Воқеъан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан
яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои ҷумҳурии мо осон ба даст наомадаат. Пас аз чанд муддати нобасомониҳо дар давраи аввали Истиқлолияти ҷумҳурӣ ниҳоят ба сари ҳокимият фарзанди шуҷоу баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон омад. Ин ҷавонмарди меҳанпараст тавонист, ки миллати парокандаро аз нав сарҷамъ ва ба сӯи ояндаи шукуфон равона созад.
Бо шарофати ҷоннисориҳои сарвари давлатамон мо Истиқлолияти худро ҳифз намудаву пойдор сохтем ва дар саросари ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта шудем. Кӯшишу талошҳои пайваставу хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои пурсамари таърихӣ ба бор овард.
Аз ҷумла даъвати халқи тоҷик ба сулҳу ваҳдат ва ташкили ҷумҳурии соҳибистиқлол, гироми доштани забони давлатӣ ва аз ҳама муҳим пос доштани муқаддасоти миллӣ мисоли гуфтаҳои боло шуда метавонад.
Яке аз аввали иқдомоти Ҳукумати тозатаъсиси тоҷикон пас аз Истиқлолият таҳия ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ буд. Ҳар як давлати соҳибитиқлол дорои муқаддасоти хеш мебошад. Муқаддасоти давлат пеш аз ҳама шаъну шараф, нуфузу обрӯ ва ифтихори халқу ватан аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дорои Конститутсия ва рамзҳои давлатии худ мебошад, ки онҳоро дар маҷмуъ муқаддасоти давлат мегӯянд. Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар руҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ ва меҳанпарастӣ тарбия менамояд. Бо вуҷуди ободонии кишвари азизамон ҳамасола рӯзҳои таърихии миллат қайд карда мешавад, ки ҳар як рӯзи таърихӣ таърихи худро дорад.
Парчамро аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мебурданд. Парчамдори барои аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Сомониён меърос мондааст. Аз замоне, ки Коваи оҳангар домони чарминашро байрақ карда, бар муқобили Заҳҳок далерона мубориза мебурд, оғоз ёфт. Парчами Кова яке аз рамзҳои парчамдории ориёинажодон эътироф шудааст. Дар замонҳои қадим Парчамро бо истилоҳҳои дирафш, ливо ва байрақ истифода мекарданд.
Парчами Тоҷикистон ин нишонаи аввалини мустақилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Тибқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 муқарар мекунад. Тибқи Қонуни мазкур эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумла азёд донистани Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Ҳамин тариқ Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои тахрихӣ, инчунин муайянкунандаи симои миллат дар тамоми олам мебошад. Зеро ҳар як давлатро дар зери сояи он мешиносанд. Яъне Парчами Тоҷикистон ному нанги тоҷикону тоҷикистониёнро дар арсаи байналмилалӣ муарифи менамояд.
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон дорои рангҳои сурх, сафед ва сабз мебошад, ки ин рангҳо ифодагари мубориза ва ҷоннисории халқ, барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, покизагӣ саю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзию хуррам гардидани Ватан мебошад. Қадршиноси аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта ба имрӯз ва ғамхори баҳри фардои миллат аст, ки яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Бо дидани Парчам ва шунидани Суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ ва ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванди бо нангу номус боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои олам аз тарафи шаҳрвандон садоқату эҳтироми хоса ба муқаддасоти давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ягона дарак медиҳад. Имрӯзҳо Парчам чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассисаҳо, мактабу таълимгоҳҳо ва майдонҳои варзишӣ парафшон аст. Ба ақидаи мо, ба ҷо овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад, зеро Парчам рамзи ҳастии миллат ва нишонаи соҳибдавлатӣ мебошад.
Хуршед НИЁЗОВ,
муовини директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф ноҳияи Варзоб