Маҳз бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, 14 майи соли 2016 бо пешниҳоди парлумони кишвар ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар асоси он ба моддаи 2-и Қонуни мазкур боз як рӯзи таърихӣ илова карда шуда 16-уми ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Таҷлили Рӯзи Президент дар қатори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсия ҷашни ифтихории мост. Он ҳамчун санаи фаромӯшношуданӣ дар саҳифаи китоби таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Имрӯз корвони истиқлол бори гаронбаҳои сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагиро бо қадамҳои устувор дар шоҳроҳи бузург пеш мебарад.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсия Русия Владимир Путин чунин ибрози андеша намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
Дар ин маврид раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ зикр намудаанд: «Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед. Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем».
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург доранд.
Қаҳрамони миллии Афғонистон, марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дӯст медошт. Аз ҷавонмардию ҷасорати ин абармард дар ҳайрат монда, ин дурахшонтарин чеҳари сиёсатро туҳфаи парвардигор барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон номида, боре таъкид карда буд, ки «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд».
Инчунин, Расул Ғамзатов чунин иброз намудааст, ки «Фақат ҷанг набошад шуд, онгоњ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд- Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 – солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тамоми сокинони ноҳияро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳр, файзу баракат, ба Пешвои муаззами миллат умри ҷовидона ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азизамон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоиро таманно менамоям.