ аз Пешвои миллат сарчашма гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан гуфта буданд, ки «Ҳаргиз маъюбону бепарасторонро хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар ҳолати руҳафдодагӣ намегузорам».
Ҳамчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид карданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад.
Дар баробари ин, раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки мо ба азму иродаи соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия эътимоди комил дорем ва хуб медонем, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Дар ин замина ёдрас менамоем, ки роҳбарияти муассисаи мазкур, маъюбон ва пайвандони онҳо барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва соҳибкорони ватандӯст изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки ин кӯдакон ҳеҷ гоҳ ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро фаромӯш нахоҳанд кард.
Дар фарҷом аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки бобои барфӣ ва барфак лаҳзаҳои мусиқию мазҳакавӣ мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти чорабинии идона кӯдакони маъюб бо ҳар гуна бозиҳои шавқовар таъби иштирокдоронро шод намуданд.Қобили қайд аст, ки барои кӯдакони маъюб дастархони идона ороста шуд.Хотиррасон менамоем, ки пас аз чорабинии идона роҳбарияти мақомоти иҷроия ва дигар шахсон аз шарту шароити муассиса дидан намуданд.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» ба раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки муассиса бо тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам мебошад.
Орифҷон ОЛИМЗОДА