
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад.
Қайд бояд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст.
Дар ин замина, ёдрас менамоем, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бахусус деҳаҳои дурдаст аз ҷониби масъулин корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҷавонони синни даъватӣ ба роҳ монда, дар мавзуъҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд.
Илова бар ин, қайд менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб минбаъд низ нерӯи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.
Ба муносибати сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1–уми апрели соли равон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, собиқадорони Артиши миллӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502–и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», волидайни даъватшавандагон, варзишгарон, гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия иштирок намуданд.
Ҷамъомади идона бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ оғоз гардида, ёдоварӣ аз он карданд, ки боиси қаноатмандист, ҷавонони ноҳияи Варзоб пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро эҳсос менамоянд. Ҳаёти сарбози имрӯза аз ҳама гуна замонҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии кишвар танҳо ба хотири ҳимояи марзу бумамон ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд.
Баъдан Дамонзода Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, бо сарбаландӣ мебароянд.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид доштанд, ки имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ назар ба солҳои пешин хело беҳтар шуда, дар мадди назари махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозон бо сару либос, се вақт хӯроки гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Дар охири суханронии худ раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи Шумо боиси ифтихори падару модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа гардад
Мутмаинем, ки хизмати шоистаатон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми муносиб ва туҳфаи арзандае ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар ҷараёни чорабинии идона собиқадорони Артиши миллӣ, волидайн ва даъватшавандагон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти олии кишвар барои бо шароитҳои хуби хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, навдаъватшавандагон зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоҳанд дод.
Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки бо ситоиши Ватан — Модар бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.
Дар баробари ин, аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуд.
Ёдовар шудан бо маврид аст, ки ба даъватшавандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ дастрас мегардад.
Дар ин замима, хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия барои даъватшавандагон ва волидайни онҳо дастурхони идона ороста гардид.
Орифҷон ОЛИМЗОДА