
Санаи 20 – уми феврали соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Пирзода Муҳриддин Табар, муовини аввали сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, муовини роҳбари гуруҳи ҷавонони «Авангард» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадсаид вохӯрӣ бо аъзоёни фаъоли гуруҳи ҷавонони «Авангард» ва фаъолони касбу кори гуногуни ноҳия баргузор гардид.
Сараввал, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии давлат нисбати ҷавонон, фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои илмомӯзиву донишандӯзӣ, аз ҷумла аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва дар ин замина, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ низ пайваста дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои ҷавонон дар саросари кишвар ёдовар шуда, ҷавононро дастёру мададгори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори таъмини назму тартибот дар ҷомеа арзёбӣ кард.
Баъдан, зимни суханронӣ раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ изҳор дошт, ки дар замони имрӯзаи мубориза дар фазои бархӯрди манфиатҳову тамаддунҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бар зидди гуруҳои террористӣ фаъол бошему дониш, малака ва ҳастии худро баҳри рушду пешрафти кишварамон равона созем.
Дар идома сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Пирзода Муҳриддин Табар баромад намуда, андешаҳои хешро ба таври зерин баён намуданд. Дар доираи равобити судманд бо гуруҳи ҷавонони «Авангард», суҳбату вохӯриҳо дар байни ҷавонон вусъати тоза касб намудааст. Роҳандозӣ гардидани ин ибтикорот дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонони мамлакатро боз ҳам муттаҳид намуд.
Дар интиҳои ҷамъомад як қатор аъзоёни фаъоли гуруҳи ҷавонони «Авангард» дар ноҳияи Варзоб бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.