Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Лоиҳа
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз”___” _________соли 2016, №___ тасдиқ шудааст
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
МУНДАРИҶА
РӮЙХАТИ ИХТИСОРОТ……………………………………………………………..3
МУҚАДДИМА……………………………………………………………………………..5
I.ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2030……………………………………………….8
1.1 ПЕШБИНӢ, РИСОЛАТ, ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲО………………… 8
1.2. МУТТАСИЛИИ РУШД: ДАСТОВАРДҲОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД -2015 (СМР-2015) ВА САБАҚҲОИ АНДӮХТА…………………………………………. 12
1.3. СЕНАРИЯҲОИ РУШД………………………………………………… 17
1.4. МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗИИ СМР …………………………………… 21
1.5. Сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи Стратегия
- ТАҲДИДҲО ВА ИМКОНИЯТҲО БАРОИ РУШД……………………25
2.1. ТАҲДИДҲО…………………………………………………………………….. 26
2.2. ИМКОНИЯТҲО………………………………………………………………………. 29 2.3. РАВЗАНАИ ИМКОНИЯТҲОИ ДЕМОГРАФӢ ……………………….. 30
III. ТАҲКИМИ НЕРӮИ ИНСИТУТСИОНАЛИИ КИШВАР ВА МИНТАҚАҲО………………………………………………………………………………..31 3.1. НИЗОМИ САМАРАБАХШИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ …… 31 3.2. РУШДИ МИНТАҚАҲО…………………………………………………… 40
- РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ………………………………………….43
4.1. МАОРИФ ВА ИЛМ ………………………………………………………. 45
4.2. СОЛИМӢ ВА ДАРОЗУМРӢ…………………………………………. 51
4.3. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ………………………………………………………… 55
4.4. ФАРҲАНГ ……………………………………………………… 58
4.5. МУҲИТИ ЗИСТ…………………………………………………………. 60
4.6. КОҲИШ ДОДАНИ САТҲИ НОБАРОБАРИИ ИҶТИМОӢ……….. 63
- СИФАТИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА САМАРАНОКИИ БАХШИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДИЁТ……………………………………………………… 5.1. БАХШИ ВОҚЕӢ ……………………………………………………………………… 67
5.2. ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ…………………………………………………………. 74 5.3. БАХШИ МОЛИЯВӢ ……………………………………………………. 79
5.4. ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ ………………………………………………… 84
- МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СМР-2030 ……………………….88 ЗАМИМАҲО……………………………………………………………………………….96 ИНДИКАТОРҲОИ МАҚСАДНОКИ АСОСИИ СМР-2030…………… 97 ИНДИКАТОРҲОИ ИҶТИМОИИ СМР-2030 ………………………………… 98 ИНДИКАТОРҲОИ БАЙНИСОҲАВӢ ВА МУҚОИСАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ……… 99
3 Рӯйхати ихтисорот
ААА — Андоз аз арзиши иловашуда АИО — Ассотсиатсияи истифодабарандагони об АСЭ — Арзёбии стратегии экологӣ АҶОС — Аввалин ҷойгиркунии оммавии саҳмияҳо IPO — Initial Public Offering БВИ — Бахши воқеии иқтисодиёт БҒС — Бемориҳои ғайрисироятӣ БМТ — Бонки миллии Тоҷикистон БРМ — Барномаи рушди миёнамуҳлат ВАО — Васоити ахбори омма ВМҲ — Воситаҳои молиявии ҳосилшуда ВНМО — Вируси норасоии масунияти одам ИНГ — Индекси нобаробарии гендерӣ ИРГ — Индекси рушди гендерӣ ИРИ — Индекси рушди инсонӣ КАС — Комплекси агросаноатӣ КИТТЛ — Корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ КСЭ — Комплекси сӯзишворию энергетикӣ МГБ — Маркази гармидиҳию барқдиҳӣ МваА- Мониторинг ва арзёбӣ ММД- Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ МНБ — Манбаъҳои нерӯи барқароршаванда МО — Макотиби олӣ МОИ — Минтақаҳои озоди иқтисодӣ НБО — Нерӯгоҳи барқии обӣ НБҲ -Нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ НХБО — Нерӯгоҳи хурди барқии обӣ НЭЭ — Низоми электроэнергетикӣ СБМ — Созмони Байналмилалии Меҳнат СБСНМТ — Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 СИМД — Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ СМР — Стратегияи миллии рушд СМР-2015 — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 СМР-2030 — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 СМХ — Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ СПКСК — Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ СРБМ — Стратегияи рушди бозори меҳнат СТАҶГ — Сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда СУС — Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ТБМ — Ташкилтҳои байналхалқии молиявӣ 4 ТИК — Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ТХҚ — Ташкилотҳои хурди қарзӣ ХБА — Хазинаи байналхалқии асъор ХИБ — Хати интиқоли барқ ХМК — Хоҷагии манзилию коммуналӣ ХННА — Хатҳои нурию нахии алоқа ҲРУ — Ҳадафҳои рушди устувор ҲРҲ — Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ҶСК — Ҷамъияти саҳомии кушода ҶТ — Ҷумҳурии Тоҷикистон ШБ — Шабакаҳои барқӣ ШБГ — Шабакаи барқии гармидиҳӣ ШДБХ — Шарикии давлат ва бахши хусусӣ ШСХК — Ширкати саҳомии холдингии кушода 5
МУҚАДДИМА
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд — СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйиротҳои солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон, ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. СМР-2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.
Диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо шомиланд: (1) маориф; (2) тандурустӣ; (3) шуғл; (4) нобаробарӣ; (5) мубориза бар зидди коррупсия; (6) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; (7) идоракунии самаранок; (8) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (9) пешгирии низои эҳтимолӣ; (10) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ. Барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим доранд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайянсозии вазифаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад. Бинобар ин, дар СМР-2030 масъалаҳои тақвияти рушди институтсионалӣ дар самти таъмини самаранок, шаффоф ва назорати идоракунӣ ва молиявии зиддикоррупсионӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ, дар маҷмӯъ бунёди модели идоракунии технократӣ ва меритократӣ (шоистасолорӣ) дар кишвар дар мадди аввал гузошта шудаанд. Барои тақвият додани нақши ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва 6 масъулияти иҷтимоии бизнес дар раванди назорат ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ тадбирҳо оид ба коҳиш додани фишори маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, кам кардани ҷузъи коррупсионӣ, аз ҷумла дар асоси рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар шароити ба қадри кофӣ рушднаёфтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар рушди ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулиятнокӣ ҷиҳати таъмини рушди индустриалӣ ва инноватсионии иқтисодиёти миллӣ барои диверсификатсияи васеъ ва рақобатнокии он нақши муҳимро хоҳад бозид. Рушди ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулиятнокӣ, инчунин тақвият додани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорати ҷамъиятии фаъолияти давлат ва бизнесро дар назар мегирад. Умуман, СМР-2030 ҳамчун нақшаи амалии директивӣ барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва нақшаи амалии индикативӣ барои бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунад ва дар он барномаҳои кӯмаки техникӣ ва молиявии кишвар асос меёбанд. Таъмини рушди устувори кишвар интихоби принсипҳои илман асоснокшудаи заминавии тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ва ҷомеаро дар назар дорад. Равиши муназзами таҳияи СМР-2030 ба се принсипи асосии рушди минбаъда асос ёфтааст: (1) превентивӣ (тадбирнокӣ), яъне пешгирии (коҳишдиҳии) осебпазирии рушди оянда; (2) индустриалӣ, яъне баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ; (3) инноватсионӣ, яъне рушд дар асоси навовариҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар. Тағйирёбии босуръати симои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва технологии ҷаҳони муосир дар назди кишварамон масъалаи таъмини рушди иқтисодии пешгирикунанда ва устувор ва таъмини амнияти миллиро мегузорад. Дар оянда мақсадҳои сиёсати беруна бояд ба фароҳам овардани шароити берунаи мусоидаткунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, манфиатҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандон берун аз кишвар, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда шаванд. Ҳамзамон, сиёсати дохилӣ бояд ба коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷӯ ва таҳияи механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ равона карда шавад. Иқтидори иқтисодии кишвар бояд ҳамчун заминаи моддии амнияти миллӣ арзёбӣ гардад. Дар ин робита истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ ва табиӣ, аз ҷумла таҳкимбахшии иқтидори институтсионалии рушд дар самти баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, рушди индустриалии ояндаро муайян месозад ва гузаришро аз иқтисоди аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин мекунад. 7 Масъалаҳои таъмини идоракунии демократӣ дар мамлакат, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва вусъатдиҳии имкониятҳои инсон аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дошт. Тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасӣ ба ғизои хушсифат, беҳсозии обтаъминкунӣ, ҳолати санитарӣ ва таркиби ғизохӯрӣ, коҳишдиҳии сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар тамоми шаклҳои он, аз ҷумла масоили устувории экологӣ ҳамчун самтҳои муҳим дар фаъолияти ниҳодҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баррасӣ хоҳанд ёфт. Дар давраи дарозмуҳлат таъмини рушди устувори кишвар бе истифодаи навовариҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ғайриимкон мебошад. Самтҳои стратегии рушд бояд афзоиши фаъолнокии сармоягузорӣ ва иқтисодиро дар минтақаи осиёгӣ, нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он ва умуман фаъолсозии ҳамкориҳоро дар доираи минтақаи кишварҳои Ҷануб-Ҷануб ба инобат гиранд. Дар даҳсолаи наздик силсилаи нави технологӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хоҷагии ҷаҳонӣ оғоз меёбад, ки он суръати афзоиши иқтисодии ҷаҳониро то нимаи асри XXI тадриҷан суст мегардонад. Мо бояд барои дарки дурусти ин раванд омода бошем ва аллакай ҳозир самтҳои модели афзоиши ояндаро нишон дода, хусусиятҳои сифатии онро муайян карда тавонем. Омили такондиҳандаи чунин модели афзоиш захираи инсонӣ бо ҷузъҳои асосии таркибии он – маориф ва илм, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани сатҳи амнияти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин самт бояд тадбирҳои пешгирикунандаро андешид ва гузариш ба низоми таҳсилоти умумии 12-сола ва ҷорисозии васеи стандартҳои байналмилалии таълимиро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ таъмин намуд. Нақши давлат дар муайянкунӣ ва дастгирии самтҳои афзалиятноки илму техника бояд тақвият дода шавад. Сармояи табиӣ низ асоси рушди индустриалӣ ва инноватсионии кишварро ташкил медиҳад. Иқтидори азими гидроэнергетикӣ, оби тоза, замин ва иқлими мусоид, олами наботот, захираҳои назарраси меҳнатӣ, захираҳои бойи минералӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок барои инкишофи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, бунёди бахшҳои муосири саноати истихроҷ ва коркард, металлургияи сиёҳ ва ранга, комплекси агросаноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳоро фароҳам меоваранд. Мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд, шароити муҳим барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар ММД-и кишвар маҳсуб меёбад. Рушди минбаъдаи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавии нақлиётию коммуникатсионӣ ба Тоҷикистон имконияти табдилёбӣ ба кишвари пешсафи минтақа дар истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, вусъатдиҳии имкониятҳои транзитии кишвар фароҳам меоварад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки саҳми арзандаи кишвар дар рушди устувори кишварҳои тараққиёбандаи Ҷануб ва Ҷанубу Шарқии минтақаи Осиё, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар фаъолсозии ҳамкорӣ дар доираи минтақаи кишварҳои ҶанубҶануб гузошта шавад.
8 I. ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2030
1.1. Дурнамо, рисолат, ҳадаф ва вазифаҳо Тоҷикистон дар соли 2030 кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд. Ояндаи кишвари мо бетағйир боқӣ мемонад — нигоҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некӯаҳволии мардум. Рисолат ё моҳияти пешрафт – ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфон, аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Дар давоми 15 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақиятҳо равшану возеҳ буда, асосан ба туфайли иродаи қавии сиёсии роҳбарияти кишвар ба даст омадаанд. Аммо асри XXI бо шароити берунаи босуръат тағйирёбандаи рушд ба мардуми мо вазифаҳои нав ва то андозае фарогиранда пеш мегузорад, ки ҳалли онҳо барои муттаҳид намудани ҷомеа ва ҳифзи асолати миллат ва ноилшавӣ ба пешрафти васеъ хеле муҳим мебошад. Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба он ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян шудаанд: 1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; 2) аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; 3) таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; 4) вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. Тадбирҳои асосӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда: Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ: — диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсолкунандаи нерӯ, ки азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои калон ва хурд, рушди иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи нафту газ ва ангишт, азхудкунии конҳои нави сӯзишвории органикӣ, фароҳам овардани имконоти техникӣ барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи нерӯ (нерӯи офтоб, бод, биологӣ, геотермалӣ), модернизатсияи НБО ва НБҲ-и мавҷуда ва сохтмони ин гуна иншооти навро пешбинӣ мекунад; 9 — истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ ва татбиқи зарфияти содиротии энергетикаи барқӣ; — модернизатсия ва азнавҷиҳозонии техникии соҳаи нафту газ, азхудкунии конҳои нави нафту газ; — сарфакунии нерӯ дар миқёси васеъ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодиёти миллӣ; — рушди инфрасохтори дохилӣ ва берунаи энергетикӣ (шабакаҳои барқию зеристгоҳҳо); — бунёди низоми самарабахши идоракунии хавфҳо ва мониторинги амнияти энергетикӣ, аз ҷумла дастрасии бемаҳдуд ва баробари тамоми истифодабарандагон ба захираҳои энергетикӣ; — таъмини фаъол ва устувори молиявии бахши энергетика; — идоракунии ҳамбастаи захираҳои об. Дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан: (1)Дар бахши нақлиёт: — сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ; — бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ; — инкишофи таъминоти нақлиётии минтақаҳои саноатии рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории аҳамияти давлатӣ дошта; — рушди соҳаи нақлиёт, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст; — таъмини самаранокии кори нақлиёт ва инфрасохтори он, ки ба рушди иҷтимоию иқтисоди манотиқи кишвар мусоидат мекунанд; — нигоҳдорӣ ва инкишофи шабакаи фурудгоҳҳои маҳаллӣ, авиатсияи хурд ва миёна ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо бо нақлиёти ҳавоӣ; — таъмини дастрасии нақлиёти ҷамъиятӣ барои шахсони маъюб; — паст кардани таъсири манфии комплекси нақлиётӣ ба муҳити атроф ва саломатии инсон. (2)Дар бахши телекоммуникатсия: — ташаккули сиёсати дастрасии арзон ва боэътимод ба шабакаи интернет ва хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, ки метавонад дар раванди хизматрасонии ҷамъиятӣ ва идоракунии самарабахш нақши муҳимро бозад; — васеъ гардонидани минтақаи фарогирӣ бо хизматрасониҳои алоқа; — тақвият додани рақобатпазирии бозори ватании телекоммуникатсия ва густариши ояндаи он дар сатҳи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути азхудкунии иқтидори транзитӣ ва телекоммуникатсионии кишвар; — фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди хатҳои нурию нахии алоқаи (ХННА) байниминтақавӣ ва фаромарзӣ; — таъмини истифодаи инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ ва шабакаҳои барқӣ ҷиҳати тақвият бахшидани инфрасохтори фаромарзии телекоммуникатсионӣ; 10 — фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҷиҳати рушди шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии паркҳои технологӣ. Дар самти таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат: — пешбурди ислоҳоти аграрӣ ва бахши об; — таъмини дастрасии иқтисодӣ ва физикии озуқа дар асоси афзоиши устувори бахши агросаноатӣ; — диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани навовариҳо, бо дарназардошти таъсири ҳадди ақал ба муҳити зист ва сифати заминҳо, таҳияи чорабиниҳо оид ба иваз намудани моддаҳои кимиёвии хатарнок ба моддаҳои кимиёии алтернативӣ, дорои хатари камтар баланд бардоштани ҷолибияти соҳа, бахусус барои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби ташаккул ва таҳким додани занҷирҳои арзиши иловашуда; — баланд бардоштани дастрасӣ ба тухмиҳои баландсифат ва нуриҳо дар бозори ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути ҳавасмандгардонии истифодаи усул ва технологияҳои нави кишоварзӣ; — ташкили низоми самараноки идоракунии хавфҳо ва мониторинги амнияти озуқаворӣ ва ғизои мукаммал (дастгирии истеҳсолот ва воридоти маҳсулоти ҳаётан муҳими озуқаворӣ, ташкили низоми мониторинги ғизохурӣ, огоҳкунии бармаҳал, захираҳо); — пешбурди низоми самарабахши равиши бисёрсоҳагӣ ба беҳтар намудани ғизохурии мукаммал тавассути ҳамоҳангсозии сиёсат дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи арзишҳои ғизо ва сиёсати самараноки маблағгузории онҳо; — ташаккулдиҳии низоми идоракунии захираҳои замин ва об дар асоси тақсимоти одилона ва устувори он барои парвариши зироатҳои боарзиши кишоварзӣ; — фаъолияти устувори системаи нигоҳдорӣ, истифодаи инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашӣ ба сифати замина барои фаъолияти устувори кишоварзӣ обёришаванда ва таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ дар деҳот ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷойҳо; — барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ҷиҳати баланд бардоштани обтаъминкунии заминҳои обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои шӯр ва ботлоқзор; — мукамалии гардонидани механизмҳои иқтисодии пӯшонидани хароҷоти нигоҳдорӣ ва истифодабарии инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо дар зироаткории обёришаванда, такмили низоми субсидияи давлатӣ барои пардохти истифодаи нерӯи барқ бо мақсади обёрии заминҳои кишоварзӣ ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ, таъсири манфии сиёсати тарифии мавҷуда дар соҳаи обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо ба самаранокии фаъолиятисоҳа; — мукаммалгардонии бозори маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати дастрасии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба он; — ҳалли масъалаҳо оид ба гузаронидани шабакаҳои обёришаванда ва заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 11 (АИО) ва дастгирии давлатӣ барои рушди устувор ва фаъолияти ин ассотсиатсияҳо; — ҷорӣ намудани низоми самаранокии давлатии хавасмандгардонии азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ ва ба коркарди кишоварзӣ баргардондани заминҳои шӯр, ботлоқзор ва қаблан истифоданашуда. Дар самти вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул: — дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот, ҳамчун роҳҳои самарабахши афзун намудани теъдоди ҷойҳои корӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ; — ҳавасмандкунии рушди «шуғли сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ ва бозори хизматрасониҳои экологӣ; — таъмини аҳолии деҳот бо ҷойҳои кор тавассути азхудкунии заминҳои бекорхобида ва нав; — рушди шабакаи таълимӣ барои ба даст овардани малакаҳои касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ки талаботи занон, ҷавонон, гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла маъюбонро ба инобат мегирад; — ҳавасмандии ҳаматарафаи фаъолияти фермерӣ ва соҳибкории хурд дар бахши аграрӣ тавассути қонунгузорӣ, бахусус барои ҷавонон; — диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ, аз ҷумла бо назардошти омили гендерӣ ва таҳкими танзими давлатии раванди бозгашти муҳоҷирон; — рушди бахшҳои меҳнатталаби иқтисодиёт, ки маҳсулоти он ба содирот равона карда мешавад (комплекси агросаноатӣ, саноати бофандагӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок); — амалӣ намудани сиёсати давлатии шуғл, ки бо сиёсати соҳаи маориф ҳамоҳанг мебошад; — истифодаи васеи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дар раванди мубодилаи маълумот оид ба ташкили ҷойҳои корӣ дар байни ҷавонон ва мусоидат ба соҳибкорӣ. Дар марҳилаи нави рушд се вазифаи асосӣ дар назди кишвар меистад: якум, ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои сегменти миёна бо даромади миёнаи муқоисашаванда; дуюм, таъмин намудани рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ; сеюм, вусъатдиҳӣ ва таҳким бахшидани табақаи миёна. Барои иҷрои вазифаи якум анҷом додани тадбирҳои зерин зарур аст: — нигоҳ доштани суръати устувори рушди иқтисодӣ ҳамасола дар сатҳи 7- 8%; — 3 маротиба ва аз ин зиёдтар афзоиш додани ММД-и кишвар; — 2,5 маротиба афзоиш додани ҳиссаи ММД ба ҳар нафар аҳолӣ; — зиёда аз 2 маротиба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақри шадид; — ба таври назаррас баланд бардоштани хароҷоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Тадбирҳои асосӣ баҳри иҷрои вазифаи дуюм инҳоянд: 12 — таъмини суръати нисбатан баланди рушди саноат нисбат ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва зиёд намудани ҳиссаи он дар ММД-и кишвар; — баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳиссаи он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ғизои мукаммал; — таъмини афзоиши босуръати хизматрасониҳои дараҷаи нисбатан мураккаб; — баланд бардоштани сатҳи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ (паст кардани индекси тамаркузи содирот аз рӯи се маҳсулоти асосӣ аз 83 фоиз то 58 фоиз); — баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллӣ (ноилшавӣ ба раддабандӣ дар арзёбии рақобатпазирии ҷаҳонӣ дар сатҳи гузариш аз рақобати дар захираҳо асосёфта ба рақобати дар маҳсулнокӣ асосёфта). Барои иҷрои вазифаи сеюм бояд ҳиссаи табақаи миёна (мутобиқи методологияи байналмилалии арзёбӣ) дар соли 2030 то 50 фоиз афзоиш дода шавад. Тадбирҳои асосӣ дар доираи ин вазифа инҳо мебошанд: — мусоидат ба афзоиш додани даромади аҳолӣ, бахусус аҳолии деҳот, ҷавонон ва занҳо; — фароҳам овардани шароит барои ба даст овардани ҷойҳои кори сазовор ва пурмаҳсул, аз ҷумла бо кор таъмин намудани табақаҳои осебпазири аҳолӣ; — коҳишдиҳии сатҳи нобаробарӣ дар ҷомеа. