Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно менамоем.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Барои мардуми шарифи кишвар, хоса сокинони ноҳияи земоманзари Варзоб ҷашн гирифтани санаҳои таърихию миллӣ ҳамчун падидаи дорои хислатҳои баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, шаҳрнишинию шаҳрсозӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ маҳсуб меёбад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҳошияи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонону варзишгарони кишвар бахусус варзишгарҷавонони ноҳияи Варзоб бо чунин дастгириҳо мушараф гардида, бо ҳавасмандиҳои зиёд номбардори миллат ва давлати азизамон Тоҷикистон гардида, ба шарафи онҳо, борҳо дар арсаи байналмилалӣ Парчами давлатӣ парафшон ва суруди миллӣ садо додааст.
Боиси сарфарозиву ифтихори миллати тоҷик аст, ки ҳар сол 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, истиқбол аз ин санаи фархунда барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузургро тақозо мекунад.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми шодбошияшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намудаанд, ки «Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад».
Бояд ёдовар шавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Созмони Миллали Мутаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо парафшонии худ дарак медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 — умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, он мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.
Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёнии давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.
Шоёни зикр аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши калон дорад.
Дар иртибот ба ин, бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот, дар роҳи пурпечутоби ҷаҳони муосир барои расидан ба дастовардҳои нав раҳнамо бошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро ҳар ҷо ки Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки «Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардиданд».
Парчами давлатии Тоҷикистон — чун рамзи давлатдории навини тоҷикон қабул гардидааст. Боиси ифихор аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ба сӯи ояндаи нек сарбаландона қадам мегузорад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи фархунда самимона табрик намуда, ба Шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатиро чун муҳаббат ба Ватанамон орзу менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшону ҷовидон монда, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Ватани азизу маҳбубамон бошад.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак бошад ҳамдиёрони азиз!