Ҳастӣ ва нерӯи ҳар миллат ин фарзандони бонангу номуси он мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Оре, таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу маданияти волост. Дар рушд ва нумӯи ин ҷода басо хизматҳову ҷоннисориҳои фарзандони ин сарзамин қобили тазаккур аст. Аз қабили Курушу Дорюш, Спитамену Шерак, Деваштичу Муқаннаъ, шоҳ Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва амсоли инҳо.
Халқи тоҷик дар таърихи чандинҳазорсолаи худ мусибатҳову низоъҳои шадидеро аз сар гузаронидааст. Маҳз якдиливу муттаҳидии ин мардуми шарафманд буд, ки ин миллат қарнҳои дароз пароканда нашуда, арзи ҳастӣ намуд. Давраи рушду ташаккулёбии миллат, зиндагии осоиштаю оромии мардум ба замони Сомониён рост омада, баъди таназзули ин давлат риштаи сарҷамъиву муттаҳидии халқи тоҷик канда шуд. Тоҷикон зери зулму истибдоди аҷнабиён қарор гирифтанд, аммо ин муваққатӣ буд.
Нафаре аз таърихи ин миллати куҳанбунёд огаҳ бошад, хусусан дар даврони ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш шахсиятеро дар паҳлӯи ин халқ эҳсос мекунад, ки ин миллатро аз вартаи ҷангу парокандагӣ эмин нигаҳ дошт ва ин ҳам бошад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Воқеан ҳам, таърих такрор мешавад. Агар устод Айнӣ дар аввали садаи XX бо нӯги қалам ин миллатро сарҷамъ намуда бошад, пас дар охири ҳамин аср Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсат ва иродаи қавию хирадмандона кори ӯро такрор намуд.
Замоне ки миллат дар оғӯши ҷанг ва ғарқаи хун буд, ин абармард ба мушкилиҳову таҳдидҳои ҷонӣ нигоҳ накарда, вазифаи пурмасъулият ва сангин, яъне раҳбарии давлату миллатро бар души худ гирифт. Аз лаҳзаҳои нахустин ва ба сари ҳокимият омадан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!».
Дар даврони ошӯбу кашмакашиҳо мардуми зиёди бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд, бархе аз онҳо аз гуруснагӣ азият мекашиданд ва баъзе дар муҳоҷират ба ҳамсоякишварҳо фирор намуданд. Тахминан як миллион нафар аҳолӣ ба кишвари дӯсту бародар Афғонистон паноҳ бурданд. Дар ин айём, роҳбари давлат зери тиру туфанги душман баромада, бо гуруҳҳои мухолифин дар чандин манотиқу кишварҳо гуфтушунид намуда, мардумро ба он даъват намуданд: «Ман ба шумо куҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурида нони хушк ҳам бошад биёед, онро якҷо дар Ватани азизи худ бихӯрем».
Сулҳе, ки халқи тоҷик деринтизор буд, билохира бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ҷонибҳо ба ҳам созиш намуда, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумиистиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо намуданд.
Ҳақиқатан ин марди шуҷоъ тавонист миллатро аз вартаи нестшавӣ нигаҳ дорад ва сулҳро дар мамолики ҷаҳон пойдор ва устувор намуда, мардуми гурезаро ба Ватан баргардонад ва миллатро сарҷамъу муттаҳид созад. Таърихи ҳазорсолаи миллатро аз нав барқарор намуда, барои аз нав сохтан ва бунёду тараққиёти он мусоидат намуд.
Барои ин ҷоннисориҳову хизматҳои арзанда ба халқу миллати тоҷик 11-уми декабри соли 1999 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Маҳз ин сиёсати созандаву пешгирифтаи Президенти кишвар буд, ки Ватани азизи мо боз ҳам ободу зебо гашт. Соҳаҳои гуногуни давлат иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, сиёсат, ҳуқуқ рушду инкишоф ёфт. Эмомалӣ Раҳмон муарифгари миллату давлати тоҷик дар арсаи байналмилал гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввал бо маҳбубият, инсондӯстиву шафқат нисбат ба халқу давлат, сиёсат, ирода ва идораи қавию устувори давлат, ҳамчун қаҳрамон ва пешво дар дилу дидаи мардум буд ва ҳаст. Аз ин рӯ мақомоти олии қонунгузори кишвар ин унвонро ба расмият даровард ва шинохт. 9-уми декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ якдилона қабул гардида, 18-уми декабр аз ҷониби аъзиёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Ва ин қонун бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, таҳкими демократия, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ муқаррар гардид.
14 ноябри соли 2016 аз ҷониби вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Коститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” қабул гардид. Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқарар мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ кафили рушди босубот ва устувории ҷомеъаи Тоҷикистон мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки қабули Қонуни Коститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқи Тоҷикистон мебошад.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи президент” таҷассум ёфтааст.
Бо ҳамин мақсад ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистилол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи миллат, бунёдсозандаи давлату давлатдории тоҷикон, барқароркунандаи сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамчун рамзи пойдориву сарҷамъии давлати тоҷикон, кафили сулҳу салоҳи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Мо ҷавонони даврони истиқлол дар ҷавоб ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон аз як гиребон сар бароварда ба халқу миллат ва давлати хеш содиқонуву софдилона хизмат менамоем.
Рузи Президент ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад!
Хуршед НИЁЗОВ,
ъмуовини директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф ноҳияи Варзоб