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда шартҳои асосии рушди минбаъда инҳо мебошанд: (1) мавҷудияти ҳукумати касбӣ, ки қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти хоҷагӣ, таъмин намудани рушди устувори дарозмуҳлат ва фарогирро дорост; (2) ташаккулдиҳии минбаъдаи иқтисодиёти омехта, ки рушди он ба соҳибкории хусусӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ мусоидат мекунад; (3) ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди рушд. 1.2. Муттасилии рушд: дастовардҳои СМР-2015 ва сабақҳои андӯхта СМР-2030 ҳуҷҷати стратегии рушди миллӣ буда, дар он таҷрибаи тартибдиҳӣ ва хулосаҳои амалисозии стратегияи қаблии рушди миллӣ, яъне СМР-2015 ба инобат гирифта шудаанд. СМР-2030 идомаи мантиқӣ ва инкишофи самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ, ки дар СМР-2015 инъикос ёфта буданд, маҳсуб меёбад: (1) ислоҳоти идоракунии давлатӣ; (2) инкишофи бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ; (3) рушди нерӯи инсонӣ. Таҷрибаи амалисозии СМР-2015 нишон дод, ки он як равиши маҷмӯавӣ нисбати бунёдсозии низоми рушди миллӣ дар асоси сохтори дақиқи амудии ҳамаи ҳуҷҷатҳо, барномаҳо ва нақшаҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад. СМР роҳнамоии ислоҳотро дар тамоми сатҳи идоракунии давлатӣ, ҳам соҳавӣ ва ҳам ҳудудӣ таъмин мекунад. Хусусиятҳои СМР-2015 аз ҷиҳатҳои зерини мусбӣ иборатанд, ки онҳо дар пасманзари дигар ҳуҷҷатҳои барномавӣ фарқ мекунанд: (1) дурнамои дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки барномаи васеи ислоҳотро дар бар мегирад; (2) ҳамоҳангсозии пурра бо рӯзномаи байналмилалӣ ва индикаторҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола; 13 (3) баррасии ҷамъи масъалаҳо аз нуқтаи назари низоми ягонаи мукаммал бо истифода аз самтҳои байнисоҳавӣ, ки дар тамоми ҳуҷҷат ба назар мерасанд; (4) ташаккулдиҳии низоми махсуси мониторинги доимӣ тавассути мониторинги стратегияҳои миёнамуҳлати он; (5) муаррифии он ҳамчун воситаи муколама аз рӯи самтҳои стратегии рушд бо ҷомеаи соҳибкорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд. Ин хусусиятҳо ба он оварда расониданд, ки дурнамои дарозмуҳлати солҳои 2005-2007 тартибдодашуда тавонмандии худро собит намуд. Маълумоти макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ яқинан тасдиқ мекунанд, ки аз ҳафт индикатори макроиқтисодӣ ва иҷтимоии СМР-2015, аз рӯи чаҳортои аз ҳама муҳимтарин индикаторҳои мақсаднок пешравиҳои назаррас ба даст омаданд: — сатҳи камбизоатӣ қариб 2 маротиба коҳиш дода шуд (аз 53 фоиз соли 2007 то 31 фоиз соли 2015); — ба ҳисоби миёна афзоиши устувори иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз дар як сол таъмин гардид; — суботи макроиқтисодӣ ба даст омад, сатҳи таваррум то рақамҳои ягона паст карда шуд; — буҷети солонаи давлатӣ қариб 9 баробар афзоиш ёфта, қасри он дар сатҳи ним фоизи ММД нигоҳ дошта шуд; — даромад ба таври назаррас зиёд шуд, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди нерӯи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд. Дар давраи татбиқи СМР-2015 Тоҷикистон ба пешравии назаррас дар баъзе бахшҳои калидии дар стратегия муайяншуда ноил гашт. Комплекси сӯзишворию энергетикӣ (КСЭ). Барои таъмини барқтаъминкунии боэътимоди иқтисодии кишвар барномаи диверсификатсияи манбаъҳои тавлидкунанда дар асоси рушди гидроэнергетикаи хурд, сохтмони МГБ амалӣ мегардад, соҳаи истихроҷи ангишт низ рушд ёфтааст. Сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ, маркази барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин ислоҳот дар соҳаи энергетика имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас беҳтар гардад. Аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, хатҳои интиқоли барқи “Ҷануб — Шимол”, “Лолазор — Хатлон” ва “Хуҷанд — Айнӣ” анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика дар шакли созишномаи консессионӣ, бунёд сохтани манбаъҳои мустақили нерӯ ба даст омад. Лоиҳаҳои бунёди низоми ягонаи энергетикии кишвар дар асоси муттаҳидсозии низомҳои ҷануб ва шимоли кишвар амалӣ гардиданд. Тадбирҳо оид ба ҷонноккунии корҳои геологию иктишофӣ оид ба муайян намудани конҳои нави захираҳои энергетикӣ андешида шуданд. Эътирофи ҷамъиятӣ ва байналмилалии бехатар будани таъсири лоиҳаҳои энергетикӣ ба даст омад, самаранокии иқтисодӣ, бехатарии экологӣ ва имкониятҳои молиявии лоиҳаҳои энергетикӣ асоснок карда шуд. 14 Саноат. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007 ба 20,3 фоиз афзоиш ёфтааст, теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 29,1 фоиз зиёд шуд. Маҳсулнокии меҳнат дар соҳа ба 26,7 фоиз афзоиш ёфт, ки пеш аз ҳама аз ҳисоби ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техника ва технологияҳои муосир муҷаҳҳазшуда ба даст оварда шуд. Тамоюли диверсификатсияи соҳа ба назар мерасад. Дар ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ ташкил карда шуд, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ. Комплекси агросаноатӣ (КАС). Қариб 2/3 корхонаҳои истеҳсолии фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои агросаноатӣ тааллуқ доранд. Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзорҳо ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷҷагиҳои деҳқонӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар шуд. Суръати афзоиши миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми татбиқи СМР-2015 8,6 фоизро ташкил дод. Дар соли 2015 бахши аграрӣ ҳамчун пайванди комплекси агросаноатӣ 23,3 фоизи ҳиссаи ММД-и кишварро тавлид мекард. Солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад. Бахши нақлиёт. Дар бахши мазкур 38 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шудаанд, ки дар натиҷа 2000 км роҳи автомобилӣ, 240 пул, 132 км хатти роҳи оҳан, 31,5 км нақб ва долонҳои зиддитарма ба истифода супорида шуданд. Тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд. Долонҳои транзитӣ ва хатсайрҳои интермодалӣ бунёд шуданд, ки имрӯз алоқаи кишварҳои ИДМ бо Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои ин минтақаро таъмин мекунанд. Бахши телекоммуникатсионӣ. Дар кишвар 6 оператори асосии алоқа ва зиёда аз 20 интернет-провайдер фаъолият мебаранд, ки бо истифода аз стандарти GSM ва CDMA хизмат мерасонанд. Зиёда аз 93%-и нуқтаҳои аҳолинишини кишвар ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд. Мавҷудияти якчанд оператор дар бозор рақобатнокии назаррасро таъмин намуд ва барои босуръат ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар бозор мусоидат намуд. Динамикаи афзоиши муштариён аз пешрафт дар ин бахш шаҳодат медиҳад. Дар давраи аз соли 2010 то 2015 теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ аз 5,9 то 11,5 млн. расид. Бахши бонкию қарзӣ. Дар давраи татбиқи СМР-2015 ҳаҷми депозитҳои бонкии ҷалбшуда ва қарзҳои бонкӣ 1,8 маротиба ва дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ 2 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми дороиҳои ташкилотҳои хурди қарзӣ (ТХҚ) 5,3 маротиба ва қарзҳои додашуда 6 маротиба афзоиш ёфт. Дастрасии 15 хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид, ки ба он инкишофи шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии берун аз тавозуни бонкҳо ва ТХҚ дар саросари кишвар мусоидат намуд. Шумораи филиалҳои бонкҳо аз 237 адад (соли 2009) то 344 адад (соли 2014) расонида шуда, дигар воҳидҳои амалиётӣ қариб 2 маротиба зиёд гардид. Шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда дар солҳои 2007 – 36 872 адад, 2008 – 49 337 адад, 2009 – 61 210 адад ва 2014 – 1 107 079 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2007 зиёда аз 30 маротиба афзоиш ёфт. Рушди ширкатҳои лизингӣ ва суғуртавӣ ба назар мерасад, теъдоди ломбардҳо ва иттиҳодҳои қарзӣ зиёд шуданд. Бахши иҷтимоӣ. Соли 2015 сатҳи камбизоатӣ аз 53%-и соли 2007 то 31% ва сатҳи фақри шадид аз 20%-и соли 2012 то 16,8% коҳиш ёфт. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфт. Дар давраи афзоиши устувори иқтисодӣ индекси рушди инсонӣ (ИРИ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 1,07% дар як сол афзоиш меёфт. Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои ҷаҳон аз рӯи ИРИ бо нишондиҳандаи мутобиқ бо сатҳи миёнаи рушди инсон -0,624 дар байни 188 кишвар ҷойи 129-умро ишғол мекунад ва дорои зарфияти назарраси болоравӣ аз рӯи ҳамаи параметрҳои асосии ИРИ мебошад. Соли 2014 индекси нобаробарии гендерӣ (ИНГ) дар Тоҷикистон 0,357-ро ташкил дода, дар байни 155 кишвари ҷаҳон ҷойи 69-умро ишғол мекард. Тағйироти муҳим дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба амал омад. Сатҳи фавти навзод, кӯдак ва модар зиёда аз 2 маротиба коҳиш ёфт. Садҳо муассисаи таълимӣ, беморхонаҳо, иншооти фарҳангӣ ва варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Сабақи аз ҳама муҳими андӯхта дар татбиқи СМР-2015 он аст, ки дар раванди мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷати стратегӣ на танҳо мониторинги иҷроиши чорабиниҳо, балки натиҷаҳои амалисозии он бояд арзёбӣ шаванд. Аз ин рӯ, шарти асосии татбиқи бомуваффақияти СМР-2030 ташаккули низоми миллии арзёбии самаранокӣ ва пешбинии рушд ба ҳисоб меравад. Гарчанд аз рӯи самтҳои калидии афзалиятноки СМР-2015 пешравии назаррас ба даст омада бошад ҳам, бо вуҷуди ин масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарватҳои миллӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, суботи экологӣ, таҳкимбахшии диверсификатсияи фаъолияти иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба фаъолсозии минбаъда ниёз доранд. Татбиқи барномаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ такмилдиҳии минбаъдаро талаб мекунанд. Ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, тақвиятдиҳии сармояи инсонӣ ва суръат бахшидани рушди минтақавӣ равишҳои нави ҳалли масъалаҳоро пешбинӣ менамоянд. Ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди кишвар кори осон набуд. Раванди мазкур ҳамкории кишварро бо ҷомеаи байналмилалӣ тақвият бахшид ва пешрафти назаррасро аз рӯи нишондиҳандаҳои мақсадноки ҲРҲ таъмин намуд. Новобаста аз пешравиҳои ноилшуда аз рӯи ҲРҲ, як қатор мушкилиҳои муҳим боқӣ мемонанд. 16 Сифати хизматрасониҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар сатҳи нокифоя қарор дорад. Сатҳи фавти модар ва кӯдак, бемории сил бахусус дар минтақаҳо нисбатан баланд боқӣ мемонад. ВНМО/СТАҶГ ва бемориҳои ғайрисироятӣ (БҒС) масъалаи мубрам боқӣ мемонад ва афзоиши он боиси нигаронӣ аст. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои соҳаи маориф то ҳол бо чунин мушкилот ба монанди афзоиши сусти шумораи муассисаҳои томактабӣ, норасоии инфрасохтори мактабӣ, маҳорату малакаи муаллимон дучор мешавад. Таносуби давомот дар мактаб, бахусус дар фасли зимистон, беҳбудиро талаб мекунад. Теъдоди зиёди мактабҳои деҳот ва муассисаҳои тиббӣ ба шароитҳои хуби беҳдошт ё манбаъҳои об дастрасӣ надоранд. Яке аз омилҳое, ки ба ноилшавии ҲРУ таъсири манфӣ мерасонад, норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон ва бозори маҳдуди фурӯши он дар фасли тобистон мебошад. Фароҳам овардани имкониятҳо барои шуғли пурмаҳсул вазифаи асосӣ боқӣ мемонад, ки иҷрои он ба коҳишдиҳии минбаъдаи сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад. Беҳтар намудани вазъи истеъмоли ғизо дар байни аҳолӣ ҳамчун мушкилӣ боқӣ мемонад. Норасоии ғизо ҳанӯз дар байни 26%-и аҳолӣ ба назар мерасад, гипотрофия бошад дар байни 10%-и кӯдакони то синни 5- сола мушоҳида мешавад. Аксари занҳо ва кӯдакон низ аз норасоии микроэлементҳо азият мекашанд ва ин дар сатҳи баланди камхунӣ ва йод инъикос меёбад. Норасоии ғизо дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҷой дошта, аз рӯи ҳисобҳо аз сабаби аз даст додани қобилияти корӣ ва маҳсулнокӣ ҳамасола 41,0 млн. доллари ШМА–ро ташкил медиҳад. Мушкилоти дастрасии нобаробарии занон ва мардон ба захираҳои моддӣ (замин, молия ва ғайра) ва ғайримоддӣ (маориф, тандурустӣ ва ғайра) омилҳои боздоранда на танҳо барои инкишофи занон, балки барои рушди ҷомеа ва иқтисодиёт дар умум маҳсуб меёбанд. Шарти зарурии пешбурди баробарии гендерӣ ҳамоҳангсозии ҳадафу вазифаҳои стратегияҳо ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва гендерии қабулшуда мебошад. Масъалаҳои экологӣ ва осебпазирӣ, бахусус дар шароити коҳишдиҳӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим назаррас боқӣ мемонанд. Ин масъалаҳо дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор баъди соли 2015 аҳамияти бештарро касб намуданд. Ба ин ҳадафҳо истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини устувории маҳалҳои аҳолинишин, андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба мутобиқат ба тағйирёбии иқлим, муҳофизати экосистемаҳои рӯизаминӣ, таназзулёбии замин, пешгирӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт дохил мешаванд. Аҳолии деҳоти Тоҷикистон бештар аз таназзулёбии муҳити зист осебпазир мебошад. Дар робита бо рушди минтақавӣ дар сифати оби аз ҷониби аҳолии шаҳр ва деҳот барои ниёзҳои хоҷагӣ ва нӯшиданӣ истифодашаванда тафовути зиёд боқӣ мемонад, фарқият байни минтақаҳо дар сатҳи инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ низ ба назар мерасад. Дар баробари ин, фишори нисбатан баланди демографӣ дар деҳот аз ҷиддӣ будани мушкилии алоқаманд бо шуғл ва даромад дар деҳот шаҳодат медиҳад. 17 1.3. Сенарияҳои рушд Бо назардошти дараҷаи иҷрошавии се вазифаи асосӣ се сенарияи алоҳида баррасӣ мегардад: (1) инертсионӣ, (2) индустриалӣ ва (3) индустриалию инноватсионӣ. Дар раванди пешбинӣ гардидани сенарияҳои мазкур чунин фарзияҳо ба инобат гирифта шудаанд: 1) ҳадафҳои мақсаднок ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ; 2) тамоюлҳои демографӣ; 3) истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда; 4) имкониятҳои инвеститсионӣ; 5) самараи ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ. Индикатарҳои асосии мақсадноки стратегия то давраи соли 2030 дар заминаи Revised Minimum Standart Model – Extended (RMSM-X) ва инчунин, дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои вазорату идораҳои соҳавӣ ҳисоб карда шудаанд (саҳ. 95-99 Замимаҳо). Дар сенарияи инертсионӣ пешбинӣ мешавад, ки модели аграрию саноатии рушд боқӣ мемонад ва ҳалли мушкилиҳои муҳими инфрасохторӣ, дараҷаи баланди вобастагӣ аз таконҳои беруна ва воридоти маҳсулот тағйир намеёбад. Рушди иқтисодӣ дар доираи сенарияи мазкур аз ҳисоби сарчашмаҳои берунаи маблағгузорӣ, ҳамчунин интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ талаботи сармоягузорӣ ва истеъмолотро ҳавасманд менамояд. Дар ин ҳолат, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар сохтори ММД нисбат ба соҳаи саноат то охири давраи пешбинигардида афзалият дошта, дар марҳилаҳои панҷсола коҳишёбии ин тафовут ба назар мерасад: мутаносибан, солҳои 2016-2020 22-22.5% ва 12- 12.5%, солҳои 2021-2025 22-22.5% ва 15-15.5% ва солҳои 2026-2030 22,5-23% ва 19-19,5%. Дар сенарияи мазкур тадриҷан сатҳи соҳаи хизматрасонӣ (бе назардошти соҳаи сохтмон) дар ММД аз 39-39,5% (солҳои 2016-2020) то 35- 35,5% (солҳои 2021-2025) ва 30-30.5% (солҳои 2026-2030) кам мешавад. Дар ин ҳолат ҳиссаи соҳаи сохтмон аз 15-15,5% то 15,5-16% афзоиш меёбад. Хароҷоти соҳаи маориф ва илм дар сатҳи 5-5,5% баробар шуда, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бошад 7,5%-и ҳиссаи ММД-ро ташкил медиҳад. Суръати афзоиши миёнасолонаи ММД аз рӯи сенарияи мазкур дар тамоми давраи пешбинишаванда аз 6-7% то 4-5% коҳиш меёбад, ҳаҷми ММД дар тамоми давраи пешбинишаванда 2 маротиба афзуда, ҳаҷми он ба ҳар нафар аҳолӣ танҳо 2 маротиба зиёд мешавад. Аз рӯи чунин сенарияи рушд суръати афзоиши ММД дар панҷсолаҳо мутаносибан, 3-4% (солҳои 2016-2020), 4-5% (солҳои 2021-2025) ва 5-6% (солҳои 2026-2030)-ро ташкил хоҳад дод. Сенарияи индустриалии рушд татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои амалкунанда ё оғозшудаи энергетикию инфрасохтор, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, энергетикӣ ва дигарҳо, инчунин барқарор кардани иқтидорҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар саноат ва соҳаи кишоварзиро пешбинӣ мекунад. Сенарияи мазкур бомуваффақият гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, низоми идоракунии давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои рақобати одилона, бартараф намудани монеаҳои зиёдатӣ дар инкишофи бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, тақвиятдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳофизати ҳаматарафаи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти 18 касбиро пешбинӣ мекунад. Дар сенарияи мазкур таҳкурсӣ барои рушди модели саноатию аграрӣ бунёд мегардад. Ба сифати омили пешбарандаи рушди иқтисоди миллӣ афзоиши босуръати саноат дар асоси ба истифода додани иқтидорҳои нав ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ангишт, ташаккулдиҳии металлургияи сиёҳи ватанӣ ва рушди минбаъдаи металлургияи ранга, рушди саноати маводҳои сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрока, хизмат хоҳад намуд. Тибқи сенарияи мазкур ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 4,2 маротиба афзоиш меёбад, аз ҷумла саноати истиҳроҷи маъдан 5,7 маротиба, саноати коркард 4,3 маротиба ва истеҳсолу тақсими нерӯи барқ, газ ва об 2,9 маротиба. Рушди иқтисодӣ аз ҳисоби вусъатдиҳии омилҳои дохилии экстенсивии истеҳсолот таъмин гардида, талаботи истеъмолӣ ва сармоягузорӣ аз ҳисоби манбаъҳои дохиливу берунаи маблағгузорӣ, аз ҷумла маблағҳои пулии аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ интиқолдодашуда ҳавасманд карда мешавад. Ҳиссаи андозҳои холиси ғайримустақим дар сохтори ММД устувор гардида, дурнамо карда мешавад. Хароҷоти соҳаи маориф ва илм ба сатҳи 5,5-6,0% расида, соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бошад 8-9% ММД-ро ташкил хоҳанд дод. Дар чунин сатҳ ҳиссаи бахши аграрӣ дар сохтори ММД зиёда аз 1,1 маротиба коҳиш меёбад (дар давраи солҳои 2016-2020 сатҳи коҳишёбӣ аз 23,3 то 21%, солҳои 2021-2025 20,1% ва солҳои 2026-2030 то 19-19,5%), ҳиссаи саноат дар сохтори ММД то охири давраи пешбинишаванда 1,8 маротиба афзоиш меёбад (дар давраи солҳои 2016-2020 афзоиш аз 12,3 то 12,5-13,2%, солҳои 2021-2025 то 16% ва солҳои 2026-2030 то 20-20,5%). Ҳиссаи соҳаи сохтмон дар сохтори ММД аз рӯи панҷсолаҳои дар сенарияи мазкур пешбинигардида тадриҷан аз 16-16,5% (солҳои 2016-2020) то 17-17,6% (солҳои 2021-2025) афзоиш ёфта, ба 18,5-19,5% то соли 2030 мерасад. Сенарияи мазкур хусусияти пешгирикунандаи тараққиётро дар асоси рушди манбаъҳои дохилӣ, фаъолсозии иштироки Тоҷикистон дар равандҳои минтақавии ҳамгироии иқтисодӣ, камкунии вобастагии нисбии кишвар аз воридоти озуқаворӣ ва тамоюл ба воридоти технологияҳои муосир пешбинӣ мекунад. Суръати афзоиши миёнасолонаи ММД 6-7%-ро ташкил медиҳад, ҳаҷми ММД дар давраи пешбинишаванда 2,6 маротиба афзоиш меёбад ва ҳаҷми он ба ҳар нафар аҳолӣ 2 маротиба зиёд мешавад. Аз рӯи чунин сенарияи рушд суръати афзоиши ММД аз рӯи панҷсолаҳо мутаносибан 5-6% (солҳои 2016-2020), 6-7% (солҳои 2021-2025) ва 7-8% (солҳои 2026-2030)-ро ташкил медиҳад. Сенарияи индустриалию инноватсионӣ бунёди асосҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар дар заминаи гузаронидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони замонавиро пешбинӣ мекунад. Сенарияи мазкур имконият медиҳад, ки ҳангоми ташаккулдиҳии равишҳои иноватсионӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тақвият бахшидан ба заминаи институтсионалии рушд, такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, аз ҷумла моликияти зеҳнӣ, шароит барои афзоиши ҳам сармоягузориҳои хусусию дохилӣ ва ҳам мустақими хориҷӣ муҳайё месозад. Ин ба истифодаи оқилонаи имкониятҳои нави ҳамгироӣ ва рушди инфрасохтори транзитии кишвар, диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ва 19 афзоиши назарраси содироти молу хизматрасониҳо оварда мерасонад. Аз рӯи сенарияи мазкур манбаъҳои рушди иқтисодиёт ин истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, имкониятҳои инфрасохтори нави транзитӣ ва долонҳои иқтисодӣ, инкишофи рушди ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, густариши содироти хизматрасониҳо ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, инкишофи зироатҳои органикӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯ ҳамчун асоси “иқтисоди сабз”, вусъатдиҳии механизми ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об, аз ҷумла рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ шуда метавонанд. Рушди иқтисодӣ асосан аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ таъмин гардида, бо истифодаи самараноки сарчашмаҳои берунаи маблағгузории иқтисоди миллӣ пурра мегардад. Ҳиссаи андозҳои холиси ғайримустақим дар сохтори ММД устувор мегардад ва мувозинати буҷетиро таъмин мекунад. Хароҷот ба соҳаи маориф ва илм ба сатҳи 7% ва ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 10% ҳиссаи ММД-ро ташкил медиҳад. Дар чунин сатҳ ҳиссаи бахши аграрӣ дар сохтори ММД қариб 1,25 маротиба коҳиш меёбад (солҳои 2016-2020 коҳишёбӣ аз 23,3 то 19,5-20,5%, солҳои 2021-2025 то 18-18,5% ва солҳои 2026-2030 то 17-18%) ва ҳиссаи соҳаи саноат дар сохтори ММД бошад, то охири давраи пешбинишаванда қариб 1,8 маротиба (солҳои 2016-2020 афзоиш аз 12,3 то 13-13,5%, солҳои 2021-2025 то 16-16,5% ва солҳои 2026-2030 то 20-21%) афзоиш меёбад. Тибқи сенарияи мазкур ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 5,1 маротиба афзоиш меёбад, аз ҷумла саноати истиҳроҷи маъдан 6,4 маротиба, саноати коркард 5,5 маротиба ва истеҳсолу тақсими нерӯи барқ, газ ва об 2.2 маротиба. Ҳиссаи соҳаи сохтмон дар сохтори ММД аз рӯи панҷсолаҳо дар сенарияи мазкур тадриҷан аз 16-16,5% (солҳои 2016-2020) то 18-18,5% (солҳои 2021-2025) афзоиш ёфта, ба сатҳи 19,2-20,2% то соли 2030 мерасад. Аз рӯи варианти мазкур суръати афзоиши миёнаи солонаи ММД тақрибан 8-9%-ро ташкил медиҳад, ҳаҷми ММД дар тамоми давраи пешбинишаванда 3,5 маротиба ва ММД ба ҳар нафар аҳолӣ 2,7 маротиба зиёд мешавад. Аз рӯи чунин сенарияи рушд суръати афзоиши ММД аз рӯи панҷсолаҳо дар солҳои 2016-2020 7-8%, солҳои 2021-2025 8-9% ва солҳои 2026-2030 9-10%-ро ташкил хоҳад дод. 20 Сенарияҳои рушд барои давраи то соли 2030 Инертсионї Индустриалї Индустриалию инноватсионї Модели аграрию саноатї нигоҳ дошта мешавад Ҳалли ботадриљи мушкилоти инфрасохторї, вобастагии калон аз таконҳои беруна ва воридоти мол тағйир намеёбад Талабот дар асоси манбаъҳои берунаи маблағгузорї, аз љумла маблағҳои интиќоли пулии муҳољирон Татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои маалкунанда ва оғозшудаи энергетикї ва инфрасохторї Истифодаи оқилонаи захираҳои об, энергетикї ва дигар захираҳо, вусъатдиҳии иқтидорҳои мављудаи истеҳсолї дар саноат ва кишоварзї Бомуваффақият гузаронидани ислоҳот дар бахши воқеии иқтисодиёт ва низоми идоракунии давлатї Замина барои рушди иноватсионии иқтисоди кишвар фароҳам оварда мешавад, базаи институтсионалї пурзўр мегардад Ташаккули равишҳои иноватсионї ҳангоми њалли вазифањои иқтисодї ва иљтимої Истифодаи оқилонаи имкониятҳои нави ҳамгирої, диверсификатсияи иқтисоди миллї ва афзоиши назарраси содироти мол ва хизматрасонї Самти фаъолият Њавасмандгардонии рушд Тасвири умумї Хусусиятҳои вариант Харољот ба тандурустї ва ҳифзи иљтимої нисбат ба ММД Ҳиссаи бахши аграрї дар сохтори ММД Ҳиссаи саноат дар сохтори ММД Ҳиссаи сохтмон дар ММД Ҳиссаи андозҳои холиси ғайримустақим дар ММД Параметрҳо Харољот ба маориф ва илм нисбат ба ММД 5-5,5% 5,5-6% 7,5% 8-9% 10% 7% 22.5-23% 19-19,5% 17-18% 19-19.5% 20-20,5% 20-21% 15.5-16% 18,5-19,5 19,2-20,2% 12,5% 12,5% 12% Траекторияи рушд Суръати афзоиши ММД Афзоиши ММД дар 2016-2030 ММД ба ҳар нафар аҳолї (аз рўи ПЌЊ) 4—5% (ба ҳисоби миёна дар як сол) 6-7% (ба ҳисоби миёна дар як сол) 8-9% (ба ҳисоби миёна дар як сол) 2,0 маротиба 2,7 маротиба 3,5 маротиба 4000-5000 долл. 5500-6500 долл. 7000-7500 долл. 21 Дар Стратегия имконияти гузариши паиҳам аз як сенарияи рушд ба дигар сенария дар давоми амалисозии чораҳои банақшагирифташуда пешбинӣ мегардад. Тамоюли рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки барои татбиқи сенарияи дуввум ҳамчун варианти имконпазири бештар шароит пурра фароҳам оварда шудаанд. Дар ҳамин асно, бо мутамарказ ва ҳамоҳангсозии максималии талошҳо, фаъолсозии ниҳодҳо (институтҳо), баланд бардоштани самаранокии идоракунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, тақвиятдиҳии нақши бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегия, барои гузариш ба самти рушди индустриалию инноватсионӣ шароит муҳайё месозад. 1.4. Давраҳои амалисозии СМР СМР-2030 тавассути се давраи миёнамуҳлат амалӣ мегардад, ки дар ин марҳилаҳо ба самтҳои зерин афзалият дода мешавад: — баланд бардоштани самаранокӣ, гуногуншаклӣ ва рақобатпазирии бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла воситаҳои асосии корхонаву муассисаҳо, сарватхҳои табиӣ, ба монанди об, замин ва маъданҳои зеризаминӣ, инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дигарҳо; — рушди нерӯи инсонӣ; — тақвияти институтсионалии кишвар; — таъмини устувории вазъи макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва инкишофи мутавозини минтақаҳои кишвар. Маълумоти муфассал оид ба ҳар яке аз самтҳои мазкур дар қисмҳои дахлдори ҳуҷҷати СМР-2030 пешниҳод мегардад. 1. Давраи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016- 2020) СМР-2030 дар марҳилаи мазкур дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 татбиқ мегардад. Вазифаи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ки ба сармоягузориҳо ва рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда асос ёфтааст, заминаи марҳилаи мазкур хоҳад буд. Модели мазкур ба механизмҳои самараноки институтсионалӣ, ки ба тақвияти ислоҳот дар тайёр кардани мутахассисони муосири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор имкон медиҳад, такя мекунад. Ин модел боиси афзоиши босуръати соҳаи саноат, кишоварзӣ ва молиявӣ гардида, таъсиси ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ, баромадан ба бозорҳои нави содиротӣ ва кам кардани вобастагии кишвар аз интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷиронро таъмин мекунад. Модели нави рушд ба зиёдшавии назарраси ҳиссаи шуғли расмӣ ва бахши иқтисодиёти расмӣ оварда мерасонад ва густариши заминаи даромади буҷетро аз ҳисоби афзоиши босуръати ҷамъоварии андозҳои дохилӣ таъмин менамояд. Амалӣ намудани модели мазкур ба мувозинати бахшҳои асосии рушди устувор — иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ такя мекунад ва ба вусъатёбии имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии мардону занон мусоидат мекунад. Дар бахши такмилдиҳии сиёсати иқтисодӣ ва низоми институтсионалӣ диққати асосӣ ба самтҳои зерин бояд равона карда шавад: 22 — дигаргуниҳои институтсионалии мақомотҳо, ки дар сиёсати сохторӣ ва ташаккули талаботҳо барои татбиқи принсипҳои асосии дар боло зикргардида иштирок менамоянд, ҳамчун талаботҳои аввалиндараҷаи гузариш ба сиёсати нави сохторӣ ба ҳисоб мераванд; — ташаккули барномаи тақвият бахшидани хусусияти самтгирӣ ба содирот ва Барномаи воридотивазкунанда дар асоси бартариятҳои муқоисавии аввалия бо маҷмӯи интихоби воситаҳо ва критерияҳое, ки густариши иқтидори содиротии кишварро аз ҳисоби азхудкунии захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ муайян мекунад, ташаккул меёбад; — муҳайё сохтани фазои сармоягузорӣ барои соҳаҳое, ки дар болоравии суръати афзоиш нақши пешбарандаро дар коҳиш додани хароҷотҳои маъмурию амалиётӣ мебозанд; — бунёди инфрасохтори замонавӣ ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва механизмҳои мусоидат барои таъсиси истеҳсолоти нав; — густариши соҳаи аграрӣ ва рушди институтсионалии бахши оби кишвар; — ташаккулдиҳии талабот ба низоми тайёркунии кадрҳои касбӣ, аз ҷумла бо ҷалби корфармоёни потенсиалӣ. Бояд рушди соҳаҳои истихроҷи маъдан, энергетика, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, саноати масолеҳи сохтмонӣ, сайёҳӣ ва инчунин, молия ба роҳ монда шавад. Дар барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ ба маҳсулоте, ки аллакай дорои бартариятҳои қиёсии рақобатӣ мебошад, бояд диққати махсус дода шавад. Дар ин марҳила ба соҳаҳои потенсиалие, ки суръати афзоишро таъмин мекунад, бояд бештар аҳамият дода шавад. Дар баробари корхонаҳои мавҷудаи соҳаи саноат (қисми аз онҳо таъмиру таҷдид карда мешаванд) корхонаҳои нави саноати истихроҷ ва коркард ба кор андохта мешаванд (металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, саноати кимиёвӣ ва ғайра). Дар соҳаи саноат теъдоди ҷойҳои нави корӣ 1,5 маротиба афзоиш меёбад. Бо дарназардошти талаботи муосир ва имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ дар рушди энергетикаи миллӣ, дар марҳилаи мазкур татбиқи барномаҳои бунёди НБО-и хурд дар доираи диверсификатсияи манбаъҳои нерӯ ва шаклҳои моликияти онҳо бояд идома дода шавад ва беҳдошти молиявии низоми барқӣ дар асоси баланд бардоштани тартиби пардохтҳо, таҷдиди бахши энергетикӣ, сиёсати муносиби тарифӣ, татбиқи чораҳои сарфакунии нерӯ ва баланд бардоштани самаранокӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин мегардад. Масъалаҳои диверсификатсияи манбаъҳои тавлидкунандаи нерӯ дар асоси бунёди НБҲ ва рушди соҳаи истихроҷи ангишт, аз он ҷумла татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Марҳилаи мазкур алоқамандии фаъолиятро дар самти барқарор ва сохтмони роҳҳои нав ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии намудҳои мавҷудаи нақлиёт, ки вусъатдиҳии ҷалби захираҳои табиӣ ва азхудкунии заминҳои навро дар гардиши хоҷагидорӣ, рушди ҳамлу нақли транзитӣ, кам шудани хароҷоти нақлиётӣ ва беҳтаршавии бехатариро таъмин мекунанд. 23 Хусусияти хоси марҳилаи мазкури рушд ин ба роҳ мондани механизмҳои нави татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар самти модернизатсияи низоми идоракунии соҳаҳои ташаккулдиҳандаи сармояи инсонӣ, институтсионализатсияи низоми соҳибкории истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ хоҳад буд. Ҳифзи иҷтимоӣ ва рақобатпазирӣ вазифаҳои калидии рушд маҳсуб меёбанд. Дар ин давра корҳо оид ба гузаронидани тадқиқоти зарурӣ ва омода намудани чорабиниҳо ҷиҳати бунёди замина барои рушди босуръати минтақаҳои кишвар ташкил карда мешаванд. Ислоҳот дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ дар сатҳи минтақаҳо ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ идома дода мешаванд. Механизмҳои институтсионалӣ ва амалиётҳои асосӣ ҷиҳати ба шакли муайян даровардани онҳо дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” муфассал инъикос мегарданд. 2. Давраи рушди суръатнок, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос ёфтааст (солҳои 2021-2025) Дар ин марҳила татбиқи максималии иқтидорҳои институтсионалии модели нави рушд, ки дар ҷараёни иҷрои “Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” пешбинӣ шудааст, ба даст меояд. Якбора зиёдшавии ҳаҷми сармоягузорӣ дар бахши воқеӣ ва инфрасохтор ҳамчун заминаи асосӣ барои рушди иқтисодиёт мегардад. Афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо тавассути ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва маблағҳои пасандозҳои дохилӣ ба даст меояд. Ин дар ҳолати баланд шудани сатҳи рақобатпазирӣ ва ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёт, мустаҳкам гаштани суботи макроиқтисодӣ, инчунин рушди самаранок ва амиқи бахши молиявӣ ба вуқӯъ меояд. Афзалияти муҳим дар ин марҳила татбиқи стратегияи амнияти энергетикӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани фаъолият ва суръатнок будани рушди соҳаи энергетикӣ дар шароити талаботи афзоянда аз ҷониби аҳолӣ ва иқтисодиёт бояд ба ҳисоб равад. Бо мақсади бартараф намудани тафовути иҷтимоӣ, аз ҷумла гендерӣ, таҳкими дастгирии ниҳодҳо, ки ба масъалаҳои баробарии иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ фаъолият мебаранд, захираҳои мавҷуда дуруст роҳандозӣ шуда, сармоягузориҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд. Вазифаи асосӣ дар ин марҳила сафарбар намудани захираҳои молиявии субъектҳои иқтисоди миллӣ, бонкҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд бо мақсади бозсозии сохтории иқтисодиёт баромад мекунад. Такмилдиҳии сиёсати иқтисодӣ ва низоми институтсионалӣ ба иҷрои тадбирҳои зерин равона мегардад: — вусъатдиҳии дастрасии истеҳсоли маҳсулоти дорои бартариятҳои қиёсӣ; — барқарор ва сохтмони иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ; — тағйири самти талаботи дохилӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ; — фароҳам овардани заминаҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ барои барномаҳои инноватсионии миллӣ; 24 — тайёр кардани мутахассисоне, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд; — истифодаи афзалиятҳои низоми идоракунии ҳамгироии захираҳои обӣ; — рушди минбаъдаи бозори молиявӣ ва баланд бардоштани гардиши сармояи дохилӣ. Дар соҳаи гидроэнергетика ислоҳоте, ки таъмини шароитҳои кори механизмҳои бозор фазои рақобатнокро барои фаъолияти мавҷуда ба вуҷуд меоваранд ба анҷом мерасад. Ин давра барои пурра ба анҷом додани сохтмони ҶСК НБО “Роғун” ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар марҳилаи калидӣ мебошад. Бозори мутавозуни интиқоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил дода шуда, ҳамкории мутақобилан судманд дар ин самт фаъол гардонида мешавад. Дар шароити нигоҳ доштани нархҳои баланди нафт ва таҷдиди қувваи истеҳсолот, истихроҷи ангишт дар конҳои мавҷуда босуръат оғоз гардида, дар комплекси металлургию кӯҳӣ бошад, ба истифода додани конҳои ба гардиши саноатӣ даровардашуда шурӯъ мегардад. Дар марҳилаи мазкур кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳо барои коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пилла, ангур, мева ва дигар намудҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешаванд. Сатҳи рушди болоравии индустриалии ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди истеҳсолоти анъанавии саноати ватанӣ ба амал меояд. Дар соҳаи саноат шумораи ҷойҳои нави корӣ 2,2 маротиба афзоиш меёбад. Дар давраи мазкур масъалаи сегона ҳалли худро меёбад: сиёсати воридотивазкунанда дар қисмати молҳои истеъмолии умумӣ, диверсификатсияи содирот ва вусъатдиҳии имкониятҳои сармоягузории иқтисоди миллӣ. Ҳамзамон, сохтмон ва барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расида, Тоҷикистон аз бунбасти роҳи оҳан мебарояд ва роҳ ба самти баҳр кушода шуда, имкониятҳои фаъолияти низоми нақлиёти дар умум густариш меёбанд. Ислоҳот дар самти баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии соҳаҳои иҷтимоӣ дар такя ба натиҷаҳои назарраси бадастомада оид ба истифодаи равишҳои нави идоракунии рушди сармояи инсонӣ равона мегардад. Ҳалли асосӣ ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва ташаккулёбии табақаи миёна алоқаманд хоҳад буд. Дар манотиқи кишвар тадбирҳо оид ба рушди инфрасохтор, ба анҷом расонидани ташаккулёбии асосҳои институтсионалии урбанизатсия тавассути мусоидат ба ташкили кластерҳои гуногун ва долонҳои иқтисодӣ, инчунин ташаккулёбии низоми шаҳрҳои миёна ва хурд, шаҳракҳои калони ҳамчун “нуқтаҳои устувори рушд” амалӣ мегарданд. 3. Марҳилаи ба анҷом расонидани индустриализатсияи босуръат ва ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (солҳои 2026-2030) Дар марҳилаи мазкур барои гузариш аз стратегияи рушди саноатӣ дар асоси сармоягузориҳо ба рушди ба донишу навовариҳо асосёфта замина тайёр карда мешавад. Дар ин марҳилаи гузариш диверсификатсияи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, болоравӣ аз рӯи занҷири арзиши иловашуда дар саноат, навкуни соҳаи иҷтимоӣ, рушди босуръати бахши молиявӣ, сайёҳӣ ва соҳаҳои хизматрасониҳои соҳибкорӣ дар мадди аввал меистанд. Дар рушди иқтисодӣ саҳми сармояи инсонӣ, ниҳодҳои 25 самарабахш ва технологияҳои пешқадам зиёд мешавад. Афзоиши босуръати хароҷоти давлатӣ ва бахши хусусӣ барои таҳсилоти касбӣ, КИТТЛ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ таъмин мегардад. Истифодаи технологияҳои муосир, бахусус дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, телекоммуникатсия, биотехнологияҳо ва энергетикаи алтернативӣ вусъат дода мешавад. Инфрасохтори самарабахши нақлиётию логистикӣ бунёд карда шуда, сохтмони долонҳои байналмилалии транзитии нақлиётӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар маҷмӯъ тағйирёбии сохторӣ ва институтсионалие, ки ба зиёд шудани саҳми соҳаи саноат дар ташаккули ММД ва ба таври назаррас дар зиёд шудани ҳиссаи маблағгузориҳои хусусӣ дар ташаккули ММД аз 5 то 25% дида мешавад. Диққати асосӣ ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ дар шаҳр ва деҳот равона мегардад. Соли 2030 дар минтақаҳои Тоҷикистон шароити мусоид барои зиндагии аҳолӣ новобаста аз синну сол, ҷинс, миллат, маъюбӣ ва фазои солими экологӣ бо иқтисодиёти самарабахш ва инфрасохтори рушдёфта, аз ҷумла дорои сифати баланди сармояи инсонӣ ва сатҳи зиндагӣ муҳайё мегардад. Ислоҳот дар ин давра бо баланд бардоштани дараҷаи инноватсионии соҳаҳои ташаккулдиҳандаи сармояи инсонӣ алоқаманд мебошанд. Афзалиятҳо бо таъмин намудани стандартҳои баланди некӯаҳволии инсон ва суботи ҷамъият ва беҳбудии иҷтимоӣ алоқаманд хоҳад буд. Ҳамгироии давраҳои сикли инноватсионӣ ҳавасманд гардонида мешаванд: тадқиқотҳои фундаменталӣ ва амалӣ, истеҳсолоти таҷрибавӣ ва тиҷораткунонии навовариҳо. Низоми идоракунии ҳамгироии захираҳои об самаранокии худро нишон медиҳад. Ислоҳот дар бахши аграрӣ ва об ба анҷом расида, гузариш ба низоми барқарорсозии ҳосилхезии хок, пешгирии таназзулёбии он ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи технологияҳои баланди инноватсионӣ таъмин мегардад. КСЭ-и кишвар мақоми бахши ташкилдиҳандаи буҷетро ишғол мекунад, энергетикаи обии барқӣ бошад густариши имкониятҳои содиротӣ ва транзитии кишварро таъмин мекунад. Марҳилаи мазкур амалисозии чорабиниҳои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии дарозмуҳлати ба содирот нигаронидашуда аз ҳисоби афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрока, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Рушди соҳаи саноати ангишт ба усули истихроҷи кушода ва аз ҷиҳати экологӣ асоснок ва коркарди амиқи ашёи хом асос меёбад. Дар соҳаи саноат шумораи ҷойҳои нави корӣ 3 маротиба афзоиш меёбад. Иқтидорҳои иқтисодӣ ва табиӣ асоси амнияти миллиро ташкил хоҳанд дод. Мушаххаскунии афзалиятҳо, самтҳои асосии фаъолият ва ислоҳоти пешбинишуда барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ дар қисматҳои дахлдори СМР-2030 оварда шудааст. Муназзамӣ ва паиҳамӣ дар ноилшавӣ ба ҳадафҳои СМР-2030 тавассути амалисозии барномаҳои панҷсолаи рушди миёнамуҳлат (барномаҳои мақсаднок) барои солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030, ки марҳилаҳои рушди дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодиро инъикос мекунанд, таъмин мегардад. 1.5. Сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи Стратегия Татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегия аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои рушд таъмин мегардад. Яке аз сарчашмаҳои асосии молиявӣ ин маблағҳои 26 Буҷети давлатӣ мебошад, ки дар чорчӯбаи таҳияи буҷетҳои миёнамуҳлат барои давраи амализозии Стратегия мунтазам тадбирҳо дар доираи ҳадаф ва афзалиятҳои муайяншуда мушаххас карда мешаванд. Дар фарқият бо СМР-2015 нақши муҳимро вобаста ба маблағгузории Стратегияи мазкур сармоягузориҳои хусусӣ, чӣ дар шакли мустақими хориҷӣ ва чӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебозанд. Барои ин самтҳои фаъолият дар Стратегия муайяншуда беҳтар намудани муҳити фаъолияти сармоягузорони хориҷию дохилӣ, ки хамчун самара ба имкониятҳои иловагии буҷет таъсир мерасонад, дар назар дошта шудааст. Сарчашмаи муҳими рушди барномавии рушди кишвар дастгирии инвеститсионии шарикони рушд, сарчашмаи муҳими дигар маблағҳои ташкилотҳои гуногунҷабҳа ва мусоидати техникӣ аз ҷониби онҳо оид ба масъалаҳои таҳия ва амалӣ намудани ислоҳотҳо, ки дар Стратегия нишон дода шудаанд, ба ҳисоб меравад. Дар назар аст, ки шарикони рушд маблағгузориҳоро аз ҳисоби воситаҳои грантӣ, ки ба ҳадафҳои нави рушди устувор ҷавобгӯ мебошанд, зиёд менамоянд. Ҳамзамон дар назар аст, ки шарикони рушд маблағгузориҳоро аз ҳисоби воситаҳои грантӣ, ки ба ҳадафҳои нави рушди устувор ҷавобгӯ мебошанд, зиёд менамоянд. Ҳамзамон, барои татбиқи тамоми афзалиятҳо, хусусан дар самти рушди устувор, маблағгузорӣ аз ин сарчашмаҳо нокифоя мебошад, бинобар ин Ҳукумат ба дастгирии афзалиятҳои Стратегия дар доираи ташаббусҳои нав оид ба Ҳадафҳои рушди устувор умед мебандад. Ҳукумат ба шарикони рушд вобаста ба манфиатнок будани муколама, ки ба дастгирии афзалиятҳои муқаррашуда равона шудаанд, муроҷиат менамояд. Ҳаҷми дурнамои воситаҳо барои 15 соли минбаъда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Стратегия беш аз 118,1 млрд. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, ки ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари ШМА (46,3 фоиз), маблағҳои буҷетӣ 56,1 млрд. доллари ШМА (47,5 фоиз) ва саҳми шарикони рушд 7,3 млрд. доллари ШМА (6,2 фоиз) рост меояд.
- ТАҲДИДҲО ВА ИМКОНИЯТҲО БАРОИ РУШД
2.1. Таҳдидҳо Таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ метавонанд ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтисодиёти дарҳои кушода дар ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегия ва тасҳеҳи марҳилаҳои рушд таъсир расонад. Барои кишварҳое, ки чорабиниҳои пешгирикунандаи мувофиқ қабул мекунанд, ҳамавақт ин таҳдидҳо манфиат доранд. Дар акси ҳол онҳо ба хавфҳо мубаддал мегарданд. Барои Тоҷикистон таҳдидҳои асосии зеринро метавон ҷудо кард: — сатҳи пасти рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ бо рушд наёфтани заминаи технологӣ, сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои сермасраф ва ифлоскунанда, сатҳи баланди хӯрдашавии фондҳои асосӣ тавсиф меёбад. Дар ҷумҳурӣ механизми “маҷбуркунӣ” ба инноватсия ва раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти таҷрибавию лоиҳакашӣ мавҷуд нест; — ҳиссаи хурди пасандозҳои дохилӣ ва сармоягузориҳо, ки ба модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ, индустриализатсия ва рушди инфрасохтор монеагӣ мекунад; 27 — нокифоя будани самаранокии идоракунии давлатӣ, аз ҷумла дар раванди банақшагирии стратегӣ, ки ин имкониятҳои таҳия ва татбиқи сиёсатро дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ маҳдуд месозад; — нокифоя будани шароит барои фазои соҳибкорӣ, ки бо танзими аз меъёр зиёд ва ғайрисамаранок, коррупсия, сарбории аз меъёр зиёд ва душвориҳои маъмурии андоз, сатҳи баланди монополизатсия, муҳофизати заифи ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорон. Гарчанде, ки Тоҷикистон дар рӯйхати даҳ кишвари дорои пешрафт дар ислоҳоти дастгирии соҳибкорӣ қарор дорад, аз рӯи рейтинги “Пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ 2016” ҷумҳурии ҷойи 132-ро ишғол мекунад, ки аз паст будани рушди ниҳодҳо ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. Дар натиҷа иқтидори сармоягузорӣ ва содиротии зиёд кардани маҳсулоти дорои арзиши иловашуда ба пуррагӣ истифода намешавад. Имрӯз таъмини шароитҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати кафолат додани ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва идоракунии самараноки дороиҳои худӣ шартҳои зарурӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд; — коҳишёбии ҳиссаи саноат дар сохтори ММД. Дар солҳои охир, вазни қиёсии саноат дар сохтори ММД аз 21,3% соли 2006 то 16,8% соли 2015 коҳиш ёфт. То ҳол дар кишвар сиёсати миллии саноатӣ вуҷуд надорад ва дар истеҳсолоти алоҳидаи саноатӣ сатҳи баланди масрафи масолеҳгунҷоӣ ва энергия-талаб, инчунин даромаднокии паст бо сабаби мавҷуд набудани коркарди амиқи ашёи хом, сатҳи пасти арзиши иловагии маҳсулот ба назар мерасад. Ҳамзамон дар Тоҷикистон таъсис додани як ҷойи кории дар саноат ташкилшуда метавонад даромадро нисбат ба бахши аграрӣ (2013) 9,7 маротиба зиёдтар таъмин кунад; — паст будани тараққиёт ва сатҳи баланди фарсудашавии инфрасохтор, хусусан дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, коммуналӣ, ки ба рушди сармоягузорӣ, содирот ва рушди иқтисодиёт монеа эҷод мекунад; — афзоиши бахши ғайрирасмӣ ва шуғли ғайрирасмӣ, ки ба сармоягузориҳо монеагӣ мекунад, сатҳи маҳсулнокиро коҳиш дода заминаи даромадҳои буҷетӣ, самаранокии танзими давлатиро маҳдуд месозад ва ба коррупсия мусоидат мекунад. Бахши ғайрирасмӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳиссаи назаррасро ташкил медиҳад. Аз рӯи баҳодиҳии ХБА ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ (бе назардошти иқтисодиёти ҷиноятӣ) соли 2008 беш аз 30 фоиз ҳиссаи ММД-и Тоҷикистонро ташкил дод. Тибқи тадқиқоти охирин соли 2014 арзиши миёнаи пардохтҳои ғайрирасмӣ 7,9 фоиз фурӯши солонаи ширкатҳоро ташкил медиҳад. Дар сохтори иқтисодиёти ғайрирасмӣ ҳиссаи андозҳои пардохтнашуда 17 фоиз ҳиссаи ММД-ро ташкил медиҳад; — сифати нокифоя ва истифодаи ғайрисамараноки нерӯи инсонӣ: бо назардошти афзоиши фарогирии аҳолӣ бо таҳсилоти миёна, норасоии мутахассисони соҳибкасби ихтисосҳои техникӣ ба назар мерасад, сатҳи дониши забонҳои хориҷӣ ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад, шуғли барзиёд дар хоҷагии қишлоқ, буҷет ва дигар соҳаҳо дар сатҳи баланд қарор дорад, қисми зиёди кормандони соҳибихтисос маҷбуранд, ки корро берун аз кишвар ҷустуҷӯ намоянд; 28 — алоқамандии нокифояи бозори меҳнат бо низоми маориф ва паст будани ҳавасмандгардонии ҷавонон ба фаъолияти касбӣ. Вазифаи асосӣ дар давраи дарозмуҳлат барои ҷумҳурӣ дар бахши меҳнат ин шуғли пурмаҳсул ва баланд гаштани салоҳият мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ мушкилоти таъмини хатмкунандагони низоми таҳсилоти касбӣ бо шуғл ба назар мерасад – фоизи нисбатан пасти хатмкунандагон мувофиқи ихтисоси гирифташуда ба кор таъмин мегарданд. Дар бозори меҳнат корфармоён норасоии малакаҳои касбӣ ва сифати пасти таҳсилоти довталабони ҷои корро қайд мекунанд. Дар баробари рушди иқтисодӣ ва зиёдшавии фаъоли сармоягузорӣ, новобаста аз мавҷудияти қувваи кории озод, ки дорои ихтисоси лозима нестанд, метавонад мушкилоти норасоии қувваи кории баландихтисос барои соҳаҳои пешбурди иқтисодиёт ва соҳибкории хурд зиёд намояд. Ин боиси рушди нобаробарии иқтисодии дар минтақаҳо ва оқибат ба нобаробарии имкониятҳо мегардад, ки барои ҷалби мардум ба шуғли истеҳсолӣ ҳалал мерасонад; — ҷалби нокифояи ҷавонон, занон, бахусус мардуми деҳот ва шахсони маъюб дар ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ; — нокифоя будани самаранокии низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сатҳи дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои базавии иҷтимоиро, бахусус барои гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ паст мекунад. Ҳукумат ҷиҳати мутобиқгардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба шароитҳои тағйирёбандаи кишвар ва имкониятҳои молиявӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Новобаста аз ин, ҳанӯз мушкилиҳои бунёди низоми комплексии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ мавҷуданд, ки ба расонидани кумаки ҳаматарафа ба шахсони маъюб ва пиронсолон, кӯдакони оилаҳои камбизоат, модарон барои нигоҳубини кӯдакони маъюб, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоат ниёз доранд. Идома додани ислоҳоти ҷиддии сохторӣ дар марҳилаи нави рушд метавонад ба некӯаҳволии мардум, имконияти интихоб ва татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоии ҳар як инсон таъсири назаррас расонад. Натиҷаи он тадриҷан тағйирёбии талабот ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мегардад, ки ин тағйирдиҳии дахлдори муносибатро ба ҳифзи иҷтимоӣ талаб мекунад; — ақибмонии инфрасохтори обтаъминкунӣ аз талаботи иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши аҳолӣ. Тоҷикистон ҳамагӣ 17-20 фоиз заҳираҳои оби қаламрави худро истифода мебарад. Талаботи истифодаи оби нӯшокӣ ва беҳдошти камтар аз 5 фоиз ҳаҷми умумии истифодабарии обро дар кишвар ташкил медиҳад. Аз нисф зиёди манотиқи деҳот шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корезии марказонидашуда надорад. Ҳаҷми захираҳои об барои обёрӣ истифодашаванда ба ҳисоби миёна 90-92 фоизи ҳаҷми умумии ҳавзаҳоро барои эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ташкил медиҳад. Беҳтаршавии ҳолат хароҷоти назаррасро талаб мекунад; — дурдастии ҷуғрофӣ аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯш ба рушд наёфтани коммуникатсияи нақлиётӣ дар самти бозорҳо мушкил эҷод мекунад ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро маҳдуд месозад. Дар ҳоли ҳозир зарурати воридсозии тағйироти калон дар консепсияи иқтисодии фаъолияти намудҳои нақлиёт дар асоси аломатҳои бозаргонии талаботи пардохтпазир ба миён меояд. Муваффақияти кишвар ва минтақаҳои он асосан бо сатҳи хизматрасониҳои нақлиётии алоқаҳои иқтисодӣ бо бозорҳои бузурги фурӯш дар минтақаи 29 Авруосиё, қисматҳои ҷанубу шарқӣ ва шимолу ғарбии долонҳои байналмилалии “Ҷануб-Шимол” ва “Ҷануб-Ҷануб” муайян мегардад. Имрӯз Тоҷикистон танҳо як роҳи баромади нақлиёти роҳи оҳан ба кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳоро дорад, ки аз қаламрави Ӯзбекистон мегузарад. Дар дохили кишвар на ҳама минтақаҳо байни ҳамдигар дорои алоқаи роҳи оҳан мебошанд; — хавфи баланди офатҳои табиӣ ва осебпазирӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки барои рушди устувор таҳдидҳоро ба вуҷуд меоранд. Ҳоло офатҳои табиӣ ба мардум хисороти калон оварда, некӯаҳволӣ ва амнияти мардумро зери хатар мегузоранд. Тайи солҳои 1997-2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3169 ҳолати фавқулода ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа 1041 нафар фавтидааст ва қариб 2 млрд. сомонӣ ба иқтисодиёт хисорот оварданд. Дар давоми солҳои 2005-2014 ба ҳисоби миёна ҳамасола 32 нафар шаҳрвандони кишвар аз ҳисоби 1 млн. нафар аҳолӣ дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ манзили худро аз даст доданд. Дар заминҳои таназзулёфта на кам аз 10 фоизи аҳолӣ истиқомат мекунад. Мушкилоти хавфи офатҳо андешидани тадбирҳои таъмини равиши васеъ ва мушаххаси пешгирикунандаи ба манфиатҳои мардум нигаронидашударо талаб мекунад; — тағйирёбии ҷиддии вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар солҳои 2014-2015 ва коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон; – авҷ гирифтани рақобат байни кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои захираҳои молиявӣ, ки дар шароити мавҷуд набудани низоми самаранокии ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ рақобатпазирии байналмилалии иқтисодиёти Тоҷикистонро заиф мекунад; — арзиши баланди иҷтимоии муҳоҷирати бурунмарзии меҳнатӣ. Интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар дар таносуб бо ММД зиёда аз 40 фоизро ташкил дода, ҳамасола на кам аз 600 ҳазор нафар ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб мегарданд. Талошҳо оид ба қонунигардонии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон дар кишваре, ки ба онҳо шуғл пешниҳод мекунад, муҳим мебошанд. Масъалаи бадшавии мушкилоти иҷтимоӣ дар оилаҳои муҳоҷирон, ки дар кишвар боқӣ мемонанд, боиси ба миён омадани падидаи иҷтимоии “оилаи муҳоҷирон” ва “кӯдакони овора” мегардад; — коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ. Ин метавонад ба даромади аҳолии кишвар, ки қисми зиёди хонаводаҳо даромади худро аз ин ҳисоб ба даст меоранд, таъсири худро расонад. Бо кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ хароҷоти мардум низ таносубан коҳиш меёбад; — болоравии нархи сӯзишворӣ, бахусус дар кишварҳои ҳамшарики тиҷоратии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад. 2.2. Имкониятҳо Имкониятҳои зерини калидие, ки метавонанд ба ноилшавии ҳадафҳои стратегӣ мусоидат ва хоси Тоҷикистон бошанд, аз инҳо иборатанд: — мавқеи муносиби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва наздикӣ будан ба кишварҳои пешсафи минтақавӣ ва иттиҳодҳои ҳамгироӣ, ки метавонанд ба рушди муносибатҳои тиҷоратии минтақавӣ ва транзитӣ такон бахшанд; — фаъолсозии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ ва ташаккулдиҳии инфрасохтори муосири байналмилалии транзитӣ, ки метавонад таъсири паёмадҳои дурдастии ҷуғрофии Тоҷикистонро осон кунад ва имконияти баланд 30 бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сармоягузориро фароҳам оварад; — рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ барои рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, истифодаи васеъ аз технологияи муосир, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ҷалби сармоя ва имкониятҳои иловагиро фароҳам меоварад; — мавҷуд будани иқтидорҳои захиравӣ ҷиҳати бунёди кластерҳои истеҳсолии ба содирот нигаронидашуда дар минтақаҳои кишвар; — мавҷуд будани захираҳои зиёди меҳнатӣ ва иқтидорҳо барои рушди минбаъда, ки дар пасманзари коҳиш ёфтани аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар аксар кишварҳои ҳамсоя метавонад ҳамчун омили иловагии баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории Тоҷикистон хизмат кунад; — захираҳои гидроэнергетикӣ, ки асоси иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд; — рушди босуръати алоқаи мобилӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки барои истифодаи онҳо дар бахши воқеӣ ва дар низоми идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъсисдиҳии ҳукумати электронӣ шароит фароҳам меоваранд; — нигоҳ доштани ҳаҷми калони интиқоли маблағҳои пулӣ аз шахсони воқеӣ, ки ба минтақаҳо/ноҳияҳо/маҳаллаҳои аҳолинишини нисбатан кам рушдёфта нигаронида мешавад, ки нақши кумакҳои иҷтимоии хусусиро бозӣ мекунад; — шароитҳои мусоиди табиию иқлимӣ ва мавҷуд будани мероси ғании фарҳангию таърихӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ; — насли ҷавон, ки барои кашфиёти инноватсионӣ ва самтҳои нави рушд омода мебошанд; — захираҳои истифоданашуда ва иқтидори касбию салоҳиятдори занону духтарони кордон, хусусан аз бахши ғайридавлатӣ, ки ба равишҳои инноватсионӣ ва технологӣ нигаронида шудааст. 2.3. Равзанаи имкониятҳои демографӣ Бо назардошти ҳамбастагӣ бо равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ равандҳои демографӣ барои рушди дарозмуҳлат хеле муҳим мебошанд. То соли 2030 аҳолии ҷумҳурӣ бемайлон афзоиш ёфта, ба 11,5 млн. нафар хоҳад расид. Дар ҷумҳурӣ афзоиши шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидани рушди иқтисодӣ имконият фароҳам меоварад. Шумораи аксарияти аҳолӣ (тақрибан 60 фоиз) аҳолии синни қобили меҳнат (аз 15 то 64 — соларо) ташкил хоҳад дод, ки онҳо пешбарандаи рушди иқтисодӣ дар ҳолати таъмин гардидани иқтидори баланди касбии меҳнатӣ мешавад. Шумораи зиёди кишварҳои Осиё, ки аз вазъи бамиёномада дуруст истифода бурданд, ба марҳилаи нави рушд баромаданд ва агар Тоҷикистон тадбирҳои муайян наандешад, “равзанаи имкониятҳои демографӣ” ба “равзанаи таҳдиди демографӣ” табдил меёбад. Дар соли 2015 ҳиссаи аҳолии ҷавонони то 20 сола аз шумораи умумии аҳолии кишвар ба 45 фоиз расидаст. Категорияи мазкур соли 2030 асоси аҳолии қобили меҳнатро ташкил хоҳад дод, аз ин рӯ фаъолсозии иқтидори ҷавонон аз аҳамият холӣ нест. ”Равзанаи демографӣ“ умуман ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ба сатҳи некӯаҳволӣ ва имкониятҳои оилаҳои мушаххас таъсири мусбат мерасонад. Азбаски аҳолии кишвар бо суръати баланд афзоиш меёбад, суръати афзоиши истеҳсолот низ бояд баланд бошад. Ин барои пешгирӣ намудани 31 коҳишёбии сатҳи бадастомадаи некӯаҳволии мардум, коҳишёбии қобилияти низомҳои мавҷудаи дастгирии ҳаёт ва самаранокии онҳо зарур мебошад. Чунин масъала дар асоси усулҳои анъанавии ғайрисамарабахши хоҷагидорӣ наметавонад ҳалли худро ёбад. Зарурати суръатбахшии урбанизатсия, сохтмони манзил дар миқёси калон, сармоягузориҳо ба инфрасохтори коммуналӣ, иҷтимоӣ ва роҳ ба миён омада истодааст. Шарти муҳими рушд бунёди низоми миллии арзёбӣ ва пешбинии равандҳои иҷтимоӣ ва низоми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба арзёбӣ ва пешбинии онҳо маҳсуб меёбад. Он ба коҳишдиҳии сатҳи фавт ва давомнокии умр, то соли 2030 таъмини дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои ҳифзи саломатии репродуктивӣ, баланд бардоштани фарҳанги рафтори репродуктивӣ, кам кардани хавф ва таҳдиди талафоти ҷонӣ, фавт аз сабабҳои идорашаванда нигаронида шудааст.
III. ТАҲКИМДИҲИИ НЕРӮИ ИНСИТУТСИОНАЛИИ КИШВАР
3.1. Низоми самарабахши идоракунии давлатӣ Ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди минбаъда пеш аз ҳама бо фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатӣ, ки дар истифодаи якҷояи оқилонаи усулҳои мустақим ва ғайримустақими танзими равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфтааст, алоқаманд мебошад. Шаффофият ва ҳисоботдиҳии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ омили муҳим буда қобилияти таъмин намудани рушди пешгирикунанда, индустриалӣ ва инноватсионии кишварро дорост. Фароҳам овардани шароити то ҳадди имкон мусоид барои зиндагӣ ва инкишофи минтақаҳо бояд принсипи асосии фаъолияти кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардад. Бо ин мақсад бояд иқтидори ниҳодҳои давлатӣ таҳким дода шуда, низоми ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд такмил дода шавад. Таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили раванди судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини волоияти қонун ва адолат самтҳои муҳими рушд ва таҳкимдиҳии давлатдории мардуми тоҷик мебошад. Ҳадафи такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ амалисозии самараноки вазифаҳои давлат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии бомуваффақияти кишвар маҳсуб меёбад. Мушкилоти асосӣ дар низоми идоракунии давлатӣ. Низоми амалкунандаи идоракунии давлатӣ ба татбиқи вазифаҳои нави рушди дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки дар Стратегияи мазкур пешбинӣ шудааст, ба таври кофӣ равона нашудааст. Дар низоми идоракунии давлатӣ аксари механизмҳо, ниҳодҳо ва салоҳиятҳо ба таври лозимӣ рушд наёфтаанд, ки инҳо бояд дар таъмини рушди индустриалию инноватсионӣ, ҳамгироӣ бо иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳимро бозанд. Танзими аз меъёр зиёд, дар баъзе ҳолатҳо ва дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, андозбандии аз меъёр зиёди бахши расмии иқтисодиёт ва заминаи заифи андоз ҷиҳати маблағгузории вазифаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал, зарурати такмилдиҳии механизмҳои танзими андоз ва ҳифзи 32 ҳуқуқ, шакл ва усулҳои банақшагирии стратегию минтақавӣ ва идоракунӣ, тадбирҳои танзими давлатӣ дар соҳаи стандартикунонӣ ва сертификатсия, инкишофи низоми самараноки идоракунии молӣ ва моликияти давлатиро пешакӣ муайян мекунанд. Хусусан, иқтидори нокифояи идоракунии давлатӣ дар сатҳи минтақа ва маҳал баръало дида мешавад. Саҳми сатҳҳои мазкур дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо назардошти урбанизатсия, таҷдиди инфрасохтор ва афзоиши талабот аз ҷониби ҷомеа ҷиҳати хизматрасониҳои иҷтимоии баландсифат ва дастрас афзун хоҳад ёфт. Дараҷаи иқтидор, салоҳият ва равандҳои босифати маъмурӣ дар сатҳи маҳал нисбат ба сатҳи миллӣ хеле ақиб мондааст. Барои фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ механизми таъмини шаффофият суст ба роҳ монда шудааст. Дар доираи вусъат додани механизмҳои ҳамкории давлат, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин механизмҳо бештар дар сатҳи миллӣ фаъол мебошанд. сохторҳои соҳавӣ ва минтақавӣ самаранокии худро нишон намедиҳанд. Дар самтҳои мушаххаси идоракунии давлатӣ мушкилоти зерин мавҷуданд: Дар соҳаи идоракунии давлатӣ: — набудани феҳристи ягонаи вазифаҳои давлатӣ ва стандартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, самаранокии нокифояи ташкили пешниҳоди онҳо ва нотамом будани ҷараёни муносибгардонӣ; — низоми ҳамгироии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ самаранок набуда, механизмҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти онҳо бошад дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ ба таври кофӣ муайян нашудаанд; — дар сатҳи зарури набудани низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо байни мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳамкориҳои электронии мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон ва бизнес (соҳибкорӣ); — ҳамкории нокифояи байни давлат ва соҳибкорӣ, давлат ва шаҳрвандон дар раванди рушди миллӣ, аз ҷумла набудани заминаи машваратӣ барои коммуникатсияҳои ҷорӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба ҳалли масоили стратегӣ Дар самти рушди хизмати давлатӣ: — низоми хизмати давлатӣ бо мушкилоти сифатнок пур намудани сафи худ рӯ ба рӯ шудааст ва сабаби он дар сатҳи пасти ҷолибияти хизмати давлатӣ ҳамчун корфармо дар бозори меҳнат ба ҳисоб меравад; — дар мақомоти давлатӣ усулҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар сатҳи зарурӣ истифода намешаванд, низоми идоракунии захираҳои инсонӣ такмилдиҳиро талаб мекунад; — низоми ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати нигоҳдорӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос мавҷуд нест; — низоми нави пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ мутобиқи ҷадвали ягонаи тарифӣ сатҳи кофии подоши мутахассисони босалоҳиятро таъмин намекунад ва бо механизми арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ суст алоқаманд карда шудааст; — дастрасии нобаробари мардону занон ба хизмати давлатӣ, хусусан дар сатҳи қабули қарорҳо; 33 — ҳавасмандкунии хизматчиёни давлатӣ дар дастгирии шаффофияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар сатҳи паст қарор дорад; — феҳристи автоматикунонидашудаи вазифаҳои давлатӣ такмил додан тақозо дорад. Дар самти рушди идоракунии молияи давлатӣ: — нокифоя будани механизмҳои андозӣ ба рушди иқтисодиёт нагаронидашуда, ки ҷиҳати маъмуригардонии андозсупорандагон вазнинӣ меорад; — нокифоя будани пешравӣ дар самти гузариш аз принсипи маблағгузории харҷномавии вазорату идораҳо ба маблағгузории барномаҳои мақсадноқ аз рӯи натиҷа; — набудани алоқамандӣ дар раванди буҷетикунонӣ ва банақшагирии стратегӣ; — рушди нокифояи низоми дурнамои даромадҳои буҷетӣ ва вазифагузорӣ дар мувофиқа бо дурнамои макроиқтисодӣ; — бозмонии раванди ғайримутамарказонии фискалӣ аз дигаргунсозиҳои низоми идоракунии давлатӣ, бахусус аз раванди ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ; — амалиётҳои квазифискалии корхонаҳои бузурги давлатӣ (талафоти амалиётӣ, зиёдшавии қарз, кафолати давлатӣ ба он ва ғайра) ба устувории Буҷети давлатӣ ва имкониятҳои иҷрои функсияҳои иҷтимоӣ аз ҷониби давлат таъсири назаррасу манфӣ мерасонад. Дар самти идоракунии маҳаллӣ: — вазифа ва ваколатҳо байни сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин мақомоти худидоракунӣ ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ беҳсозиро талаб мекунад; — мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баҳри иҷрои салоҳияти ба онҳо вогузошта ҷиҳати амалӣ намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта захираҳои зарурӣ надорад; — фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчун сатҳи идоракунии ба аҳолӣ наздик ба талаботи худидоракунии маҳаллӣ пурра ҷавобгӯ намебошад. Дар самти таъмини самаранокии механизмҳои зиддикоррупсионӣ: — механизми ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба такмилдиҳӣ тақозо дорад; — низоми эъломияи даромад ва хароҷотҳои хизматчиёни давлатӣ такмилдиҳиро тақозо мекунад; — музди меҳнат дар бахши хизмати давлатӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад; — низоми хариди давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо ба шаффофият ва танзимкунии дақиқ ниёз дорад; — механизмҳои ҳамкории бахши давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар истифода бо шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар майдонҳои машваратӣ суст фаъолият мекунад. Дар ин замина дар соҳаи такмили идоракунии давлатӣ афзалиятҳои зерин муайян карда шудаанд: 34 (1) такмили ниҳодҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои фундаменталӣ ҷиҳати дахлнопазир будани моликият ва рушди сармояи инсонӣ, дастрасии баробари занону мардон ба раванди қабули қарорҳо, ки фаъолияти устувор ва рушди иқтисодиёти миллиро таъмин мекунанд; (2) таҳияи низоми идоракунии стратегӣ, ки рушди рӯзафзуни ҳамоҳангсохташудаи ниҳодҳои мазкур ва ҷорӣ намудани раванди мунтазами пешгирикунанда ҳангоми ҳалли мушкилоти дохилӣ ва эътино ба мушкилоти берунаро таъмин мекунад; (3) таҳия намудани механизмҳои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ; (4) таъмин намудани мақомоти давлатӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ва салоҳиятнок, ки метавонанд дар иҷрои самараноки вазифаҳо ва амалисозии кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ нақши калидӣ бозанд; (5) таҳкими нақши мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар муайян сохтани самтҳои рушди воҳидҳои ҳудудию маъмурии зертобеи онҳо. Самтҳои асосии фаъолият Ба сифати самтҳои асосии фаъолияти СМР-2030 дар соҳаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ тадбирҳои зерин муайян шудаанд: Дар самти такмилдиҳии низоми идоракунии давлатӣ: — роҳандозӣ намудани сохтори ташкилӣ ва вазифаҳои идоракунӣ тавассути бартараф кардани пайвандҳои зиёдатӣ, такмилдиҳии равандҳои маъмурӣ ва кам кардани хароҷот; — ҷорӣ намудани механизмҳои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ; — ташаккул додани низоми босамари ҷалби сармоягузориҳо; — гузаронидани тафсирҳои мунтазами функсионалии вазорату идораҳо бо мақсади ҷобаҷокунии вазифаҳои минбаъдаи мақомоти идоракунии давлатӣ; — иҷрои фаъолияти мақсаднок ва муназзам оид ба такмилдиҳии равандҳои маъмурӣ, тезонидани қабули қарорҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, бахусус дар самти ҳамкорӣ бо сармоягузорон, танзим ва назорат, пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ; — ҷорӣ намудани усулҳои ба хавфҳо нигаронидашуда дар низоми танзим ва назорат; — ташаккул додани унсурҳои зарурии “ҳукумати электронӣ” ҷиҳати татбиқи сиёсати “маълумоти кушода”; — такмил додани ҳамоҳангсозӣ дар бахши таҳия ва амалисозии сиёсат байни мақомоти ҳокимияти иҷроия ва сатҳҳои ҳудудии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ; — рушди низоми банақшагирии стратегӣ ва такмилдиҳии ҳамоҳангсозии сиёсат дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ; — ба таври васеъ ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии лоиҳавӣ; 35 — ҷорӣ намудани механизми идоракунии зиддибуҳронӣ ва низоми тадбирҳои идоракунӣ оид ба ташхис, пешгирӣ, безараргардонӣ ва раҳоӣ аз зуҳуроти буҳронӣ; — баланд бардоштани нақши усулҳои иқтисодии идоракунӣ, ташаккул додани низоми мукаммал, ки ҷавобгӯи талаботи бозор мебошад; — ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ дар асосии шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва бо ин мақсад фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ; — истифодаи принсипи функсионалӣ ҳангоми ташаккули мақомотҳои давлатӣ, ки ин ба маҳдуд шудани паҳншавии усулҳои соҳавии идоракунӣ имкон медиҳад; — аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва имконоти шаҳрвандон дар масоили дастрасӣ ба маълумот ва хизматрасониҳои давлатӣ; -таҳия намудани механизмҳои тақвият бахшидани назорати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон. Дар самти рушди хизмати давлатӣ: — баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти хизмати давлатӣ барои кормандони соҳибихтисос ва таҳким бахшидани афзалиятҳои рақобатпазирӣ ба сифати корфармо дар муқоиса бо бахши хусусӣ; — таҳия намудани барномаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки нигоҳдории кадрҳои соҳибихтисос дар хизмати давлатӣ; — такмил додани механизмҳои зиёд намудани шумораи занон дар мансабҳои роҳбарӣ дар сатҳи гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ; — ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ ва автоматикунонии он; — такмил додани механизми арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва алоқамандии он бо низоми пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ; — татбиқи мунтазами сиёсати кадрӣ, ташкили низоми самараноки таълим, бозомӯзии кадрҳои раҳбарикунанда ва ташаккули иқтидори кадрӣ ҳамчун захираи муҳимтарини зеҳнию касбӣ; — рушди модели хизмати давлатӣ дар асоси қобилият бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳон. Дар самти рушди идоракунии молияи давлатӣ: — инкишоф додани буҷетикунонии барномавӣ ва ҷорӣ намудани тарҷибаи “маблағгузории нерӯ” барои мақомоти ҳокимияти иҷроия; — алоқаманд намудани раванди буҷет бо банақшагирии стратегӣ; — такмил додани маъмурикунонии андоз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварӣ, коҳиш додани фишори маъмурӣ ба андозсупорандагони бомасъулият, баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва қобилияти пешгӯии низоми андоз; — рушди ғайримутамарказонии фискалӣ; 36 — баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ тавассути таъминот бо маълумоти дастрас, аз ҷумла бо роҳи фарогирии амалиёти квазифискалӣ дар ҳисоботи молиявӣ, беҳтар намудани назорати парламентӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди буҷетикунонӣ. Дар самти идоракунии маҳаллӣ: — азнавтақсимкунии вазифаҳо ва ваколатҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ҷудо намудани моликият ва таъмини худмухтории молиявии онҳо; — ба тартиб даровардани тақсимоти маъмурию ҳудудӣ мутобиқи азнавтақсимкунии вазифаҳо ва муайян намудани меъёрҳои тақсимоти маъмурию ҳудудӣ; — ҷорӣ намудани низоми худидоракунии маҳаллӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, шаҳракҳо ва деҳот; — тақвият додани нерӯи институтсионалии минтақаҳо аз рӯи афзалиятҳо, таҳкими заминаи иқтисодӣ ва фазои сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани идоракунии лоиҳавӣ, банақшагирии ҳудудӣ ва стратегӣ, мониторинг ва таҳлили таъсирбахшии чорабиниҳо; — таъмин намудани дастрасии самарабахши аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани механизмҳои аутсорсинги (ҷалби мутахассисони беруна) хизматрасониҳо дар низоми идоракунии давлатӣ; — истифодаи лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, ки ба аҳолӣ ва бизнес (соҳибкорӣ) дар сатҳи ҳудудии дахддор пешниҳод мегарданд. Дар самти таъмини самаранокии механизмҳои зиддикоррупсионӣ: — таъмин намудани шаффофият ва ҳисоботдиҳии раванди хароҷоти маблағ ва захираҳои давлатӣ; — такмилдиҳии минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия, аз ҷумла такмилдиҳии қонунгузории ҷиноятӣ ва чораҳои муҷозот барои коррупсия; — ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, ки ба маҳдуд сохтани ҳавасмандӣ ба коррупсия нигаронида шудааст; — тақвият додани низоми назорати ахлоқӣ ва коркарди механизмҳои таъсирбахши пешгирии ихтилофи манфиатҳо дар хизмати давлатӣ; — такмил додани низоми эъломияи даромад ва хароҷотҳои хизматчиёни давлатӣ; — рушди механизми ротатсияи хизматчиёни давлатие, ки вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд, бо назардошти зарурати пешгирии коррупсия; — таъмини танзим ва шаффофияти бештар равшани раванди хусусигардонӣ; 37 — танзими дуруст ва автоматикунонии раванди хариди давлатӣ, аз ҷумла харид зимни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва азхудкунии ширкатҳое, ки моликияти давлат мебошанд; — такмил додани низоми назорати молиявии давлатӣ, инчунин аудити дохилию беруна; — ҷорӣ намудани низоми самараноки амалкунандаи ташхиси зиддикоррупсионӣ дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда; — баланд бардоштани сатҳи дастрасии маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва низоми судӣ; — ислоҳи механизмҳои таъйин ва озод намудани судяҳо аз мансаб, таҳкими назорати ахлоқӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи тақсимоти тасодуфии парвандаҳо байни судяҳо; — баланд бардоштани афзалиятнокӣ ва беҳтар намудани таъминоти захиравии фаъолият оид ба пешгирии коррупсия; — фаъолсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба муайян намудан ва тафтиши ҳолатҳои мураккаб ва бузургҳаҷми коррупсионӣ; — баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар майдонҳои машваратӣ; — гузаронидани ташвиқоти васеъ оид ба таъсири харобовари коррупсия ба иқтисодиёту ҷомеа ва тағйирдиҳии ҷаҳонбинии аҳолӣ, тарбияи ҳисси таҳаммулнопазирӣ нисбат ба коррупсия; — ҷалб намудани шарикони рушди калидии миллӣ дар мубориза алайҳи коррупсия. Натиҷаҳои чашмдошт Амалӣ сохтани тадбирҳои пешбинишуда оид ба таҳким додани шароитҳои институтсионалии рушд дар доираи СМР ба натиҷаҳои зерин оварда мерасонад: Дар низоми идоракунии давлатӣ дар умум: — ниҳодҳои сиёсию ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми судӣ, шароитҳои мусоидро барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда, ҳифзи самарабахши ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва инсониро таъмин менамоянд; — низоми идоракунии давлатӣ дараҷаи баланди амнияти иқтисодиро таъмин намуда, рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин менамояд; — Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таҳия ва тасдиқ мегардад, нақшаи қолабии миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва эътино ба онҳо ҷорӣ мегардад; — сиёсати идоракунии стратегӣ дар алоқамандии зич бо раванди буҷет ва фаъолияти ҷории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мунтазам сурат мегирад; — дар кишвар низоми хуб ба роҳ мондашудаи ҳамкории шарикони рушд амал намуда, мувозинати манфиатҳои ҷомеаро ҷиҳати таъмини кори ҳамоҳангсохташудаи низоми рушди миллӣ дастгирӣ мекунад; — низоми “ҳукумати электронӣ” ташаккул ёфта, сиёсати “маълумоти кушода” амал мекунад; 38 — дастрасии самарабахши аҳолӣ ва соҳибкорӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ мутобиқи меъёрҳои дар саросари кишвар муқарраршуда таъмин карда мешавад; — ҳайати касбии хизматчиёни давлатӣ, ки дорои салоҳиятҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ мешавад, ташаккул дода мешавад; — тақсимоти ваколатҳо ва захираҳо байни сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ таъмин карда мешавад; — сатҳи худидоракунии маҳаллӣ пурра ташаккул меёбад, ки бо захираҳо ва ваколатҳои зарурӣ таъмин шудааст. Дар соҳаи идоракунии давлатӣ: — Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мақоми ҳамоҳангсози сиёсати рушд ва ислоҳотро ба пуррагӣ амалӣ менамояд; — низоми банақшагирии стратегӣ дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ такмил мегардад; — низоми миллии мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои миллӣ ва барномаҳо самаранок ба расмият даромада, аз рӯи натиҷа пешбинӣ мегарданд; — гурӯҳи мутахассисон оид ба идоракунии зуҳуроти зиддибуҳронӣ тайёр карда шуда, бомуваффақият фаъолият мекунанд; — мақомоти ҳокимияти иҷроия вазифаи “Маркази хизматрасонӣ”, ки хизматрасониҳои босифати давлатиро ба аҳолӣ ва бизнес пешниҳод мекунад, иҷро менамоянд; — шабакаи ягонаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба сифати инфрасохтори таҳкурсӣ (базавӣ)-и “ҳокимияти давлатӣ” амал мекунад; — фаъолияти ягонаи ҳукумати порталӣ ҳамоҳанг мегардад; — гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар низоми идоракунии давлатӣ ба пуррагӣ истифода мешавад; — Феҳристи автоматикунонидашудаи хизматрасониҳои давлатӣ амал намуда, стандартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ҷорӣ карда шуданд; — меъёрҳои арзёбии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ҷорӣ карда шуданд; — механизми хариди давлатӣ бо роҳи раванди автоматикунонии харидҳои давлатӣ такмил дода шуд. Дар самти рушди хизмати давлатӣ: — низоми идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ автоматикунонида шуда, Феҳристи хизматчиёни давлатӣ дар Шабакаи ягонаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пурра амал мекунад; — механизми арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ такмил дода шуда, алоқамандӣ бо низоми ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ таъмин мегардад; — музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ то сатҳе, ки имконияти ҷалб ва нигоҳдории мутахассисони баландихтисосро дар хизмати давлатӣ таъмин менамояд, баланд бардошта мешавад; 39 — низоми омодакунӣ ва инкишофи захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ таҷдид мегардад ва он ташаккул ва инкишофи салоҳиятҳои дар низоми хизмати давлатӣ заруриро таъмин мекунад; — ҳиссаи занон дар мансабҳои роҳбарии хизмати давлатӣ зиёд мегардад. Дар самти рушди идоракунии молияи давлатӣ: — низоми идоракунии молияи давлатӣ такмил ёфта, низоми самарабахши банақшагирии буҷет ҷорӣ карда мешавад; — механизмҳои самараноки маъмурикунонии андоз татбиқ ва фаъолият мекунад; — унсурҳои ғайримутамарказонии фискалӣ, ҷорӣ карда мешаванд; — низоми назорати давлатии молиявӣ, ки аудити дохилӣ ва берунаро бо унсурҳои самаранокӣ ва таъсирбахшӣ ба ҳам мепайвандад, амал мекунад. — шаффофият ва ҳисоботдиҳии корхонаҳои бузурги давлатӣ баланд бардошта шуд. Дар самти идоракунии маҳаллӣ: — раванди тақсимоти вазифаҳо ва ваколатҳо байни сатҳи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси принсипи ғайримутамарказонии ваколатҳои ҳокимиятӣ ва ташаккули таъминоти муносиби захиравии вазифаҳои интиқолшаванда ба анҷом мерасад; — меъёрҳои идоракунии маъмурию ҳудудӣ муайян мегарданд; — низоми идоракунии маҳаллӣ дар сатҳи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо бо муайян намудани иншооти молу мулкӣ ва қисми даромади онҳо тибқи принсипҳои ғайримутамарказонии фискалӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар самти таъмини самаранокии механизмҳои мубориза бо коррупсия: — низоми таъсирбахши экспертизаи зиддибуҳронӣ ва пешгирии коррупсия амал мекунад; — низоми эъломияи даромад ва хароҷотҳои хизматчиёни давлатӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода мешавад; — сатҳи музди меҳнат дар низоми хизмати давлатӣ бо бахши хусусӣ муқоисашаванда гардида, афзалиятҳои рақобатпазирии кор дар хизмати давлатӣ таъмин карда мешаванд; — низоми шаффофи хариди давлатӣ амал мекунад; — низоми назорати ахлоқӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ самаранок амал мекунад; — дар низоми судӣ механизмҳои таъминкунандаи коҳишёбии коррупсия татбиқ мегарданд; — кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тафтиши ҳодисаҳои мурраккаби коррупсионӣ ба таври самаранок ба роҳ монда мешавад; — механизмҳои ҳамкории бахши давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштироки шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар сатҳҳои машваратӣ дар мубориза бо коррупсия ба таври васеъ истифода мешаванд; — Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи пасти коррупсия дохил мешавад. 40 3.2. Рушди минтақаҳо Барои тамоми кишварҳо заминаи асосии таъмини рушди устувор ва мутавозин ин рушд додани минтақаҳои онҳо мебошад. Таҳлил нишон дод, ки ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишудаистода бештар дар сатҳи марказӣ амалӣ шудааст. Дар робита бо ин, “дар ҷойҳо” (дар минтақаҳои кишвар) масъалаҳои зиёди ҳалношуда боқӣ мондаанд. Далели ин татбиқи аксари нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устувор барои Тоҷикистон мебошад, ки онҳо асосан дар пойтахт – шаҳри Душанбе ноил шудаанд. Рушди минтақаҳои кишвар сатҳи муҳимтарини татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ буда, ҳамчун нуқтаи ниҳоии тамоми кушишҳои қатъии ҳукумат дар самтҳои афзалиятнок дида баромада мешавад: аз ҷумла, таъмини сатҳи қобили қабули амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди имконоти коммуникатсионии кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. Зарурат ва самти ислоҳот дар чаҳорчӯбаи рушди минтақавӣ бо ҷанбаҳои зерин алоқаманд аст: — коҳишдиҳии тафовути минтақавӣ ва таъмини тамоми аҳолӣ бо дастрасии баробар дар саросари кишвар ба хизматрасониҳои асосии заминавӣ (маълумоти ибтидоӣ, хизматрасонии аввалияи тиббӣ, таъминот бо тамоми намудҳои захираҳои энергетикӣ ва оби тозаи нӯшокӣ, шабакаҳои муносиби корезӣ ва ғайра); — ташаккулдиҳии сармояи сифатноки инсонӣ; — фароҳам овардани шароитҳои ҷолиб барои зиндагонии мардум ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон. Барномаҳои рушди минтақаҳои алоҳида ҳанӯз вазифаи воситаи воқеии идоракунии ҳудудро бо сабабҳои зерин иҷро намекунанд: — сатҳи пасти таҳлили методии вазъи рушд ва захираҳои мавҷуда, ба ҳисоб нагирифтани таҳдидҳо ва омилҳои рушди минтақаҳо; — алоқамандии нокифояи барномаҳои рушд бо ҷараёни молиявӣ, бо афзалиятҳою манфиатҳои сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои минтақавӣ, тамоюли рушди соҳаҳои иҷтимоии минтақа; Мушкилоти асосӣ Ба сифати мушкилоти асосие, ки бояд ҳамаи минтақаҳои нисбатан рушдёфта ва бештар ақибмондаи кишвар дар ояндаи миёнамуҳлат бартараф намоянд, инҳо мебошанд: — самаранокии пасти идоракунии давлатӣ дар сатҳи минтақаҳо, худидоракунии маҳаллӣ, инчунин истифодаи захираҳои дохилӣ ва иқтидори дар минтақаҳо мавҷудбуда; — сатҳи пасти ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти алоқаманд бо ҳифзи муҳити зист; — сифати пасти сармояи инсонӣ дар сатҳи минтақаҳо; — зарурати сармоягузориҳои назаррас дар барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтор дар минтақаҳо (иншооти хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, варзиш, фароғат ва ҳалли масъалаҳои экологӣ (бахусус, мушкилии алоқаманд бо партовҳои кимиёвӣ, уран ва ғайра); 41 — заминаи заифи молиявии буҷетҳои маҳаллӣ. Ба сифати афзалиятҳои рушди минтақаҳо инҳо ҷудо шудаанд: (1) таъмини мувозинати рушди минтақаҳо бо диққати махсус ба баробаркунии ҳудудии нишондиҳандаҳои заминавии сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар минтақа; (2) рушди маҷмӯии минтақаҳои деҳот; (3) урбанизатсия ва мусоидат ба раванди рушди шаҳрҳо, аз ҷумла шаҳрҳои хурд; (4) ташаккулдиҳии комплексҳои ҳудудию саноатӣ/кластерҳо (ҳудудҳои индустриализатсия ва ҳамгироии нав, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бизнес-инкубаторҳо, технопаркҳо, марказҳои навовариҳо) ва рушди долонҳои иқтисодӣ; (5) тавсеаи фазои бозори меҳнат. Самтҳои асосии фаъолият Самтҳои асосии фаъолият оид ба рушди минтақаҳо чунин мебошанд: Дар самти рушди мутавозини минтақаҳо бо диққати махсус ба баробаркунии ҳудудии нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар минтақаҳо: — таҳия намудани стратегияи маҷмӯии давлатии рушди минтақаҳои Тоҷикистон, дар асоси таҳлили иқтидор ва талаботи минтақаҳо вобаста ба имкониятҳои сармоягузории онҳо, инчунин бартариятҳои қиёсии рақобатӣ; — ҳамоҳангсозӣ ва синхронизатсияи барномаҳо/стратегияҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ; — баланд бардоштани самаранокии низоми таъмини сифати зиндагӣ ва солимгардонии аҳолӣ. Барои ин ҷиҳати баланд бардоштани дастрасӣ ва баробаркунии сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз рӯи ҳудудҳо шароит фароҳам оварда мешавад; — мониторинги сифати сармояи инсонӣ тавассути арзёбии мунтазами индекси рушди инсонӣ (ИРИ) ва индекси нобаробарии гендерӣ (ИНГ) минтақаҳои кишвар бо истифода аз методологияи ягона. Дар самти рушди маҷмӯии манотиқи деҳот: — муайян намудани афзалиятҳои ҳар як минтақа дар асоси иқтидорҳои мавҷуда, вазъи ба миён омада, дар бозори меҳнат ва хусусиятҳои хоси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, имкониятҳои воқеии амалисозии вазифаҳои аввалиндараҷа барои ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат; — амалисозии тадбирҳо оид ба бунёди инфрасохтор, ки тавассути сохтмони роҳҳои оҳану автомобилӣ, фурудгоҳҳо, шабакаҳои алоқа, ки гардиши мол, хизматрасониҳо, сармоя ва мардумро дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳам мепайвандад; — ташаккулдиҳӣ ва амалисозии сиёсати самараноки минтақавии экологӣ, ки ба коҳиш додани таъсири антропогенӣ ба муҳити атроф, беҳтар намудани сифати замин ва оби нӯшиданӣ нигаронида мешавад. Дар самти урбанизатсия ва мусоидат ба раванди рушди шаҳрҳо, аз он ҷумла шаҳрҳои хурд: 42 — ташаккулдиҳии асосҳои институтсионалӣ барои урбанизатсияи минбаъда, ба монанди банақшагирии рушди шаҳр, сиёсати самараноки манзил ва замин, ба танзим даровардани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба замин ва амволи ғайриманқул ва бақайдгирии он; — рушди бозори манзил ва мусоидат ба сохтмони амволи ғайриманқули манзилӣ ва бозаргонӣ ва инфрасохтор дар шаҳрҳо; — рушди шаҳрҳои хурд ҳамчун марказҳои фаъолияти инноватсионӣ; — беҳсозии вазъи ХМК-и маҳаллаҳои аҳолинишин (обтаъминкунӣ, шабакаи корезӣ, газ, гармӣ, нерӯи барқ, ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ), ки имкон медиҳад ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳо таъсис дода шаванд, дар ҳалли як қатор масъалаҳои экологӣ мусоидат намояд ва ҷолибияти минтақаҳоро дар робита бо беҳтаршавии сифати зиндагӣ баланд бардорад. Дар самти ташаккулдиҳии кластерҳои ҳудудию саноатӣ ва рушди долонҳои иқтисодӣ: — фароҳам овардани шароит барои дар минтақаҳои кишвар ташаккулдиҳии кластерҳои мухталифи энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию логистикӣ, озуқаворӣ ва таълимӣ, ки унсурҳои ҷудонопазири занҷирҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ ва минтақавии арзиши иловашуда ва омили баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ хоҳанд буд; — рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳудудҳои индустриализатсияи нав; — рушди иқтидорӣ долонҳои иқтисодӣ, ки минтақаҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Хитой, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Россия, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳо мепайвандад. Дар самти тавсеаи фазои бозори меҳнат: — бунёд сохтани механизмҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти ташаббускории аҳолӣ, гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иттиҳодҳо, ки ба таъмин намудани рушди устувор дар вилоят, ноҳия, шаҳр ва ё деҳаи алоҳида нигаронида шудааст; — диверсификатсияи фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳо; — васеъ гардонидани барномаҳои шуғли кӯтоҳмуҳлат бо назардошти талабот ва манфиатҳои мардон ва занон, ҷавонон, шахсони маъюб ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ. Натиҷаҳои чашмдошт Рушди минтақаҳои кишвар сатҳи муҳимтарини амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун нуқтаи ниҳоии тамоми кӯшишҳои ҳукумат дар самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Натиҷаҳои чашмдошт инҳо мебошанд: — дар тамоми манотиқи кишвар татбиқи ҳуқуқҳои асосии инсон – ҳуқуқ ба зиндагии сазовор ва сифати зиндагӣ аз ҳисоби сиёсати бартараф намудани тафовутҳои минтақавӣ ва таъмин намудани аҳолии минтақаҳо ба дастрасии хизматрасониҳои муҳими заминавӣ: маълумоти ибтидоӣ, хизматрасонии аввалияи тиббӣ, таъминот бо ҳама намудҳои захираҳои энергетикӣ ва оби нӯшокӣ, шабакаҳои муносиби корезӣ ва ғайра; 43 — ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳо ба инобат гирифта шуда, воридоти андозҳо ба низоми мақомоти худидоракунии маҳаллӣ таъмин мегардад, ки онҳо хизматрасониҳои босифатро пешниҳод мекунанд, инчунин аз нуқтаи назари аҳолӣ мушкилиҳои пайдошудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологиро фавран ҳаллу фасл мекунанд; — дар минтақаҳои кишвар асосҳои институтсионалӣ барои урбанизатсия аз ҳисоби беҳтар намудани сифати банақшагирии рушди шаҳр, бурдани сиёсати оқилонаи заминистифодабарӣ, пойдор намудани ҳуқуқҳои молу мулкӣ, инчунин куллан беҳтар намудани вазъи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва иншооти муҳандисию техникии инфрасохтори маҳаллаҳои аҳолинишин ташаккул дода мешаванд; — ба минтақаҳои кишвар дастрасии доимӣ ба ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ бо нархҳои дастрас ва босифат таъмин карда мешавад. Тамоми минтақаҳои кишвар бо роҳҳои мумфарш, ки дар давоми сол дастрасанд, пайваст мешаванд. Дастрасии васеъ ба интернет тавассути хати нурӣ ва алоқаи устувори мобилӣ имкониятро барои кор дар асоси дастрасии дар масофаи дурдаст фароҳам меоварад; — дар минтақаҳои деҳот иқтисоди бисёрсоҳавии он ташаккул ёфта, дар он хоҷагиҳои кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои фермерӣ шаҳрҳоро бо маҳсулоти хӯрока таъмин мекунанд ва бомуваффақият бо хоҷагиҳои шахсии ёрирасон, ки ба бозорҳои маҳаллӣ маҳсулоти кишоварзии босифат ва табииро мерасонанд, ҳамкорӣ менамоянд; — мониторинги таъсирбахшии чорабиниҳои банақшагирифташуда ва арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, аз ҷумла мониторинги мустақил аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии фаъол мунтазам гузаронида мешавад; — дар минтақаҳо беҳтар шудани вазъи экологӣ ба назар мерасад: майдони ҷангалзорҳо ва боғот васеъ шуда истодааст, дарёҳо ва обанборҳо тозаанд; партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳӣ ҷамъ ва безарар гардонида шудаанд; партовҳои сокинони шаҳр коркард шуда, манбаи боарзиши ашёи хом барои коркарди минбаъда маҳсуб меёбанд; — барномаи маҷмӯии давлатии рушди минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ
Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад. Он дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро (дар муқоиса бо захираҳои табиӣ, сармояи воқеӣ ва молиявӣ) ишғол мекунад. Аз ин рӯ, рушди сармояи инсонӣ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Принсипҳои калидии самти мазкури фаъолият бо талоши ҳалли маҷмӯи вазифаҳои рушди сармояи инсонӣ ва сифати зиндагӣ, инчунин фароҳам овардани заминаҳои устувор барои ташаккули донишҳои иқтисодӣ алоқаманд 44 мебошанд. Вазифаҳои асосии рушди сармояи инсонӣ дар давраи дарозмуҳлат инҳо хоҳанд буд: — пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт; — фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ. Биниши рушди минбаъдаи сармояи инсонӣ дар хусусиятҳои зерин мушаххас карда мешавад: 1) шумораи аҳолии доимӣ тақрибан 11,6 млн. нафарро ташкил медиҳад. Давомнокии миёнаи умр на кам аз 76 солро ташкил медиҳад. На кам аз 99 фоиз аҳолии калонсоли доимӣ ҳадди ақал дорои тахсилоти миёна мебошад. На кам аз 50 фоиз аҳолии дар иқтисодиёт машғулбударо аҳолии дорои таҳсилоти олӣ ташкил медиҳад. Дар тамоми соҳаҳои пешбари иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши давлатии иқтисодиёт афзоиши маҳсулнокии меҳнат ва музди меҳнат, бехатарии меҳнат таъмин мегардад; 2) аз рӯи таснифоти асосии сифати зиндагӣ, ба монанди саломатӣ, некӯаҳволии моддӣ, сатҳи шуғл, баробарии гендерӣ, амният ва кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин мегардад, ҷумҳурӣ мақоми кишварҳои дорои сатҳи миёнаи даромадро ба даст овард, ҳиссаи аҳолии дорои даромади паст кам аз 12%-ро ташкил медиҳад; 3) инкишофи ҷараёнҳои фардикунонии хизматрасониҳо, нигоҳ доштани гуногунӣ ва имкониятҳои интихоб дар соҳаи маорифу тиб тавассути ҳавасмандгардонии рақобат ва ислоҳоти институтсионалӣ; 4) дар соҳаи маориф, илми фундаменталӣ ва амалӣ пешрафти назаррас таъмин гардид. Низоми мунтазами таҳсилоти умумӣ ва касбии бунёдшуда кадрҳои “қавӣ”-ро ташаккул медиҳад ва ба талаботи иқтисодиёт ҷавобгӯ мебошад, макотиби олии соҳавӣ, ки дар фазои илмию таҳсилотии ҷаҳон дорои мақоми худ мебошанд амал мекунанд, “иқтисоди дониш” ташаккул ёфта истодааст; 5) сатҳи маданиятнокии аҳолӣ баланд бардошта шуда, модернизатсияи фазои фарҳангӣ, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, ҳамбастагии фарҳанги анъанавӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, сармоягузориҳо дар рушди инфрасохтори эҷодиёт ва фароғатӣ-фарҳангӣ таъмин карда мешавад; 6) муҳити атроф ба беҳтар шудани солимии аҳолӣ, идома ёфтани марҳилаи фаъоли ҳаётгузаронӣ мусоидат мекунад. Афзалиятҳо дар рушди сармояи инсонӣ инҳоянд: (1) ислоҳоти низоми маориф ва илм, ки ба таъмин намудани баробарӣ ва дастрасӣ ба тахсилот; баланд бардоштани сифат дар тамоми сатҳҳои таҳсилот; беҳтар намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф; таъсис ва рушди шабакаи миллии касбии тадқиқотҳои илмию техникӣ бо такя ба технологияҳои каммасрафи захираҳо дар шароити зиёд будани қувваи корӣ ва кӯҳсор будани кишвар; таҳким ва истифодаи самарабахши татбиқи нерӯи илмии кишвар нигаронида шудааст; (2) таъмини солимии аҳолӣ дар чорчӯбаи сифати зиндагӣ, ки гузаронидани ислоҳоти муназзамро дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, инкишофи 45 захираҳои низоми тандурустӣ, ҷорӣ намудани моделҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим пешбинӣ мекунад; (3) таҳкимдиҳии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки таҷдиди институтсионалии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини устувории дарозмуҳлати низоми нафақа, мувофиқат намудани самтҳои фаъолият ҷиҳати муҳофизат ва ҳавасмандгардонии имкониятҳои хусусият дар раванди ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири аҳолӣ; (4) баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор дар асоси модернизатсияи низоми дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг ва санъат, нигоҳ доштани гуногунии фарҳангӣ ва забонӣ; рушди сармояи инсонии ҷавонон, баланд бардоштани нерӯи эҷодии онҳо ва мусоидат ба ошноӣ бо дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва санъат; ташаккули фарҳанги инноватсионии соҳибкорӣ; таъмини рушди ягонаи фазои фарҳангӣ дар заминаи нигоҳ доштан, эҳё намудан ва рушди анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ дар солҳои истиқлолият, арзишҳои умумиинсонӣ; (5) ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ тавассути баланд бардоштани дастрасӣ ба манзил; рушди низоми хизматрасониҳои коммуналӣ; дастрасии шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, тақвияти ҳавасмандиҳо барои аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист; рушди низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ; (6) коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ бо назардошти рушди низоми таъмини рушди фарогир ва коҳишдиҳии нобаробарӣ, кам намудани нобаробарии гендерӣ ва таъмини некӯаҳволии кӯдакон. 4.1. Маориф ва илм Зарурати ташаккули салоҳиятҳои устувор ва навовариҳо шарти муҳими таъмини пешрафти воқеӣ ва дарозмуҳлат шуда истодааст. Ҳамзамон сухан на танҳо дар бораи баланд бардоштани дастрасӣ ба тахсилот ва навовариҳо, балки дар бораи сифати таҳсилот ва натиҷанокии илм меравад. Дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми маорифи ҷумҳурӣ бояд дар принсипҳо ва талаботҳои асосии зерин асос ёбанд: — тамоми сатҳҳои таҳсилот бояд ба стандартҳои сифат ҷавобгӯ бошанд; — таҳсилоти томактабӣ бояд ба инкишофи барвақтии кӯдакон мусоидат намуда, барои қишри васеи аҳолӣ дастрас бошад; — таҳсилоти мактабӣ, ки барои сармояи инсонӣ заминаи асосӣ мебошад, бояд на танҳо дониш диҳад, балки салоҳият, малакаҳоро ташаккул диҳад ва ташаккулёбии шакли тафаккури инноватсионӣ ва тарбияи ватандӯстиро таъмин намояд; — сифат ва миқёси таҳсилоти касбӣ бояд рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин намояд; — байни низоми маориф ва бозори меҳнат бояд алоқаи зич бошад, ки мувозинаи пешниҳоди мутахассисони дараҷаи мухталифро аз рӯи талаботи бозори меҳнат таъмин кунад; — бунёди иқтидори инноватсионӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашии худмаблағгузор, ки бо истеҳсолот алоқаи зич доранд; 46 — фаъолсозии корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва суботи экосистемаҳои кӯҳӣ (офарандаи ҷараёни об); — низоми маориф дар тамоми сатҳҳо бояд барои ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат намояд. Афзоиши пайвастаи демографӣ боиси зиёдшавии шумораи кӯдакон ва ҷавонон мегардад. Шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола то соли 2030 1137,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2015 ба 255,0 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд аз 12% то 40% зиёд шавад, аз ҷумла дар шаҳр ва деҳот мутаносибан 70% ва 30%. Шумораи кӯдакони синни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ҳамасола ба ҳисоби миёна 2,3% афзоиш меёбад ва шумораи онҳо то соли 2030 ба 2,58 млн. нафар мерасад. На кам аз 30% хатмкунандагони мактабҳо (ҳамасола тақрибан 58,0 ҳазор нафар) бояд ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб гарданд, ки барои ин тақрибан ду баробар тақвият додани иқтидори сатҳи таҳсилоти мазкур лозим аст. Бо назардошти зарурати инкишоф додани низоми бозомӯзӣ/баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони сатҳи миёнаи ихтисосҳои корӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, сарборӣ ба шабака на кам аз ду маротиба зиёд мешавад ва агар талаботро нисбат ба баланд бардоштани сифати таълим ба инобат гирем, зарурати таҷдиди ҷиддии низом маълум мегардад. Таҳсилоти олӣ бо дигар сатҳҳо бояд мутавозин гардонида шавад, то ки талаботи бозори меҳнатро инъикос намояд. Зарурати таъмини самаранокии захираҳо ва нерӯи энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ тоза барои таъмин намудани рушди устувор таҳсилоти муносиб ва омӯзиши дахлдорро талаб мекунад. Ҳамзамон дар доираи такмилдиҳии сохтори маориф, зиёд намудани шумораи хатмкунандагон дар бахши ихтисоси муҳандисию техникӣ ва илмҳои табиӣ зарур мебошад. Дар маҷмӯъ, фарогирӣ бо маълумоти олии касбӣ бояд то 30 фоиз афзоиш ёбад. Рушди барномаҳои соҳавии бозомӯзӣ имкон медиҳад то одамон барои кор аз рӯи ихтисосҳои афзалиятнок тайёр карда шаванд. Айни замон, малакаҳои на кам аз 35-40 фоиз мутахассисон ба ҳисоби миёна ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ нестанд. Дар давоми 5 соли ба ҳисоби миёна оянда ҷалб намудани на кам аз 115,0 ҳазор нафар ба барномаҳои бозомӯзӣ зарур мебошад. Таҷдиди иқтидори миллии тадқиқотҳои илмӣ, рушди “мактабҳои илмӣ”-и миллӣ ба таъмин намудани пешрафти босуръати инноватсионӣ ва технологӣ равона хоҳад шуд. Низоми маориф ва илм рушди сармояи инсониро таъмин мекунад. Захираҳои калидии рушди низоми маориф ва илм бояд инҳо бошанд: инноватсияҳо ва салоҳият; ҷалбкунӣ ба раванди таълими бахши хусусӣ; иштироки волидайн дар раванди таълим; идоракунии самарабахш дар асоси алоқаи мутақобила, инчунин алоқаи зич бо бахши воқеии иқтисодиёт. “Нуқтаҳои” асосии пешрафти назарраси институтсионалӣ инҳоянд: — шаклҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла, ғайридавлатӣ); — марказҳои эҷодиётии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ҳамчун муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ; 47 — низоми таҳсилоти фарогир; — рушди низоми кумаки унвонӣ ба хонаводаҳои камбизоат дар самти ҳавасмандгардонии таҳсилоти кӯдакон; — дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва лоиҳаҳои ҷавонон оид ба баланд бардоштани/татбиқи нерӯ; — кластерҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ аз рӯи бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт – кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт. Мушкилоти асосии низоми маориф ва илм — дараҷаи масъалаҳои дар назди низоми маориф гузошташуда ба имкониятҳои он мутобиқат намекунад, ба он барои пурра иҷро намудани вазифаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон имкон намедиҳад; — нигоҳ доштани сегменти кӯдакони синни мактабӣ, ки бо таҳсилот (бахусус дар синфҳои болоӣ) ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ (бахусус, духтарони дар деҳотбуда) фаро гирифта нашудаанд; — мавҷуд будани хавфи тақвияти нобаробарӣ дар таҳсилот бо дарназардошти нобаробарии гендерӣ; — афзоиши сатҳи маълумотнокӣ тавассути дароз намудани муддати таҳсил ва баланд бардоштани самаранокии ҷараёни таҳсил захираҳои бузургро талаб мекунад, ки дар навбати худ ҷустуҷӯи модели муносиби дастгирӣ ва рушди системаро талаб менамояд; — зарурати таъмини рушди мунтазами касбӣ ҷой дорад, лекин дар шароити рушди нокифояи асосҳои институтсионалӣ амалӣ намудани он мушкил аст; — бадшавии сохтори синну солии кормандони корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ (КИТТЛ) ба самти бартарияти кормандони “солхӯрда”. Ба омилҳои боздорандаи пешравии соҳаи маориф инҳо дохил мешаванд: сатҳи пасти дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, бахусус дар деҳот барои қишри осебпазири аҳолӣ; такмил наёфтани заминаи меъёрӣ барои фароҳам овардани фазои рақобатнок дар низоми маориф; ҷолиб набудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ҷавонон; рушд наёфтани низоми иштироки ҷомеаи соҳибкорӣ дар чорабиниҳои алоқаманд бо ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ. Афзалиятҳо Барои таъмини пешрафти назаррас дар инкишофи низоми маориф ва илм чунин афзалиятҳо муайян гардиданд: (1) таъмин намудани баробарӣ ва дастрасии маълумот; (2) баланд бардоштани сифат дар тамоми сатҳҳои таҳсилот; (3) афзун намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф; (4) рушди марказҳои миллии илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию лоиҳакашӣ; (5) таҳкимдиҳӣ ва татбиқи самарабахши нерӯи илмии кишвар. Самтҳои асосии фаъолият 48 Ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар рушди афзалиятноки соҳаи маориф ва илм тадбирҳои зерин муайян шудаанд: Дар самти таъмини баробарӣ ва дастрасии таҳсилот: — маҷмӯи тадбирҳо оид ба сохтмон ва барқарорсозии муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ дар шаҳру деҳот бо таъмини рушди мувофиқи инфрасохтори дахлдор (таъмини гармӣ, нерӯи барқ, об, беҳдошт ва гигиена, воситаҳои иттилоот ва алоқаҳои роҳ) амалӣ мегардад; — мукаммал намудани механизмҳо оид ба тавсеа додани дастрасии духтарону занон ва аққалиятҳои миллӣ ба зинаҳои мухталифи таҳсилот; — фароҳам овардани муҳити рақобатнок дар соҳаи маориф; — ҳавасманд гардонидани рушди низоми дастгирии таҳсилоти фарогир, аз ҷумла дар самти бунёди инфрасохтори мактабии бемонеа, тартибдиҳии маводҳои таълимии мувофиқ ва низоми тайёр намудани мутахассисон; — инкишоф додани маҷмӯи ҳавасмандгардониҳо ва имкониятҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани таъминот