![](https://varzob.tj/wp-content/uploads/2024/11/photo_2024-11-15_23-53-56-1024x682.jpg)
Олами сиёсат ва шоҳроҳи бузурги давлатдорӣ кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки тавониста бошанд дар дида ва қалби ҳар шаҳрванди кишварашон ба некӣ сабт шуда бошад. Ҷаҳон роҳбарону сиёсатмадорони зиёде дидааст, лек ангуштшуморанд онҳое, ки дар асл пешво, роҳнамо ва машъали тобони халқу миллати хеш бошанд.
Чӣ гунае, ки аз таърихи давлату давлатдории башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи давлатдорӣ қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилонаю шоён ба халқу ватан, меҳру самимият ба давлату миллат, сайкунанда дар роҳи озодиву истиқлоли меҳан ва рафтору гуфтори накуяшон боис мегардад, ки мардум худ онҳоро сарвар, роҳбар, президент ва пешво интихоб намоянд.
Дар ин замина ёдрас менамоем, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар Рӯзи Президент пазируфта шуд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Таҷлили ин рӯз ҳадяи беҳтарин барои ҳамагон аст ва онро бояд ҳифзу гиромӣ дошт ва бо тантана ҷашн гирифт.
Дар ин асно, санаи 15-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ходими давлатӣ Ғайбулло Афзалов, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ходими давлатӣ Давлатов Матлубхон Султонович, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Президен ва 32 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳияи Варзоб бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Рӯзи Президен ва 32 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки меҳмонон аз намоиши китбҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ноҳия дидан намуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ- суд, прокуротура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотии хеш баромад намуда, иброз доштанд, ки миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ба ин муносибат ҳамаи Шумо меҳмонони арҷманду ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо тамоми сокинони ноҳияро ба ин рӯзи шодиофарин ва сурурбахш- Рӯзи Президен ва 32 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору сарфарозӣ самимона табрику таҳният намуда, аз корномаҳои беназири таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар гардиданд.
Ҳамчунин, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург доранд.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи тақдирсоз ба роҳбарии давлат интихоб намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Шахсияте, ки бо қабули масъулияти олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошт ва корҳое, ки таи солҳои сипаригардида анҷом доданд, боис шуданд, ки халқ ва неруҳои ақлонии мамлакат ба нақшаву барномаҳояшон бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳашон бошанд.
Бо ҳамин тартиб оид ба фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, суханронӣ намуданд:
-раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ходими давлатӣ Ғайбулло Афзалов суханронӣ намуда, ёдовар шуданд, ки дар он замоне, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, маҳз доир гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар як фарди миллати тоҷик фурӯзон карданд. Талоши шабонарӯзии ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳури ҷаҳон асту мардум аз доштани чунин Роҳбари фидокору барқароркунандаи сулҳу субот мефахранд.
-узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ходими давлатӣ Давлатов Матлубхон Султонович баромад намуда, таъкид карданд, ки тамоми дастовбрдҳои даврони истиқлолият бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат робитаи қавӣ дорад. Бидуни муболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон меъмор ва буёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳисобид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун сарвари кишварамон роҳи моро ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ интихоб карда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намудаанд.
-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло маъруза намуда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ танҳо ӯ тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатбору фоҷиабори кишвар сарҷамъ орад, ҷон ба гарав монда аз сарзамини ҳамсояи ҷангзадаи Афғонистон ба Ватан бо суханҳои самимиву лутфу меҳрубонӣ пиру барноро ба Ватан хонад. Фаромӯшии ин рӯзҳои сангини миллат фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Он шабу рӯз ба амнияту якпорчагии миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Танҳо ҷасорату ғайрати Эмомалӣ Раҳмон расид, ки ин ҳама бори масъулиятро бар душ бигирад ва манфиати ҳамватанон ва кишварро аз ҳама болотар гузорад.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА