![](https://varzob.tj/wp-content/uploads/2025/01/photo_2025-01-02_09-06-27.jpg)
Ҳамдиёрони азиз!
Бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон меҳру самимият ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025, ки айни ҳол фаро расид, сидқан табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, комёбиву некрӯзӣ, рӯзгори хушу осуда ва иқболи боз ҳам баландтарро орзу менамоям.
Соли 2024 барои сокинони ноҳияи Варзоб ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ соли дастовардҳо ва комёбиҳои беназир буд. Дар ин сол зери сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарафманди тоҷик ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва эътибори худро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.
Зеро, дар ин соли муборак мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бошукуҳ ва муқаддаси миллиро бо дастовардҳои таърихию бесобиқа таҷлил намуданд.
Халқи шарафманди кишвар, хосса мо — ҷавонони саодаманди диёр ба хуби медонем ва арҷгузор ҳастем, ки ин ҳама музаффарияту муваффақият, аз ҳифзи Истиқлолияту озодӣ сар карда, то таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва зиндагии босаодати мо аз талошу заҳматҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат бармеоянд ва ин ҳама шаъну шарафу эътиборе, ки мо дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо кардем аз обрӯ ва манзалату мақоми шоистаи Роҳбари давлат дар сатҳи байналмилалист.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар Паёми шодбошияшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави мелодии 2024 қайд намуда буданд, ки «Мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем, бештар заҳмат кашем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба хотири иҷрои рисолати олии ватандорӣ, яъне обод кардани Ватан ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон сафарбар созем».
Маврид ба зикр аст, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми тамаддунофару бофарҳанги тоҷик имкон дод, ки кишвари маҳбуби мо маҷрои рушди иқтисоди миллиро ба куллӣ тағйир дода, ба давраи нави тарққиёт бирасад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин марҳила Тоҷикистон қадами ҷиддие ба пеш гузошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушти ҳамаҷонибаи механизмҳои амалкунандаи давлатӣ ва муҳайё намудани зиндагии арзандаи сокинони кишвари маҳбубамон, чораҳои заруриро мавриди роҳандозӣ қарор дода истодааст.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳия сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон, хизматрасонӣ дар бахши тандурустӣ, варзиш, соҳибкорӣ ва дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ назаррас мебошад.
Дар риштаи сиҳати омма бошад, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, ба табобат фаро гирифтани беморон дар ҳудуди ноҳия ба пуррагӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки дар марҳилаи истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии соҳибкорони ноҳия ва мардони саховатпеша то имрӯз иншооти зиёди таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд ва ин иқдоми нек то баргузории рӯзи ҷашн идома хоҳад ёфт.
Мо ба азму иродаи мардуми шарифи ноҳия эътимоди комил дорем ва хуб медонем, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Аз ҳамин лиҳоз, такроран ёдрас менамоям, ки метавон гуфт, ки соли 2024 барои сокинони ноҳияи мо соли бобарору комёбиҳо ва соли расидан ба дастовардҳои назаррас буд.
Маҳз бо дастгирӣ ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соли сипаригашта ҷавонону варзишгарони кишвар дар баробари дигар қишри фаъоли ҷомеа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими
ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содиқона талош намуданд ва ин анъанаро минбаъд низ бо масъулияти том идома хоҳанд дод.
Бори дигар, сокинони ноҳияро ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама тандурустиву иқболи нек, ба хонадонатон файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям. Умеди онро дорем, ки соли нав барои ҳар хонадони тоҷик соли бахту иқболи нек хоҳад буд.
Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!