
Ҳамаи Шумо родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ва иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ пирӯзӣ ва иродаи қавӣ орзу менамоям. Шумо ҷавонони азиз, ки имрӯз ба сафи Артиши миллии кишвари азизамон хизматро сарбаландона адо намуда истодаед, дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва суботи мамлакат садоқдти худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон бо хизмати шоиста собит месозед, ки ин амали неки Шумо боиси сарфарозии волидайн ва хешу ақрабои Шумо ба шумор меравад.
Раиси ноҳияи Варзоб,
Дамонзода Хусрав Назаралӣ