Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

РАВАНДИ ДУШАНБЕ: АЗ САТҲИ МИЛЛӢ ТО БАЙНАЛМИЛАЛӢ

VarMamur 11.11.2024

“Итминон дорем, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷамъонаи мо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард”.

Эмомалӣ Раҳмон       

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте ба вуҷуд омадаанд, ки на танҳо ба як кишвару миллат, балки ҷомеи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз чунин зуҳурот, ки дар ҳама гушаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин падидаи терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошад, ки хатари миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро ба бор овардааст. Боиси қайд аст, ки ин падидаҳо на танҳо таваҷҷуҳи кишварҳои миллӣ, балки таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД ва САҲА -ро низ ба худ ҷалб намудааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути «Раванди Душанбе оид ба масоили об», ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, ки солҳои 2018-2028”-ро дар бар мегирад, фазоро барои муколамаи сиёсӣ ва мубориза ба терроризму экстремизм ва ифротгароии хушунатомез фароҳам намуд.

Метавон гуфт, ки он идомаи мантиқӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи “Раванди Душанбе” мебошад, ки моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни конфронси якуми минтақавии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар ифтитоҳи ин конфронс беш аз 700 вакил, аз ҷумла аъзои чанд ҳукумат ва мақомоти баландпояи Осиёи Марказӣ ва аз манотиқи дигари дунё иштирок ва суханронӣ намудаанд. Бояд гуфт, ки конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардид.

Вобаста ба омилҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд гуфт, ки дар баробари таҳдидҳои анъанавӣ ба амнияти миллӣ, таҳдидҳои зиёде ба монанди терроризм ва экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб низ руи кор омадаанд, ки солҳои охир хатари бештар ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро ба бор овардааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои муқовимат намудан ба падидаҳои терроризм ва экстремизм пеш аз ҳама, зарурияти муайян намудани дараҷа ва табиати он пеш меояд. Аз ин ҷост, ки мо бояд дар мадди аввал, зуҳурот ва густариши терроризм ва экстремизмро ҳамчун падидаҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии кишварҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳем.

Бо дарназардошти он, ки террорист ва экстремист ба ягон миллату давлат, дину мазҳаб алоқамандӣ надорад, вале мушоҳида мегардад, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз бесаводиву нодонии хосатан ҷавонони кишварҳои мухталифи дунё барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ аз тамоми роҳу василаҳо, хусусан аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки борҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ иброз доштаанд, ки: “терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Вобаста ба “Раванди Душанбе” гуфтан ба маврид аст, ки Душанбе то имрӯз мизбони як қатор конфронсҳои сатҳи баланди миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста ба масъалаи “мубориза ба терроризм ва экстремизм” мебошад, аз ҷумла:

– санаи 04.05.2018 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Гуфтан ба маврид аст, ки дар кори конфронс масъалаҳои мубориза ба терроризм ва экстремизм ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷаи конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки тамоми ҷанбаҳои масъалаи мазкурро дар бар гирифтааст;

– 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» дар ҳамкории зич бо САҲА, СММ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Тоҷикистон «Ҳамкориҳоро бо созмонҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА, бо ҳадафи муқовимати самаранок ба ин таҳдидҳо идома хоҳад дод»;

– «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо».(18.10.2022) баргузор гардиданд, ки аз саҳми боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва экстремизм, таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилаӣ шаҳодат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Ҳадафи конфронси мазкур, ин мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баҳри беҳтар намудани ҳифзи сарҳад ва назорати гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳаракати террористон, аз ҷумла ҷангиёни террористии хориҷӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқи сабуки оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва яроқу масолеҳи тарканда, ядроӣ, кимиёвӣ, биологӣ ё радиологӣ буд.

Бояд тазаккур дод, ки инчунин санаи 10-уми октябри соли 2024 брифинги маҷозии намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои амнияти сарҳадӣ” баргузор гардид, ки брифинги мазкур заминаи баргузории марҳилаи Қувайтии “Раванди Душанбе» дар шаҳри Ал-Кувайт, санаи 4-5 ноябри 2024-ро фароҳам овард.

Ҳамин тавр санаи 3-юми ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” ба давлати Кувайт сафар анҷом доданд. Зимни суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси Марҳилаи Кувайтии “Раванди Душанбе” чунин иброз намуданд, ки: “Раванди Душанбе” ҷиҳати мубориза бо терроризм, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар ин ҷода барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор як заминаи муҳимми ҳамкориҳои глобалиро фароҳам овардааст”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм ва маблағгузории он” аз иқдоми бори аввал берун аз Тоҷикистон баргузор гардидани конфронси навбатӣ дар доираи ин раванд изҳори хушнудӣ намуда, марҳалаи кувайтии онро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ медонад.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ташаббускор дар масъалаҳои мубрами ҳамарофарогир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, раванди мазкур ҳамчун як платформаи байналмилалӣ заминаи муҳимро барои ҳамкорӣ, мусоидат ба муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷриба байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро фароҳам меорад.

Ҳадафи конфронс бо тавсеа ёфтани “Раванди Душанбе” ба таҳкими ҳамкории зиддитеррористӣ дар минтақаҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равона гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе талошҳои минтақавӣ ва байналмиллалии мубориза бо терроризмро тақвият бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки “Раванди Душанбе” ҷиҳати мубориза бо терроризм, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар ин самт барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, як заминаи муҳимми ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам оварда, Тоҷикистон дар оянда низ талошҳои худро дар ин самт тақвият бахшида, барои таъмини амният ва суботи ҳамаро фарогир ҳамкориҳои зичро бо шарикони худ тақвият мебахшад.

Бояд таъкид намуд, ки мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор, амнияти байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҳаёти осоишта дар тамоми олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» далели гуфтаҳои болост.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе” ва ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷамъона дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ терроризм ва экстремизм хислати фаромиллӣ касб намуда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, мубориза бар зидди ин зуҳуротҳо низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ба роҳ монда шавад. Дар ин раванд кишварҳои Осиёи Марказиро мебояд алайҳи ин падидаи номатлуб дар якҷоягӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муборизаро ба роҳ монанд. Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро на танҳо дар алоҳидагӣ, балки метавон тавассути фаъолгардонии хадамотҳоии махсус дар доираи созмонҳои минтақавӣ аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ ба роҳ монд.

Дар идомаи масъалаҳои баррасигардида метавон зикр намуд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар доираи сохторҳо ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғании худро аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон хоҳад бурд. Қобили тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро дар ду марҳила солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 қабул намуда, он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар доираи амалисозии стратегияи мазкур, миёни дигар дастовардҳо инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши низоми маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд ба комёбиҳо ноил шуда истодаем.

Метавон гуфт, ки конфронси марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе ба дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ба нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи бештар хоҳад бахшид. Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти хатару таҳдидҳо ба амнияти миллии кишварҳо метавон гуфт, ки имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм бузургтарин таҳдид ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад.

Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷиҳати мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла “марҳалаи Кувайтии Раванди Душанбе” барои пойдории сулҳу субот аҳамияти байналмилалиро касб намудааст.

Насриддин Воҳидов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар маводҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР
  • Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Хабарҳо

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.
  • Хабарҳо

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР 1

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб 2

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид. 3

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 4

ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

08.04.2025
Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр 5

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

08.04.2025
НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб. 6

НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб.

08.04.2025
21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб. 7

21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб.

08.04.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025