
Дар доираи Рӯзи модар тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади болидарӯҳии модарон аксияи ҷумҳуриявӣ зери унвони «Туҳфаи сарбоз ба модар» ба роҳ монда шуд, ки дар доираи аксияи мазкур сарбози шуҷои Ватан, сокини ноҳияи Варзоб, Ҷамоати деҳоти Зидеҳ деҳаи Обихирф Шарифзода Абдулфайз ба таври ногаҳонӣ бо тӯҳфаҳои идона барои табрикоти модараш ба деҳот ташриф оварда, модари бузургворашро табрик намуд, ки зимни ташрифот масъулини макомоти иҷроия бо роҳбарии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Фаррухи Абдуқодир, раиси Ҷамоати деҳоти Зидеҳ Дилшодов Ислом ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд.
Дар ин замина хотиррасон менамоем, ки сарбоз Шарифзода Абдулфайз ва волидайнаш барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки ин мо ҳеҷ гоҳ ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро фаромӯш нахоҳем кард.
Дар идомаи сӯҳбат масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб модари сарбозро бо Рӯзи модарон табрику шодбош гуфта, баъдан таъкид карданд, ки модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рӯҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар сарбаландии модар бошад.
Инчунин, масъулин иброз доштанд, ки бузургии зан — модар пеш аз ҳама дар он таҷассум муёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасондаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Орифҷон ОЛИМЗОДА