Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Тамошо аз манзараҳои дилфиреби Варзоб

VarMamur 07.09.2024

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оби дарёи Сиёма, ки аз қуллаҳои баланди қаторкӯҳҳои Ҳисор, баландии 4208 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар Амрико доир шуда буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷараёни саёҳати меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар Тоҷикистон дар як вақт чор фасли сол мушоҳида мешавад

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳайати меҳмонону иштирокдорони Конронси сеюми оби Душанберо дар дараи хушманзараи Варзоб Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ва дигар масъулин гарму самимӣ истиқбол намуда, ба онҳо доир ба зарфият ва иқтидори захираҳои обӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, хусусан дараи Сиёма маълумот пешниҳод намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳои баланд бо нуқтаи баландтарин- қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ то 7 495 метр ташкил медиҳанд.

Дар як вақт дар Тоҷикистон чор фасли сол мушоҳида мегардад ва он дорои олами бойи набототу ҳайвоноти нодир мебошад, ки бархе аз он дар Китоби сурхи байналмилалӣ ва Китоби сурҳи Тоҷикистон сабт гардидааст.

Дарёи Сиёма табиати нотакрори тасхиркунанда дорад

Дарёи Сиёма аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, дарозиаш 21 километрро ташкил медиҳад ва дар ҳавзаи дарё ягон нуқтаи аҳолинишин вуҷуд надорад. 78,4 фоизи масоҳати ҳавзаи дарёи Сиёмаро кӯҳҳои санглох, хирманҳо, пиряхҳо ва майдонҳо, инчунин 18,8 фоизи майдони умумии ҳавзаро алафзори ғафс, марғзори субалпӣ ва кӯҳӣ, 2,8 фоизашро буттазор ва ҷангалзор ташкил медиҳанд.

Табиати дараи Сиёма хеле назаррабо ва дилфиреб буда, қалби ҳар бинандаро беихтиёр тасхир менамояд ва мавзеи нотакрори сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар ин мавзеъ барои сайёҳон хатсайёрҳои сайёҳӣ ташкил гардида, бисёре аз сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ барои тамошои зебоиҳои нотакрори ин табиати афсункор ба инҷо меоянд ва аз зебоиҳои нотакрори табиати он ҳаловат мебаранд.

Дарёи Сиёма ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил аст

Иттилоъ дода шуд, ки дарёи Сиёма дар масофаи 55 км дуртар аз Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб воқеъ буда, тибқи ташхисҳои бисёркарата оби он яке аз беҳтарин обҳои ҷаҳон арзёбӣ гардидааст.

Мувофиқи таҳқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва тозакунии организм хеле муфид мебошад. Оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи Замин тафовут дошта, дохил шудани ягон моеъ ба таркиби он ғайриимкон аст.


Тибқи иттилои олимон, оби Сиёма дар тамоми фасли сол тоза буда, аз барф ва пиряхҳо ташаккул меёбад ва хеле сард ва мусаффо мебошад, ки ҳатто сангҳои дар қаъри дарё қарордошта ба чашм аён мешаванд аз ин рӯ дарёи Сиёма ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон ворид гардидааст».

Сиёма — бренди Тоҷикистон

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидани солҳои 2018-2028, соли 2019 дар шаҳри Душанбе корхона оид ба истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» ба истифода дода шуд, ки дар он истеҳсоли оби Сиёма дар зарфҳои гуногунҳаҷми шишагин ва пластикӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ки ҳамчун бренди миллӣ эътироф гардидааст.

Об тавассути мошинҳои махсус аз дарёи Сиёма ба корхона интиқол дода мешавад. Ин тарҳ аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ судманд буда, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза иқдоми саривақтӣ мебошад.


Насими форами дарёи Сиёма ба меҳмонон роҳат бахшид

Меҳмонону иштирокдорони Раванди оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиребу нотакрори табиати зебои дараи Сиёма, хусусан дарёи кӯҳии Сиёма ва оби мусаффои он ба ваҷд омада, қад-қади соҳили рости он ба масофаи беш аз 1 км ҳаракат намуданд ва аз насими хушу форами оби мусаффои ин муъҷизаи табиат-дарёи Сиёма роҳат намуда, оби зулолу сарди Сиёмаро нӯшиданд ва дар зарфҳо бо худ гирифтанд.

Олими рус: Тоҷикистон воқеан сарзамини офтобрӯя буда, мардумаш некхислат аст

Зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» яке аз меҳмонони Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе — профессори Академияи илмҳои Федератсияи Русия хонум Элвира Дедова иброз дошт, ки «ман бори нахуст дар Тоҷикистонам ва ин сарзамин воқеъан биҳиштосо аст. Ман имрӯз зимни саёҳат ба ин гӯшаи муъҷизаосои Тоҷикистон — дараи Сиёма, хусусан ҳангоми ҳаракат дар канори рӯди шӯхобу кӯҳии Сиёма, ки обаш хеле ҳам софу зулол ва ниҳоят сард аст, аз бӯйи хушу муаттари гулу гиёҳҳои ин мавзеи кӯҳӣ ҳаловат бурдам».

«Ман олими соҳаи кишоварзӣ ҳастам, бо чашми сар дидам, ки дар ин мавзеъ гулу гиёҳҳо, дарахтон ва дигар растаниҳои гуногуни хушбӯй ва шифобахш, ки дар соҳаи тиб, хусусан дар омода намудани дорую дармони гуногун ва атриёт васеъ истифода мешаванд, хеле зиёд рӯидаанд ва дар ҳар сари қадам вомехӯранд, ки ин боигарии ин сарзамин ва ин миллат аст», — гуфт ӯ.

Элвира Дедова: «Ман мафтуни ин сарзамини кӯҳистон гардидам»

«Ман дар канори дарёи Сиёма каме нишастам, аз оби зулолаш нӯшидам ва кайфияти олӣ бардоштам ва ин ҳама зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон бе муҳобот маро шефтаи ин сарзамини кӯҳистонӣ ва мардуми некхислаташ гардонд. Тоҷикон воқеан ҳам меҳмоннавозанду муносибати хеле самимӣ доранд ва одамияташон ҳам хеле баланд аст, ки ман инро аз наздик дидам»,- афзуд профессори рус хонум Элвира Дедова.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки «мехоҳам боз дар оянда ба Тоҷикистон оям, бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин мардуми дорои тамаддуни бой, ки таърихашон беш аз 6 ҳазор сол арзёбӣ мегардад, шинос шавам, манзараҳои нотакрору дилфиреби дигар минтақаҳои Тоҷикистони биҳиштосоро тамошо намоям ва аз ҳама беш дар табиати зебои ин сарзамин истироҳат намоям, зеро инсон ҳангоми сайругашт дар табиат саломатиашро барқарор менамояд, хусусан нишастан дар канори ин дарёи кӯҳии пурталотум хотираи мушавваши инсонро ором менамояд. Табиат неруи нек дорад, зиштиро аз байн мебарад ва дар вуҷуди инсон ҳисси некбинӣ талқин менамояд, ки ман чунин неруи неку беолоишро дар дараи Сиёма дар канори дарё эҳсос намудам».


Тоҷикистон воқеан Швейтсарияи дуюм дар Осиё будааст

Инчунин ҳамсуҳбати дигари мо аз Того Сирам Эгого гуфт, ки «вақте ман барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд азми сафар ба Тоҷикистон доштам, ба яке аз дӯстонам гуфтам, ки ба сафари хориҷӣ меравам, суол намуд, ки ба куҷо? Дар посух гуфтам, ки ба Тоҷикистон, гуфт сафарат чандон ҷолиб нахоҳад буд. Аммо вақте, ки ман имрӯз дар оғӯши зебоиҳои табиати дилфиребу воқеан афсонавии дараи Сиёмаи Тоҷикистон, дар соҳили дарёи Сиёма, дар болои харсанги азими ин рӯд акс бардоштам ва тавассути шабакаи иҷтимоӣ ба дӯстам фиристодам ва гуфтам, ки бубин — ман ҳоло дар соҳили дарёе қарор дорам, ки обаш хеле мусаффост ва дар радифи даҳгонаи беҳтарин дарёҳои дунё қарор дорад ва обаш ончунон зулолу соф аст, ки ҳатто қаъри дарёро мебинӣ.

«Инчунин ба ӯ расмҳои дар баландии се ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар Маҷмааи варзишию саёҳии Сафеддара гирифтаро, ки дар оғӯши қуллаҳои сарбафалаккашидаи кӯҳҳои барфпӯш қарор дорад ва заррачаҳои барф ҳам меборад, фиристодам. Баъди дидани расмҳо дӯстам гуфт: дар Швейтсария қарор дорӣ? Гуфтам, на дар Тоҷикистон. Дӯстам афзуд, ки воқеан Тоҷикистон Швейтсарияи дуюм будааст, хуш ба ҳолат…», — тазаккур дод ӯ.

Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ

Ҳамзамон барои меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Маҷмаи варзишию сайёҳии «Сафеддара», неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», дараи Ромит мавзеи Арху, Қалъаи бостонии Ҳисор ва шаҳри Душабе, дар маҷмуъ дар ҳафт хатсайр сайру саёҳат ташкил карда шуд.

Сайру саёҳати меҳмонон ва иштирокдорони Раванди оби Душанбе ба гӯшаю канори мамлакат дар муаррифии иқтидори обию энергетикӣ, саноатӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва рушди пешрафти Тоҷикистон, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидааст, дар маҷмуъ ба баланд гардидани нуфузу эътибори давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир мегузорад.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Варзоб-Душанбе

Дигар маводҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР
  • Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Хабарҳо

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.
  • Хабарҳо

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР 1

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб 2

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид. 3

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 4

ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

08.04.2025
Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр 5

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

08.04.2025
НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб. 6

НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб.

08.04.2025
21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб. 7

21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб.

08.04.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025