бо ғизо (хонандагони синфҳои ибтидоӣ) ва бо китобҳои дарсии замонавӣ (махсусан кӯдакони ятим, кӯдакони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони дорои талаботи махсус), рушди низоми кумаки унвонӣ ба хонаводаҳои камбизоат дар самти ҳавасмандгардонии таҳсили кӯдакон; — бунёди низоми дастгирии рушди таҷҳизонидашавии технологии раванди таҳсил; — ташкили низоми иловагии таҳсилоти касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос барои ҳама синну сол тавассути дастгирии ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи таҳсилоти ғайрирасмӣ, маблағгузории барномаҳои такмили ихтисос дар соҳаи буҷетӣ, ташаккули ҳайати мушовирони таълимӣ; — бунёди низоми муайянкунӣ ва дастгирии кӯдакон ва ҷавонони лаёқатманд. Дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи сатҳҳо дар заминаи таҳия, қабул ва ҷорӣ намудани Механизми нави арзёбии натиӣаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти таӣрибаи байналмилалӣ ба таври шаффоф ва ба роҳ мондани маблағгузорӣ ва дастгирии давлатии муассисаҳои таълимӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асоси натиҷаҳои арзёбии зикршуда: Дар соҳаи таҳсилоти умумӣ: — таъмини самаранокии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, ҳавасмандгардонии ҷолибият ва самаранокии фаъолияти педагогӣ; — ташаккули низоми ягонаи санҷиши дониши хонандагон, аз ҷумла бо мақсади ба роҳ мондани муқоисаҳои байналмилалӣ; — рушди механизмҳои арзёбии сифати таҳсилот дар сатҳи ниҳодӣ (экспертизаи ҷамъиятию касбӣ, низоми худбаҳодиҳии муассисаҳо ва мониторинги мунтазами вазъу тамоюлҳои рушди таҳсилот бо назардошти меъёрҳои фарогирӣ ва рақобатнокӣ); — таъмин намудани ҷорӣ ва гузаронидани мониторинги талабот ва стандартҳои давлатӣ оид ба сифати таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ; 49 — таъмини дастрасии ҳамаҷонибаи тамоми муассисаҳои таҳсилоти мактабӣ ба шабакаи интернет ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти синфҳои дарсӣ бо таҷҳизоти компютерӣ; — таъмини шабакаи электронӣ аз рӯи бештари фанҳои дарсӣ ва ҳаматарафа ҷорӣ намудани шаклҳои фаъоли омӯзиш бо истифода аз технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ; — таҳия ва амалисозии барномаҳое, ки ба беҳтар намудани дониши забонҳои хориҷӣ нигаронида шудаанд; — рушди соҳаи таҳсилоти иловагии кӯдакон тавассути рушди марказҳои эҷодии кӯдакон ва ҷавонон, ки ба инкишофи дониш, маҳорату малака, баланд бардоштани ҳамкории давлатӣ ва ғайридавлатии шаклҳои таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла таъмини таҷрибаи мутақобила, ҷорӣ ва истифодаи таҷрибаю усулҳои беҳтарин, гузаронидани чорабиниҳои муштарак нигаронида шудааст; — ташаккули механизҳои дастгирии навовариҳо, озмунҳои оммавӣ, мусобиқаҳо ва олимпиадаҳо дар низоми таҳсилоти мактабӣ. Дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва олӣ: — рушди низоми аттестатсияи муаллимон ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ; — таъмини тағйирпазирии барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар асоси ҷорӣ намудани низоми таҳияи модулии барномаҳо; — таъмини иртиботи дониши касбӣ ва малакаи амалӣ (ташаккули стандартҳои таълимӣ ва касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун бо ҷалби корхонаву ташкилотҳо, пешбурди ҷараёни таҳсилот бо истифода аз иқтидорҳои корхонаҳои азим, ташкили майдончаҳои истеҳсолии таълимӣ); — дастгирии рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг сохта шудааст (таҳкими заминаи моддию техникӣ, алоқа бо корхона ва ташкилотҳо – корфармоёни ояндаи хатмкунандагон, рушд ва баланд бардоштани самаранокии низоми машварати касбии ҷавонон, ташкили низоми озмунҳои минтақавӣ аз рӯи ихтисосҳои корӣ – Woқld Skills Tajikistan); — пурзӯр намудани тахассуси соҳавии мактабҳои олӣ бо бунёди нерӯи пуриқтидори корҳои илмию тадқиқотӣ ва амалию таҷрибавӣ; — ошкор намудани талабот ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави таълимӣ, ки ба таъсиси ихтисос ва бозомӯзӣ ҷиҳати истифода аз технологияҳои ба муҳити зист, ба самаранокии нерӯю захираҳо алоқаманд мебошад, ки ба ҳайати кадрӣ барои “шуғли сабз” равона шудааст; — андешидани як қатор тадбирҳо дар самти таъмини дастрасии маъюбон ба таҳсилоти касбии босифат; — пурзӯр намудани ҷузъҳои тадқиқотӣ ва ҳамгироии байналмилалии таҳсилоти касбӣ. Дар самти афзун намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф: — ташкили устувори меъёрию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи инкишофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар бахши маориф; 50 — ташаккули низоми устувори ҳавасмандгардонии афзоиши сармоягузориҳо дар ҳамаи зинаҳо/сатҳҳои таҳсилот; — ҷорӣ намудани механизми идоракунӣ аз рӯи натиҷаҳо, яъне амалу фаъолиятҳои таъмини самаранокии барномаҳои рушди таҳсилот, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мегарданд; — таъмини шаффофияти равандҳои идоракунии молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани механизмҳо ва шаклҳои ҳисоботдиҳии ошкоро дар бораи фаъолияти муассисаҳо. Дар самти рушди марказҳои миллии корҳои илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию лоиҳакашӣ: — ташкил ва дастгирии сохторҳои муттаҳиди илмию таълимӣ, комплексҳои донишгоҳӣ ва байнидонишгоҳӣ, марказҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ; — рушди инфрасохтори инноватсионӣ – шабакаҳои интиқоли технологияҳо, миёнаравҳои технологӣ, низомҳои экспертиза, сертификатсия, стандартизатсия ва аккредитатсия; — ташаккул ва ҷорӣ намудани низоми ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълим ва тадқиқот; — дастгирии ҳамкориҳои илм бо соҳибкорӣ; — ташаккул ва таъмини фаъолияти консорсиуми давлатию хусусии корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ (КИТТЛ), ҳавасмандгардонии паҳнкунӣ/интиқоли навовариҳо ва тадқиқотҳои амалӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ; — тадбирҳои байнисоҳавӣ, ки ба фаъолсозии корҳои илмию тадқиқотӣ — фаъолсозии механизмҳои ҳавасмандгардонии навовариҳо (ҳам дар корхонаҳои бузург, ҳам дар бизнеси хурд), ташаккул ва татбиқи низоми худии афзалиятҳои сиёсати технологии кишвар равона шудаанд. Дар самти таҳкимдиҳӣ ва татбиқи самарабахши нерӯи илмии кишвар: — таҳия ва амалисозии Консепсияи дарозмуҳлати тақвияти нерӯи илми ватанӣ барои давраи то соли 2030; — муайян намудани афзалиятнокии тадқиқотҳои фундаменталӣ (заминавӣ) аз рӯи соҳаҳо бо баланд бардоштани мутамарказии нерӯи илмӣ; — ташаккули маҷмӯи тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба илм ва то ҳаддалимкон дароз намудани давраи фаъолияти олимон ва мутахассисони табақаи синну солашон калон; — дастгирии рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ; — андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ гардонидани нерӯи илмӣ ва аз байн бардоштани монеаҳо вобаста ба эътирофи унвонҳои илмии хатмкунандагони донишкадаю донишгоҳҳои хориҷӣ. Натиҷаҳои чашмдошт — афзоиши сатҳи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ новобаста аз маҳали истиқомат ва сатҳи даромади хонаводаҳо таъмин карда мешавад; — 100 фоиз кӯдакони (писарон ва духтарон) синну соли дахлдор то соли 2030 дорои таҳсилоти миёнаи пурра мешаванд; 51 — то соли 2030 шумораи муаллимони соҳибихтисос ба 20 фоиз афзоиш меёбад, аз ҷумла тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тайёр намудани муаллимон; — гирифтани хизматрасониҳои ройгони таҳсилоти иловагӣ барои на кам аз 50 фоиз кӯдакони синну соли аз 5 то 18 сола таъмин карда мешавад; — фарқият дар сатҳи маълумоти касбии мардону занон ва аҳолии деҳоту шаҳр коҳиш меёбад: — иштироки на кам аз 30 фоиз шаҳрвандони синни қобили меҳнат дар таҳсили мунтазам таъмин карда мешавад; — арзёбии мустақили сифати таҳсилот ҷорӣ карда мешавад; — сатҳи тахассусии муаллимон такмил дода шуда, ҳавасмандгардонии беҳтари ҳайати омӯзгорон, бахусус дар деҳот таъмин мегардад; — инфрасохтори мактабӣ, лабораторияҳо ва дигар таҷҳизоти таълимӣ таҳким ва беҳтар карда мешаванд; — дастрасии беҳтар ва сифати таҳсилот барои кӯдакони маъюб ва талаботи махсусдошта таъмин карда мешавад; — истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ барои соҳаи маориф таъмин мегардад; — меъёрҳои муҳимтарин дар бахши илм риоя мегарданд, аз ин ҳиссаи хароҷотҳои умумӣ ба илм нисбат ба ММД (на кам аз 1,5 фоиз), таносуби музди меҳнат ба илм, хизматрасониҳои илмӣ ва умуман дар иқтисодиёт машғулбуда (на кам аз 1,25:1), ҳиссаи дар тадқиқоту истиробкориҳо машғулбуда дар сатҳи на кам аз 0,6-0,65 фоиз нигоҳ дошта мешавад, ҳиссаи ширкатҳои машғули корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ (КИТТЛ) на кам аз 15 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ расидан ба натиҷаҳои чашмдошт ба фароҳам овардани шароит барои фаъол намудани механизми ташаккул ва инкишофи «иқтисоди дониш» мусоидат хоҳад кард. 4.2. Солимӣ ва дарозумрӣ Ислоҳот дар низоми тандурустӣ ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва ғизохӯрӣ равона шудааcт. Барои ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нави технологӣ ҷаҳду кӯшишҳои зиёд сарф шуда истодаанд. Соли 2015 давомнокии эҳтимолии ҳаёт ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 73,5 сол (аз ҷумла 71,7 сол барои мардон ва 75,5 барои занон)-ро ташкил намуд. Дар давоми солҳои 2007-2015 аз рӯи нархҳои доимӣ хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ 6,3 маротиба афзоиш ёфт. Ва айни замон маҷмӯи хароҷотҳои давлат барои соҳаи тандурустӣ 2,1 фоиз нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи хароҷоти кишварҳои дорои ҳаҷми наздики ММД ба ҳар нафар аҳолӣ баробар аст. Афзоиши даромадҳо ва шумораи аҳолии табақаи миёна талаботҳоро ба сифат ва дигаргуншавии хизматрасониҳои тиббӣ баланд мебардорад. Таъсири бемориҳои ғайрисироятӣ бинобар пир гаштани аҳолӣ зиёд мегардад, агар мушкилиҳо, яъне таъсири манфии истеъмоли тамоку, фаъолияти 52 заифи обу тоби бадан, ғизохӯрии нодуруст ва истеъмоли машрубот, ки ба саломатӣ зарар дорад, боқӣ монад. Дар ояндаи дарозмуҳлат масъалаи баланд бардоштан ва 100 фоиз нигоҳ доштани таъминоти аҳолӣ бо кумаки аввалия табибон гузошта мешавад. Ислоҳоти асосӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад. Барои ноил шудан ба афзалиятҳои миллии рушд дар соҳаи тандурустӣ сатҳи умумии хароҷотҳоро ба ин соҳа зарур аст то соли 2030 ММД ба 2-2,5 банди фоизӣ бояд баланд бардошта шавад. Дар баробари ин вазифа ба баланд бардоштани сифати ташхис ва ҳамаи намудҳои кумаки тиббӣ, самтгирии соҳа ба тибби профилактикӣ гузошта мешавад. Таъмини солимии аҳолӣ масъалаи байнисоҳавӣ буда, ҳалли он аз саломатӣ ҳангоми таваллуд, саводнокӣ ва тарзи зиндагӣ, ҳолати экологии муҳити зист, шароити меҳнат, мукаммалии истеъмоли ғизо, дараҷаи некӯаҳволӣ ва самаранокии низоми тандурустӣ вобастагӣ дорад, аз ин рӯ равиш ва роҳҳои ҳалли он бояд маҷмӯӣ бошад. Нуқтаҳои асосии пешрафти назарраси институтсионалӣ дар соҳа: — муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ; — ташаккули низоми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ; — таҳия ва татбиқи муносибати маҷмӯӣ дар таъмини солимӣ ва биобехатарӣ дар доираи консепсияи “Солимии ягона”; — барномаи мақсадноки тарзи ҳаёти солим; — барномаҳои мақсадноки рушди варзиши кӯдакон; — бунёди кластери байниҳудудии тиббию эҳёгарӣ дар заминаи иқтидори рекреатсионии ҷумҳурӣ. Мушкилоти асосӣ — нокифоя будани натиҷанокии фаъолияти низоми тандурустӣ, ки дар навбати худ азнавкунии доимии технологияҳо ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони тиббиро талаб мекунад; — суст будани рағбати кормандон ба фаолияти касбӣ; — нокифоя будани маблағгузориҳои давлатӣ барои нигоҳ доштани сатҳи баланди кафолатҳои давлатӣ, ҳиссаи маблағгузории хусусӣ назаррас мебошоад; — тафовут дар сатҳи дастрасӣ ва хизматрасонии тиббӣ аз рӯи намудҳои махсусгардонидашудаи кумак ба аҳолии деҳот ва шаҳр ҷой дорад; — заифии низоми миллии назорати байторию санитарӣ ва фитосанитарии маҳсулоти хӯрока; — сатҳи пасти фаъолияти ҳавасмандгардонии аҳолӣ оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо. Афзалиятҳо Омили муҳими афзун гардонидани сармояи инсонӣ дар робита бо таъмини солимӣ ва дарозумрӣ аз амалӣ намудани афзалиятҳои зерин мебошад: (1) дигаркуниҳои муназзам дар соҳаи тандурустӣ; 53 (2) беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббию санитарӣ; (3) инкишофи захираҳои соҳаи тандурустӣ; (4) ҷорӣ намудани моделҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим. Самтҳои асосии фаъолият: Тадбирҳои зерин ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар таъмини солимӣ ва дарозумрӣ муайян шудаанд: Дар самти дигаргуниҳои муназзам дар соҳаи тандурустӣ: — ҷорӣ намудани механизмҳои суғуртавии маблағгузорӣ; — бунёди заминаи устувори меъёрию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи инкишофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ; — ташаккули муҳити рақобатнок дар бозори хизматрасониҳои тиббӣ; — ташкили низоми кафолатҳои давлатии расонидани кумаки тиббии ройгон, ки имконияти пӯшонидани хароҷоти кумаки фаврӣ ва муолиҷаи бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро фароҳам оварда, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ барои гурӯҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир таъмин мегардад; — дастгирии таъсиси марказҳои бузурги тиббии махсусгардонидашудаи илмию таҷрибавии дорои технологияҳои муосир, ки дар асоси маблағгузории омехта фаъолият мебаранд; — таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои бемор ва кормандони тиб. Дар самти беҳтарсозии дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ: — таҳия, қабул ва ҷорӣ намудани механизми нави арзёбии натиҷаҳои фаъолияти табибон ва муассисаҳои тиббӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ба таври шаффоф ва ба роҳ мондани маблағгузориву дастгирии давлатии муассисаҳои тиббӣ дар асоси натиҷаҳои чунин арзёбӣ; — навсозии муассисаҳои кумаки аввалия ва фаврии санитарию тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот; — таъмини самаранокии ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамкориҳои соҳаи тандурустӣ бо низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ; — навсозии инфрасохтори таъмини оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, барқтаъминкунӣ, низоми ғизохӯрӣ, бахусус дар минтақаи деҳот ва шаҳрҳои хурд ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини кумаки босифати тиббӣ ва дастрасӣ ба он; — татбиқи маҷмӯи тадбирҳои ба таҳкими солимии кӯдак ва коҳишдиҳии фавти навзод ва кӯдак равонашуда; — таҳкими низоми таъмини саломатии репродуктивӣ ва модар; — рушди низоми кумаки профилактикӣ, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ва риоя нашудани истеъмоли ғизо; — ташаккул ва инкишофи нақшаҳо/модели таъминот бо доруворӣ, баланд бардоштани сифат, таъсирбахшии дорувориҳо; — дастгирии таъсиси марказҳои махсусгардонишудани эҳёгарӣ, барқарорсозии саломатӣ, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд (маъюбон); 54 — ҳавасманд намудани рушди шаклҳои махсуси соҳибкории хурд, аз ҷумла ҳамчун воситаи дастгирии шахсоне, ки машғули нигоҳубини маъюбонро таъмин менамоянд; — таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок дар ВАО барои инкишофи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми шахсони маъюб дар ҷамъият. Дар самти инкишофи захираҳои соҳаи тандурустӣ: — вусъат ва такмилдиҳии ҷойгиркунии шабакаҳои амбулаторӣ, марказҳои ташхис ва беморхонаҳо дар саросари кишвар; — ҷорӣ намудани аудити клиникӣ ҳамчун тадбири таъмин намудани сифат, аз ҷумла сертификатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои тиббӣ; — таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасонии тиббӣ барои ташхис ва табобати бемориҳои бештар паҳншуда; — ҷорӣ намудани низоми самараноки мониторинги маблағҳои равонашуда ба соҳаи тандурустӣ; — такмилдиҳии низоми баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони тиб ва пардохти хизматрасониҳои муассисаҳои тиббӣ; — таҳкими иқтидор, такмили низоми миллии назорат, аз ҷумла пешгӯӣ, огоҳонии бармаҳал ва эътино ба эпидемия; — таҳия ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии иттилооти тиббӣ барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва мубодилаи маълумот дар бораи беморон (низоми ягонаи маълумоти идоракунии тандурустӣ, ки дар асоси барномаи махсуси электронӣ (DHIS2) дар сатҳи деҳот амал мекунад; феҳристҳои электронӣ барои назорати саломатии занони ҳомила ва бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим); — таъмини дастрасии кормандони тиб ба захираҳо ва иттилоот ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти сифатноки касбӣ; — таъсис ва рушди низоми марказҳои минтақавии фаъолияти сайёҳию фароғатӣ; — ҳавасмандгардонии рушди корҳои илмию тадқиқотӣ, ташаккули модели дарозмуҳлати маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ дар низоми тандурустӣ. Дар самти ҷорӣ намудани моделҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим: — ташаккул ва татбиқи низоми пешбурди чорабиниҳои профилактикӣ; — мусоидат ба равона кардани сармоягузорӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш; — тавсеа додани дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот дар соҳаи ғизохӯрӣ барои беҳтар намудани нигоҳубин ва таҷрибаи ғизодиҳӣ, инчунин истифодаи маҳсулоти ғанигардонидашудаи хӯрока ба монанди намаки йоднокшуда; — такмили таҷрибаи беҳдошт ва санитария дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва риоя нагаштани истеъмоли ғизо; — ташаккули таҷрибаи миллии ба низоми ҷаҳонӣ ҳамгиро шудаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрока, ки дар доираи он рушди хизматрасонии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ таъмин мегардад; — мониторинг ва ҳавасмандгардонии коҳишдиҳии сатҳи ифлосшавии об, ҳаво ва хок. Натиҷаҳои чашмдошт — масъалаҳои таносуби хизматрасониҳои пулакӣ ва ройгони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тиббӣ аз нигоҳи қонунгузорӣ ва қолабӣ муайян 55 мешаванд дар натиҷа ҳифзи беҳтари ҳуқуқи беморон дар асоси Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ, ҷорӣ намудани низоми тибби суғуртавӣ таъмин карда мешавад; — дастрасӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ, аз ҷумла барои аҳолии камбизоат ва дар деҳот беҳтар мегардад; — беш аз 90% стандартҳои асоснок ва тасдиқшудаи расонидани намудҳои зиёди хизматрасониҳои тиббӣ истифода мешаванд; — гирифтор ба касалӣ ва фавт аз бемориҳои сироятӣ ва инвазионӣ, аз ҷумла бемориҳои бо ваксина идорашаванда ва паҳншудаи зооантропозӣ (бахусус дар байни аҳолии камбизоат ва дар деҳот) коҳиш дода мешавад; — фавти бармаҳал аз бемориҳои ғайрисироятӣ, бахусус дар байни аҳолии камбизоат ва дар деҳот кам мегардад; — паҳншавии камғизоии музмин (қадпастӣ ва лоғарӣ), инчунин норасоии микроэлементҳо дар байни аҳолӣ, бахусус дар байни кӯдакон ва зани қобили таваллуд кам мегардад; — таҷрибаи нигоҳубин ва ғизодиҳӣ дар сатҳи оила, ба монанди синамаконӣ дар байни тифлони то 6 моҳа беҳтар мегардад; — низоми тайёр намудани мутахассисони тиббӣ беҳтар гашта, сатҳи баланди омодагии касбии мутахассисони соҳа мушоҳида мешавад; — механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ беҳтар мегардад; — нақши илми тиб дар мукаммал намудани таҷрибаи тандурустӣ баланд бардошта мешавад; — дар фаъолияти низоми тандурустӣ технологияҳои инноватсионӣ ҷорӣ карда мешаванд; — барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсони маъюб таъмин карда мешаванд; — шумораи кӯдакони маъюб, ки дар муассисаҳои махсусгардонидашуда барои ин гуна кӯдакон табобат гирифтанд, соли 2030 на кам аз 50% шумораи умумии кӯдакони маъюбро ташкил хоҳад дод; — сатҳи фавти модар то 20 ҳодиса ба 100 ҳазор зиндатаваллуд коҳиш дода мешавад; — ҳаҷми маблағгузории тандурустӣ то 4,4% нисбат ба ММД зиёд гашта, интихоби минбаъда, ташаккул, омодакунӣ ва нигоҳдории мутахассисони соҳаи тиб таъмин карда мегардад; — нишондоди шумораи нафароне, ки ба таъмини оби нӯшокӣ, беҳдошт ва санитария дастрасии доимӣ надоранд, ду маротиба коҳиш хоҳад ёфт. Умуман, ноил гаштан ба натиҷаҳои чашмдошт ба ташаккули механизмҳои таъмини афзоиши давомнокии умри солимии аҳолӣ новобаста аз минтақаи зист мусоидат мекунад. 4.3. Ҳифзи иҷтимоӣ Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои рушди сармояи инсонӣ шароит фароҳам меоварад. 