Қобили қайд аст, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари ватанамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст. Маҳз, Парчам аст, ки бо садо додани суруди миллӣ номи давлати мо Тоҷикистони азиз дар маросимҳои гуногун барафрохта мешавад.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Дар ин асно, санаи 22-юми ноябри соли равон дар ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор менамуданд.
Ёдрас менамоем, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар гирду атрофи мақомоти иҷроия, шоҳроҳи протоколӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, боғи фарҳангӣ- фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳия ва ғайраҳо бо Парчами давлатӣ оро ёфта, шиору навиштаҷот доир ба манзалати парчам насб шудаанд.
Сараввал, бо ҳузури иштирокчиён маросими роҳпаймоӣ бо Парчами миллӣ бо дарозии 30 метр, парчамҳо ва шиору овезаҳо баргузор гардид, ки дар он тамоми ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, варзишгарон, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и ҚД ВКД ҶТ, волонтёрон ва гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия иштирок намуданд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ- суд, прокуротура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и ҚД ВКД ҶТ, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ кулли сокинони ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуданд.
Ҳамчунин, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки барои мардуми шарифи кишвар, хоса сокинони ноҳияи земоманзари Варзоб ҷашн гирифтани санаҳои таърихию миллӣ ҳамчун падидаи дорои хислатҳои баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, шаҳрнишинию шаҳрсозӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки боиси ифтихор аст, ки дар ҳошияи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонону варзишгарони кишвар бахусус варзишгарҷавонони ноҳияи Варзоб бо чунин дастгириҳо мушараф гардида, бо ҳавасмандиҳои зиёд номбардори миллат ва давлати азизамон Тоҷикистон гардида, ба шарафи онҳо, борҳо дар арсаи байналмилалӣ Парчами давлатӣ парафшон ва суруди миллӣ садо додааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон» бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА