
Санаи 11 марти соли ҷорӣ дар Маркази таълимии КИМ ҲХДТ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Сарсабзии Ватан мароми мост» баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав, кормандони КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ноҳия Варзоб аъзоёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва волонтёрони ҳизбӣ ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкур дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри сабзгардонии кишвари азизамон роҳандозӣ гардида, дар ин радиф корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагиву хуррамгардонӣ, ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо маром идома дорад.