
Муҳтарам аҳли қалам, собиқадорони матбуот!
Ҳамасола 11-уми март дар кишвари азизи мо Рӯзи матбуот ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Бо камоли эҳтиром дар ин лаҳзаҳои идона соҳибқаламон, рӯзноманигорон, шоирон ва кулли алоқамандони васоити ахбори оммаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ орзу менамоям.
Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Теъдоди рӯзномаву ҳафтанома, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам боло бурд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».
Хотиррасон менамоем, ки хизмати матбуот дар пиёда сохтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маданият, умуман кулли соҳаҳои марбут бо зиндагӣ ва рӯзгори мардум басо муҳим ва назаррас мебошад. Ин аст, ки бо дастгирии Президенти кишвар дар тақвими ҷашнҳои касбӣ дар қаламрави мамлакат Рӯзи матбуоти тоҷик махсус қайд гардидааст ва ҳамасола он бо тантана ва арҷгузорӣ ба аҳли қалам доир карда мешавад.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, дар инъикоси корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, меҳнату фидокориҳои мардумро дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт менамоянд.
Дар шароити пуртазоди имрӯза ва замони омӯзишу бархӯрди тамаддунҳо нақши матбуот беш аз пеш намудор мегардад. Имрӯзҳо саҳми рӯзноманигорони варзидаи матбуоти кишвар баҳри инъикоси воқеии вазъи сайёра ва дохили кишвар, пешомадҳои он, инчунин ба таври шоиста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Ватани маҳбубамон хизматҳои пурарзиш карда истодаанд.
Тазаккур бояд дод, ки аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Варзоб», сомона ва саҳифаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб паҳлӯ ба паҳлӯи мо истода, дар инъикоси ҳаёти ноҳия, дастовардҳо ва рӯйдодҳои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллӣ — забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад. Таърихи матбуоти тоҷик собит месозад, ки ин раванд дар ҳама давру замон аз ҷониби ашхоси маърифатпарвари ҷомеа тавлид ва амалӣ мегардид ва дар ҳар давру замон ба ҳифз ва пояндагии арзишҳои маънавӣ ва асолати миллӣ нигаронида шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки таърихи матбуоти тоҷик, ки аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои Шариф” оғоз меёбад, шоҳиди дигаргуниҳои азими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик буда ва айни замон дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, инъикоси масоили мубрами рӯз ва боло бурдани сатҳи маънавии ҷомеа нақши муайян дошт.
Муҳтарам аҳли қалам, собиқадорони матбуот!
Истиқлоли давлатӣ барои матбуоти тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Дар ин давра, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, барои ВАО ҳам давраи имкониятҳои нав ва ҳам давраи чолишҳои ҷиддӣ гардид. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти озоди матбуот фароҳам оварда шуданд. Қонунгузории миллӣ дар соҳаи ВАО такмил ёфта, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Ин раванд ба ташаккули фазои нисбатан озод ва гуногунандешии иттилоотӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.
Имрӯзҳо, дар Тоҷикистон даҳҳо расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият доранд, ки манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро инъикос намуда, дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Ин гуногунрангӣ ва фарогирии мавзуъҳо, аз масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ то фарҳангу варзиш, нишонаи рушди озодии матбуот дар кишвар аст.
Хулоса, матбуоти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоӣ ва дастгирии пайвастаи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи рушду таҳаввулотро тай намуда, ба яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи демократӣ табдил ёфтааст.
Бовар дорам, ки аҳли қалами кишвар бо дарки ин масъулияти бузург, минбаъд низ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди озодии сухан ва ташаккули фазои иттилоотии солим бармеоянд, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Воқеан, имрӯз ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, варзишиву иқтисодӣ ва маърифатии ҷомеаро бидуни фаъолияти Шумо, қаламкашон тасаввур кардан имкон надорад, зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми олам, аз ҷумла кишвари мо бо кӯшишу заҳматҳои Шумо ба ҷомеа пешниҳод мегардад.
Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст. Аз ин рӯ бори дигар алоқамандони матбуоти даврӣ, хонандагони восоити оммаро бо ин санаи муборак, Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ орзу мекунам.