
Ба расидани қадами баҳор олам ранги дигар мегирад, табиат тозарӯ ва бо лаҳни мурғон таронагӯ мешавад. Олами зери барф ба дунёи афсона иваз мегардад. Чӣ хуш ва гуворост нафаси тозаи баҳор. Дилҳои лабрези фараҳ, шодию сурур ва пур аз ишқу муҳаббатро дида, бе ҳеҷ муҳабо кас таслими баҳор мегардад ва ӯро бо худ мехонад.
Дар ин иди баҳори зебоӣ, яъне наврӯзи ҳуҷастапай, мардуми сарбаланди тоҷик бо густурдани хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, тозаву озода намудани хонаву кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва гулбуттаҳо машғул шуда, ҳамдигарро ба омадани ин иди накӯпай муборакбод менамоянд. Ҳамзамон, ҳамдигарро барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳ даъват намуда, баҳри бофайзу баракат омадани боз як соли дигар сари хони наврӯзӣ даст бар дуо мебаранд.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар гузаштаи начандон дур ҷашн гирифтани иди Наврӯз қариб, ки аз байн рафта, оинҳои он амалӣ карда намешуданд. Ҳамзамон, давлатҳое низ буданд, ки ин иди аз ниёгон меросмондаро фаромӯш карда, ҷашн намегирифтанд. Бо азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё шуда, акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳатто ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз бо эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз ҳаққи таърихии ин расми куҳан ва инсонпарварона барқарор гардидааст. Ҳамин тариқ, Наврӯзи тоҷикон дар саросари кишвари азизи мо, пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон ботамоми рангорангиҳояш эҳё гардида, бо таровати тоза, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва аз ҳама муҳим чун ҷашни худшиносии миллӣ вориди зиндагии мо гардид.
Дар ин раванд, санаи 21-уми марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Наврӯз ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Фозил Сайдалӣ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ- суд, прокуратура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, собиқ раисони ноҳия, собиқадорони меҳнат, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтори он, раисон ва кормандони Дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон, гирандагони степендияҳои президентӣ ва гирандагони степендияҳои раиси ноҳия, сокинони ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии идона намоиши молу маҳсулот ва дастовардҳои аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва воҳидҳои сохтори он, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, анъанаҳои неки наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони варзишгоҳи марказии ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри анъанаҳои неки наврӯзӣ ифода мекарданд овезон гардида буд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдрас намуданд, ки Наврӯзи пурсаодат, пурфайзу бобаракат, дилангезу мафтункунанда ва Наврӯзи хуҷаставу оламафрӯз бо накҳати дилрабову пайки зиндагисозаш меҳмони сайёраи Замин гардидааст. Қудуми баҳори эъҷозҳоро ба сокинони шарафманди ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро табрику муборакбод намуда, ба онҳо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Дар ин замина, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштаанд, ки ба Тоҷикистони азизамон боз насими баҳору қадами хуҷастапаи Наврӯзи Аҷам омад. Диёри зебоманзару кӯҳсори Варзоб симои худро чун арӯси сол боз ҳам зеботару дилкаштар мегардонад.
Илова бар ин, раиси ноҳия таъкид карданд, ки имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи хуҷаста бо шаҳомату шукӯҳи ориёӣ истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиямонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ мубаддал гардондаем.
Дар фарҷоми суханронӣ раиси ноҳия иброз андеша намуданд, ки бигзор ин ҷашни аҷдодӣ бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ арзонӣ дорад, сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расониданд.
Баъдан таъкид намуданд, ки мо бояд фаромӯш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Ин моро ба ин ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият расем.
Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар суханронӣ намуда, қайд карданд, ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд. Ин ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо – тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.
Инчунин, Шерализода Муҳамадулло Умар иброз доштанд, ки фaзилaти Нaврӯз ҳaмчун ҷaшни пaйвaнди инсон бо тaбиaт дaр вусъaти aмaлҳои созaндaгиву ободкорӣ ифодa меёбaд. Aз ин рӯ, мaрдуми мо чун aнъaнa бa пешвози Нaврӯз мaнзилу кошонa вa кӯчaву мaҳaли зисти худро тозaву обод мекунaнд, зеро фaйзу бaрaкaт дaр ҷоест, ки покизaгиву ободӣ бошaд.
Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бо шукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки бо ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА