ВАРЗОБ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб барои истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 158 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 59 иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар иншооти боқимонда идома доранд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Имрӯзҳо сохтмони бинои иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Калон, Намозгоҳ, Чомағзакон, Работ, Фанфароқ, Сементзавод ва мавзеи Дашти Ринҷонӣ идома дошта, дар соли нави таҳсил қисме аз онҳо ба истифода дода мешаванд. Биноҳои иловагие, ки ҳоло сохта мешаванд, дорои зиёда аз 1150 ҷойи нишаст дар як баст мебошанд. Ба ин восита мушкилии нарасидани ҷойи нишаст дар соҳаи маориф бартараф мегардад.
Дар ноҳияи Варзоб 25 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки аз инҳо 17 ёдгорӣ бостонӣ ва 8 ёдгорӣ меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйихати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ мавҷуд мебошад. Аз ин шумора 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» доимӣ фаъолият менамоянд ва онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит ва имконоти заруриро доранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 33 ҳазору 702 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2665 нафар сайёҳ зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»