
Модарону хоҳарони арҷманд!
Ҳамдиёрони азиз.
Ба ифтихори фарорасии рӯзи фараҳбахш, яъне Рӯзи модар, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои сол, баҳори нозанин бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, тамоми занони ноҳияро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.
Боиси ифтихору хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳаббати беандозаашон нисбат ба зан – модар ҳамасола дар саросари кишвар 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба мақому манзалати зан – модар аст, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд».
Имрӯзҳо бонувони ноҳияи Варзоб низ дар баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат садоқатмандона фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтиссос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии ноҳия торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Аз ҷумла 23 фоиз хизматчиёни давлатӣ, дар соҳаҳои илму маорифи ноҳия 62 фоиз, дар соҳаи тандурустӣ 65 фоиз ва соҳаи фарҳанг 45 фоизро занон ташкил медиҳад.
Илова бар ин, хотиррасон менамоем, ки пеш аз интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамагӣ 23 нафар сарварзанон дар ҳудуди ноҳия фаъолият менамуданд. Имрӯз бошад 62 нафар фаъоли ноҳия дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳбар шуда, дар баробари мардон фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин саҳми занон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҳашарҳо ва кабудизоркунии ноҳия арзанда муаррифӣ мешавад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» қабул гардидааст.
Ташаккур бояд дод, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Бонувони иззатманд!
Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.
Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо саҳмгузориро ҷиҳати тарбияи насли шоистаи замон дар ҷодаи зиракиву ҳушёрӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ тақозо менамояд.
Зарур аст, ки модарони азиз бо насиҳат ва муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз шомилшавӣ ба гуруҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаёти худ медонад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бисёр ба маврид аст, ки суханони оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намоем: «Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои оянда боис гардидааст, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дошта азиз шуморанд».
Зикр кардан бо маврид аст, ки модари тоҷик аз азал фарзандони бузурги миллат, ба мисли давлатдору сипаҳсолор, сарбозони далеру шуҷоъ ва олимони донишмандро дар канори худ ба меҳрубонӣ ба воя расонида, барои фатҳу кушоишҳои нек раҳнамоӣ кардааст. Шаҳодати гуфтаҳои боло тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз аз он ифтихор менамоянд, ки модари оқили тоҷик чунин як сарварро барои бунёди давлат ва наҷоти миллат дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё оварда, ба воя расонд ва имрӯз таҷрибаву дониш, малакаи сарварии Пешвои муаззами миллати тоҷикро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Бале ҳама эъҷози парвозҳо, эҷоду бунёдҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон мебошанд.
Модарону хоҳарони арҷманд!
Ҳамдиёрони азиз.
Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои дунёи орзуҳояш сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро медамонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба муносибати Рӯзи модар иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
Зан симои барҷастаи ҳайёт ва нерӯи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накӯҳиҳост.
Илова бар ин, хотиррсон менамоям, ки имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорем. Истиқболи арзандаи ин санаи таърихан муҳим ба ҳар яки мову Шумо вобастагӣ дорад. Боварӣ дорам, ки бонувони ноҳия дар баробари мардон боз ҳам дар самти ободониву созандагӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва оила, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб саҳми босазои худро мегузоранд. Муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки забони модарии мо мебошад, модарон бояд кӯшиш намуда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханрониро бо ин забони шево омӯзонанд.
Итминони комил дорем, ки бо такя ба дастгириву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони иззатманди мо баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати оқилонаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош намуда, баҳри расидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ кӯшишҳои хешро сафарбар хоҳанд намуд.
Бори дигар тамоми модарону бонувони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфта, барояшон шодиву сурур, хонаи обод ва саломативу сарбаландӣ таманно мекунам.
Рӯзи модар муборак бошад,
модарон ва хоҳарони азиз!