
12 феврали соли 2025 дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар оғози мулоқот таманниётҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Қазоқистон расонид.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсии сарони ду давлат дар ҳама самтҳо мунтазам инкишоф меёбанд, баррасӣ шуданд.