56 Мушкилоти асосӣ — афзоиши сарбории иҷтимоии буҷет ва эҷоди хавф барои суботи фискалӣ дар оянда; — имкониятҳои маҳдуди таъмини ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, аз ҷумла бо кӯдакон; — таҳия нашудани стандартҳои минималии иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ; — рушд наёфтани заминаи институтсионалии низоми суғуртаи нафақа. Афзалиятҳо Афзалиятҳои асосӣ дар самти рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: (1) таҷдиди институтсионалии низоми ҳифзи иҷтимоӣ; (2) таъмини устувории дарозмуҳлати низоми нафақа; (3) таъмини таҳкими ҷанбаҳои муҳофизат ва ҳавасмандгардонии имкониятҳо дар самтгирии ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири аҳолӣ. Самтҳои асосии фаъолият Дар самти таҷдиди институтсионалии низоми ҳифзи иҷтимоӣ: — ташаккул ва рушди механизмҳои таҳкими кумаки унвонӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат; — ташкили базаи ягонаи электронии маълумот оиди қабулкунандагони кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ; — бунёд ва ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» дар раванди бақайдгирӣ ва бурдани шаклҳои алоҳидаи ҳифзи иҷтимоӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои оптималии маблағгузории хизматрасониҳои иҷтимоӣ; — таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои минималии иҷтимоӣ, аз ҷумла бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ; — рушди механизмҳои ҳавасмандгардонии самтгирии низоми трансфертҳои пулӣ ба сармоягузорӣ дар нерӯи инсонӣ; — таҳияи низоми ҷалби дороиҳои ғайридавлатӣ (ҳам ташкилотӣ ва ҳам молиявӣ) дар раванди ҳифзи иҷтимоӣ; — ташкил ва ҷорӣ намудани низоми устувори машваратҳои психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ. Дар самти таъмини устувории дарозмуҳлати низоми нафақа: — мукаммал намудани низоми танзими иштирокчиёни бозори андӯхтҳои нафақавӣ, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани элементҳои назоратии ба хавф нигаронидашуда; — фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои сармоягузории андӯхтҳои нафақавӣ ба воситаҳои молиявии дарозмуҳлат бо назардошти сармоягузорӣ ба инфрасохтор дар доираи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ; — таъмини гузариш ба ташаккули нафақа дар асоси суғурта ва андӯхт, аз ҷумла нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ. Дар самти таъмини таҳкими ҷанбаҳои муҳофизат ва ҳавасмандгардонии имкониятҳо дар самтгирии ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири аҳолӣ: 57 — рушди низоми ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони пиронсол тавассути баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон; ҷорӣ намудани стандартҳои минималии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон пешниҳодшаванда; ташкил ва ҷорӣ намудани хадамоти геронтологӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ба пиронсолон ташаккули низоми маблағгузории сарикасии хадамотҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон дар муассисаҳои интернатӣ; ташкили механизмҳои шуғли тағйирпазири шаҳрвандони пиронсол; — рушди низоми ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб тавассути ташкили низоми пешгирии афзоиши ҳолатҳои нави маъюбии кӯдакон, рушди хизматрасониҳои тиббию генетикӣ барои муайянсозии барвақти нуқсонҳои модарзодии инкишоф; таҳияи барномаҳои ҳамроҳ намудани маъюбон ба ҷамъият – ташаккули муҳити зисти бе монеа дар доираи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, бо назардошти чорабиниҳои варзишию фароғатии имконпазир, андешидани тадбирҳои ҳавасмандкунии дастгирии шахсоне, ки барои нигоҳубини маъюбон машғуланд (рушди шаклҳои махсуси соҳибкории хурд); — ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва кӯдакони дар вазъи мушкилии зиндагӣ қарор доранд, хусусан ятимон, тавассути пешниҳоди кумакпулиҳо ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси арзёбии дараҷаи ниёзмандӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои минималии хизматрасониҳои иҷтимоӣ; таҳия ва ҷорӣ намудани барномаи ба ҷомеа ҷалб намудани кӯдакон – тарбиятгирандагони муассисаҳои интернатӣ якҷоя бо талаботҳои иҷтимоии онҳо; рушди низоми ҳимоят ва парастории манзилҳои иҷтимоӣ/таъминот. Натиҷаҳои чашмдошт — воситаҳо ва механизмҳои мониторинги камбизоатӣ, муайян намудани камбизоатӣ ва ниёзмандӣ, аз ҷумла дар сатҳи маҳаллӣ истифода мешаванд; — махзани ягонаи маълумоти электронии баҳрабарандагони кумакпулиҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ ташкил карда мешавад; — низоми нафақа бо истифода аз механизмҳои андӯхт ташаккул ёфта, самаранок фаъолият менамояд; — “Равзанаи ягона”-и низоми бақайдгирӣ ва хизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил карда мешавад; — андозаи нафақа ва кӯмакпулиҳо бо таъмини суботи фискалӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, таносуби нафақа/маош ба сатҳи минималӣ = 40%, ки дар стандартҳои ҷаҳонӣ муқаррар шудаанд, расонида мешавад; — пешниҳоди кумаки унвонӣ тақвият дода мешавад ва дастрасӣ ба кумаки иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандон тавсеа дода мешавад; — муҳити бемонеа барои таъмини фарогирӣ ва иштироки фаъоли гурӯҳҳои осебпазир дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа фароҳам оварда мешавад; — шароитҳои иҷтимоикунонӣ ва ҳамгироӣ дар гурӯҳҳои осебпазир (пиронсолон, хатмкунандагони интернатҳо ва ғайраҳо) тариқи ба роҳ мондани 58 эҳёсозӣ дар сатҳи чунин ҷамоатҳо фароҳам оварда мешавад; — бунёди низоми устувори тайёр намудани кормандони соҳаи иҷтимоӣ. 4.4. Фарҳанг Баланд бардоштани маданияти аҳолӣ, рушди шабакаи муассисаҳои фарҳангӣ ва низоми миллии санъат вазифаҳои асосии тараққиёти иҷтимоиёт мебошанд. “Нуқтаҳои” асосии пешрафти назарраси институтсионалӣ инҳо мебошанд: — таъсис ва фаъолияти самараноки Шӯрои миллии фарҳанги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; — заминаи меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйиротҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар мамлакат; — ташаккули кластери эҷодӣ – гурӯҳҳои корхонаҳои тиҷоратӣ, ки ба он телевизион, матбаа, истеҳсоли кино ва сабти овоз дохил мешаванд; — низоми дастгирии сармоягузориҳо ба рушди соҳаи фарҳанг; — ҳамкорӣ ва ҳамгироии муассисаҳои маълумоти умумӣ, иловагӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ; — ташкили Хазинаи ҷомеаи ҷавонон – фонди ғайритиҷоратӣ, ки вазифаи асосии он ҷамъоварии маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои дастгирӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳо ва ташаббусҳои ҷавонон ба ҳисоб меравад. Мушкилоти асосӣ — дар натиҷаи афзоиши ҳиссаи шахсони дорои тахсилоти олӣ, талаботи баланди фарҳангӣ ва завқии онҳо, заминаи мавҷудаи муассисаҳои фарҳангӣ ба талабот ҷавобгӯ намебошад; — ба қадри кофӣ ва сатҳи зарурӣ дар адабиёти бадеӣ, филмҳои мустанад ва бадеӣ, аниматсия, барномаҳои илмӣ-маърифатӣ инъикос наёфтани мероси пурғановати миллӣ, ки дорои нерӯи бузурги тарбиявӣ ва унсурҳои арзишманди умумибашарӣ мебошанд; — рушд наёфтани низоми истеҳсоли маҳсулоти фарҳангӣ барои кӯдакон; — коҳишёбии сармояи инсонии ҷавонон, бештар аз рӯи меъёрҳои сифатӣ, тақвияти тафриқавии он дар ҳудуди кишвар, муҳоҷирати ҷавонони лаёқатманд ва ташаббускор ба хориҷи кишвар; — рушд наёфтани моделҳои рафтор, ки ба арзишҳои мусбати навовариҳо ва ақидаҳои ҳуқуқӣ асос меёбанд, инчунин салоҳиятҳои рушдёфтаи ба талабот ҷавобгӯ, ки барои мутобиқат ба тағйирёбии шароитҳои зисту зиндагӣ ва фаъолият имконият медиҳанд. Афзалиятҳо Самтҳои асосии афзалиятноки фаъолият бо мақсади баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор инҳо мебошанд: (1) модернизатсияи низоми дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг ва санъат, нигоҳ доштани гуногунии фарҳангию забонӣ; (2) рушди сармояи инсонии ҷавонон, баланд бардоштани нерӯи эҷодии онҳо ва мусоидат ба ошноӣ пайдо кардан ба дастовардҳои соҳаи фарҳангу санъат; (3) ташаккул додани маданияти фарҳанги соҳибкории инноватсионӣ; 59 (4) таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ. Самтҳои асосии фаъолият Дар самти модернизатсияи низоми дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг ва санъат: — рушди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории иншооти мероси фарҳангӣ; — ҳавасмандгардонии низоми рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои бузург оид ба инкишофи инфрасохтори фарҳангӣ ва индустрияи эҷодӣ, аз ҷумла бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ; — дастгирии рушди суръатноки муассисаҳои фарҳангию санъат дар деҳот ва ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ; — рушди барномаҳои нигоҳдорӣ ва рушди фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ; — ташаккули низоми дастгирӣ ва пешбурди брендҳои миллии ҷумҳурӣ дар соҳаи санъат; — таҳияи маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардониҳо аз рӯи рушди коллективҳои эҷодӣ, рушди низоми ҷустуҷӯ ва дастгирии шахсони болаёқат. Дар самти рушди сармояи инсонии ҷавонон, баланд бардоштани нерӯи эҷодии онҳо ва мусоидат ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан ба дастовардҳои соҳаи фарҳангу санъат: — таҳия ва татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ дар самти амалисозии сиёсати ҷавонон бо назардошти омили гендерӣ; — таҳия ва ҷорӣ намудани маҷмӯи барномаҳои омӯзишӣ ва махсус, инчунин услубҳои инноватсионии тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ; — татбиқи барномаҳои мақсаднок доир ба таҳкими қаноатмандии иҷтимоӣ дар муҳити ҷавонон, барномаҳо оид ба пешгирии ифротгароии динӣ равона шудаанд; — таҳия ва татбиқи барномаҳои ташаккулдиҳии афкори ҷамъиятӣ, ки тамоми шаклҳои зӯровариро нисбати занон ва духтарон маҳкум мекунад. Дар самти ташаккули маданияти соҳибкории инноватсионӣ: — рушди низоми дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории инноватсионӣ; — навсозии инфрасохтори инноватсионӣ (технопаркҳо, технополисҳо), бунёди инфрасохторе, ки барои пайдо шудани стартапҳо мусоидат мекунад; — тарғиб намудани бартариятҳо ва мантиқи рушди инноватсионӣ. Дар самти таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар шароити нигоҳ доштан, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол, арзишҳои умумибашарӣ: — такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилию иқтисодӣ тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки соҳавӣ; — рушди низоми тарғибу ташвиқи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷик – ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои шифоҳӣ ва воситаҳои баёни онҳо, ба мисли забон, санъат, анъана, урфу одат, донишу малакаҳои ба ҳунарҳои анъанавӣ мансуб, дастхатҳои нодир ва шомил намудани онҳо ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО. 60 Натиҷаҳои чашмдошт — таҳкими инфрасохтори низоми фарҳанг ва санъат; — имкониятҳои нигоҳдорӣ, афзункунии мероси фарҳангӣ/анъанаҳои кишвар рушд ва вусъат меёбанд; — ташаккули насли ҷавонони рақобатпазир дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дорои як қатор салоҳиятҳои дар талаботбудаи кишвар; — нерӯи фаъолияти ҷавонон ва саҳми ҷавонон дар суботи иҷтимоӣ ва пешрафт баланд бардошта мешавад; — шароитҳо оид ба нигоҳ доштан ва тараққӣ додани фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ беҳтар карда мешаванд; — сатҳи маданиятнокии соҳибкории инноватсионии аҳолӣ баланд бардошта мешавад. 4.5. Муҳити зист Таҳдидҳои назарраси демографӣ ва экологӣ, ки бо онҳо кишвар рӯ ба рӯ шудааст, талабот ба шароитҳои манзилу маиширо афзуда, ифлосшавии муҳити зист ва сатҳи пасти идоракунии экосистемаҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, харобшавии заминҳо, осебпазирӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби тоза ва санитария, аз ҷумла нобудкунии партовҳои маиширо дар бар мегиранд. Масъалаҳои асосии сиёсати дарозмуҳлат оид ба беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ ба зиёд намудани масоҳати манзил дар соли 2030, тавсеа додани имкониятҳои дастрасӣ ба манзили мустақил, хусусан барои оилаҳои ҷавон, беҳтар намудани сифати манзил, чӣ аз ҳисоби бунёди манзили сифатноки нав ва чӣ аз ҳисоби таъмири капиталии фонди манзили мавҷуда, беҳтар намудани шароити зисту зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби дастрасии беҳтар ба хизматрасониҳои коммуналӣ, бахусус дар деҳот, баланд бардоштани устуворӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии ба аҳолӣ пешниҳодшаванда, беҳтар намудани устувории молиявии корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, бунёди мавзеи бехатар аз нигоҳи рафъи таҳдидҳои офатҳои табиӣ алоқаманд мебошанд. Муҳити мусоид барои зиндагӣ Дурнамои дарозмуҳлати стратегияи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ аз таъмини дастрасии пурраи ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизматрасониҳои устувор ва аз лиҳози нарх ва сифат қобили қабул дар асоси принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ, ки ба талаботи муосири санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯ мебошанд, иборат аст. Масъалаҳои низоми идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ ва идоракунии самараноки захираҳои табиӣ низ ҷузъи ҷудонопазири стратегияи мазкур маҳсуб меёбанд. Дар ин раванд тақвияти фаъолият дар самти сарфаи захираҳо, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва баинобатгирии талаботи барномаи Сендай доир ба коҳиш намудани хавфи офатҳои табиӣ муҳим мегардад. Мушкилоти асосӣ — танҳо қисми ночизи оилаҳои дорои даромади калон воқеан метавонанд барои беҳтар намудани шароитҳои манзилӣ аз бозори манзил истифода баранд; 61 — бахши коммуналӣ бо вуҷуди ҳамаи талошҳо барои ислоҳоти он ҳанӯз ба бахши иқтисодиёт мубаддал нашудааст ва барои бахши хусусӣ аз лиҳози сармоягузории хусусӣ ҷолиб намебошад; — фарсуда шудани инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ; — хизматрасониҳои пешниҳодшаванда бинобар аз лиҳози захира ва нерӯ ғайрисамарабахш будан ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ нестанд; — нобаробарӣ вобаста ба дастрасӣ ба шабакаҳои бехавфи таъминоти оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, гармидиҳӣ ва барқтаъминкунии бахши манзил дар байни нуқтаҳои аҳолинишини шаҳр ва деҳот; — хавфи баланди ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиӣ, аз ҷумла дар натиҷаи тағйирёбии иқлим. Афзалиятҳо Самтҳои афзалиятноки фаъолият бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои зиндагӣ инҳоянд: (1) баланд бардоштани дастрасӣ ба манзил; (2) рушди низоми хизматрасониҳои коммуналӣ; (3) баланд бардоштани дастрасии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт; (4) таҳкими ҳавасманд куниҳо барои аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист; (5) рушди низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ. Самтҳои асосии фаъолият. Дар самти баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба манзил: — инкишофи бозори ибтидоии қарздиҳӣ барои манзил (ипотека), аз ҷумла тавассути ташаккул ва ҷорӣ намудани стандартҳои қарздиҳӣ барои манзил, ҳавасмандгардонии устувории техникӣ ва молиявии фаъолияти бонкӣ; — фароҳам овардани шароит барои ташаккули бозори такрории маблағгузории ипотека ва таъмини бехатарии қарзҳо барои манзил; — мусоидат ба ташаккули мақсадноки пасандозҳо аз тарафи аҳолӣ бо мақсади хариди манзил, аз ҷумла бо ёрии кооперативҳои сохтмонию амонатгузорӣ; — инкишофи бозори моликияти ғайриманқул, ки зарурати такмилдиҳии заминаи меъёрию ҳуқуқии муқаррарсозии ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба қитъаҳои замин барои сохтмони манзил, афзоиши пешниҳоди заминҳои шаҳр барои манзил, таъмини дастрасии қисми кифояи он барои хонаводаҳои дорои даромади миёна, рушди стандартҳои миллӣ ва барномаҳои маблағгузорӣ барои банақшагирии шаҳр, идоракунии замин ва тақсимкунии ҳудудҳои шаҳрӣ барои таъмини пешниҳоди кифояи манзили арзонро ба миён меорад; — ташаккули низоми дастгирӣ барои дастрасӣ ба манзил, аз ҷумла барои оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон; — тафтиш (ревизия)-и принсипҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ (барқарорсозӣ ва сохтмони нав, манбаъҳои марказонидашуда ва мустақили хизматрасониҳои коммуналӣ, мониторинги қоидаҳои бехатарӣ, аз нигоҳи истифодаи энергия самаранок ва ба заминларза тобовар). Дар самти таъмини рушди низоми хизматрасониҳои коммуналӣ: — таҷдиди марҳилавии низоми ҷории идоракунии хизматрасониҳои 62 коммуналӣ бо назардошти тобеияти молу мулкии иншооти низоми хизматрасонии коммуналӣ; — рушди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба мусоидат ба рушди рақобат дар бахши истифодаи фонди манзилӣ ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳо; — таъмини механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ба ҷалби захираҳои дарозмуҳлати молиявӣ бо мақсади рушди инфрасохтори муҳандисӣкоммуналии шаҳрӣ ва деҳот бо истифода аз манбаъҳои гуногун; — такмилдиҳии низоми танзими тарифӣ дар шабакаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ бо мақсади баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории он ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ; — ташаккули фондҳои андӯхти маблағгузории хароҷотҳо барои таъмири асосии хонаҳои истиқоматии бисёрҳуҷрагӣ, ташаккули низоми иштироки мақомоти маҳаллии худидоракунӣ дар танзими муносибатҳои манзилию коммуналӣ; — ташаккули як қатор механизмҳо оид ба таъмини устувории молиявии пешниҳоди хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ бо назардошти дастрасӣ аз ҳисоби нарх барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар. Дар самти баланд бардоштани дастрасӣ ба шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт бо таваҷҷуҳ ба талаботи занону духтарон, инчунин шахсоне, ки дар вазъияти осебпазир қарор доранд: — ташаккули низоми меъёрию ҳуқуқӣ ва кашфиётҳои барномавӣ оид ба идоракунии шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт бо таваҷҷуҳ ба талаботи занону духтарон, инчунин шахсоне, ки дар вазъияти осебпазир қарор доранд; — таҳия ва пешбурди барномаҳои сармоягузорӣ барои маблағгузории сохтмон/барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва обпарто, хат ва чоҳҳои обгузари байнихоҷагӣ, тавсеаи шабакаҳои шаҳрии обтаъминкунӣ; — тавсеа додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирӣ ҷиҳати таҳким додани иқтидори миллӣ дар қисмати обтаъминкунӣ ва санитария (аз ҷумла ҷамъоварии оби борон, ширинкунии об, баланд бардоштани самаранокии обтаъминкунӣ, коркарди партовобҳо ва истифодаи технологияҳои нобудкунӣ ва истифодаи такрорӣ); — пурзӯр намудани тадбирҳои баланд бардоштани маълумоти санитарию беҳдошт. Дар самти таҳкими ҳавасмандиҳо дар аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист: — ташаккули як қатор тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ оид ба сарфаи об, газ ва нерӯи барқ; — таҳия ва таъмини ҷорӣ намудани талаботҳои экологӣ ҳангоми истифодаи нақлиёти шахсӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, нобуд кардани партовҳо; — таҳия ва паҳнкунии Кодекси ҳифзи табиат, механизмҳои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим бо васеъ намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар ин самт. Дар самти рушди низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ: — тақвият бахшидани нерӯи институтсионалӣ оид ба пешгирии 63 офатҳои табиӣ, омодагӣ ба онҳо ва кам кардани таъсири оқибати онҳо; — ҳамгироии фаъолиятҳо дар самти паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва иқлимӣ ба низоми идораи бахшҳои иқтисодиёти кишвар; — таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои коҳишдиҳии осебпазирии иҷтимоӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ; — ташаккул ва ҷорӣ намудани таъминоти иттилоотии системавии ба масоили гендерӣ ҳассос ва омӯзиши аҳолӣ оид ба тадбирҳои пешгирӣ, муҳофизат ва барқарорсозӣ дар робита бо офатҳои табиӣ; — рушди низоми баинобатгирии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии минтақавӣ, таҳким додани иқтидори маҳаллӣ оид ба идораи рафъи ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ. Натиҷаҳои чашмдошт — ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизматрасониҳои манзилию коммуналии устувор, ки аз рӯи нарх ва сифат мутобиқи талаботи муосири санитарию экологӣ, инчунин дар асоси принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ қобили қабул мебошанд, дастрасӣ доранд; — дастрасии аҳолӣ ба об ва хизматрасониҳои санитарӣ, хусусан дар деҳот беҳтар карда мешавад; — истифодаи сӯзишвории сахт барои тайёр кардани ғизо, хусусан дар деҳот кам карда мешавад; — сатҳи миёнаи таъминот бо манзил то соли 2030 ба ҳар сари аҳолӣ на кам аз 17 м 2-ро ташкил медиҳад; — механизмҳои қарзию молиявии сохтмони манзил ва рушди инфрасохтори коммуналӣ ҷорӣ карда мешаванд; — муҳити рақобатнок дар соҳаи идоракунии фонди манзил ва иншооти инфрасохтори коммуналӣ фароҳам оварда мешавад; — шароитҳои экологии зиндагӣ, аз ҷумла барои аҳолии камбизоати деҳот ва минтақаҳои кӯҳӣ беҳтар мегарданд; — оқибати таҳдидҳои шадиди экологӣ кам карда шуда, муқовимат ва қобилияти пешгирии офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад. 4.6. Коҳиш додани сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ Нобаробарии иҷтимоӣ оқибатҳои хеле манфии иқтисодию сиёсӣ дошта, сифати рушдро коҳиш медиҳад ва ба фаъолнокии сармоягузориҳо монеъ мешавад. Илова бар ин, нобаробарии иҷтимоӣ татбиқи сенарияҳои рушди индустриалӣ ва индустриалию инноватсиониро халалдор менамояд. Сатҳи нобаробарӣ аз рӯи даромад ва нобаробарии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад. Ҷои истиқомат ба имкониятҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳо, маълумот, тандурустӣ амалисозии имкониятҳои худ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бартараф намудани сабабҳои нобаробарӣ ва табдил додани монеаҳои сохторӣ ба имкониятҳои нави бартараф намудани онҳо шарти асосӣ барои таъмини рушди иқтисодии эътимоднок, мутавозин ва фарогир мебошад. Дар баробари ин занону кӯдакон аз сабаби нокифоя будани самаранокии механизмҳои мавҷудаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо осебпазир мебошанд. Нобаробарӣ дар имкониятҳои занони деҳот бештар на танҳо дар натиҷаи боқӣ мондани стереотипҳои гендерӣ ва маҳдудиятҳои интихоби шуғл, 64 балки ба сифати пасти инфрасохтор, ки ба дастрасӣ ба захираҳо ва имкониятҳо таъсир мерасонад, иртибот дорад. Минбаъд тақвияти фаъолият нисбат ба кӯдаконе, ки дар ҳолати ногувори зиндагӣ қарор доранд (кӯдакони ятим ва маъюб, ноболиғоне, ки бо қонун муноқиша доранд) зарур мебошад. Таъмини афзоиши иқтисодии фарогир, босубот ва устувор вазифаи муҳими рушди дарозмуҳлат маҳсуб меёбад. Таъмини баробарии имкониятҳо ва коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон Мушкилоти асосӣ — сатҳи баланди тафовути даромад ва имкониятҳо дар ҷомеа, афзоиши ноустувор ва тақсимоти нобаробари ҷуғрофии имкониятҳои иқтисодӣ; — муҳоҷирати меҳнатии берунаи мардон дорои паёмадҳои бевоситаи гендерӣ мебошад, аз ҷумла мушкилии зану кӯдакони дар ватанмонда, бахусус дар деҳот; — ҳаҷми назарраси пардохтнашудаи меҳнати хонагии занон дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои репродуктивӣ, рушди нокифояи инфрасохтори иҷтимоӣ, бахусус дар деҳот; — зуҳуроти шаклҳои мухталифи зӯроварӣ нисбати занон, ки ба занон ва духтарон зарари зиёди ҷисмонӣ ва равонӣ мерасонад, имкониятҳои онҳоро барои амалисозии зарфияти худ маҳдуд месозад ва боиси хароҷоти назарраси иқтисодӣ барои худи онҳо ва барои ҷамъият дар умум мегардад; — иштироки маҳдуди иҷтимоии гурӯҳи осебпазири кӯдакон (кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони маъюбу дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарордошта). Афзалиятҳо Барои таъмини баробарии имкониятҳо ва коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ афзалиятҳои зерин ҷудо карда шуданд: (1) рушди низоми таъмини инкишофи фарогир ва коҳиш додани нобаробарӣ; (2) паст намудани нобаробарии гендерӣ дар асоси такмили сиёсат оид ба таъмини воқеии баробарии гендерӣ, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон; ( 3) таъмини некӯаҳволии кӯдакон. Самтҳои асосии фаъолият Дар робита бо таъмини баробарии имкониятҳо ва коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ ба сифати самтҳои фаъолият тадбирҳои зерин муайян шудаанд: Дар самти рушди низоми таъмини инкишофи фарогир ва коҳиш додани нобаробарӣ: — ташаккул додани низоми дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои сифатноки иҷтимоии ҷамъиятӣ (бо назардошти талаботу имкониятҳои аҳолии камбизоат ва табақаи миёна); -пешбурди низоми шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дастгирии мониторинги ҷамъиятии иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда оид ба аз нав тақсимкунии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва сифати онҳо, рушди низоми муколамаи иҷтимоӣ; 65 — дарёфти механизмҳои дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ, бо назардошти барномаҳои рушди сармояи инсонӣ ва ҳамгироии байниминтақавӣ; — таҳия ва ҷорӣ намудани таҷрибаи гузоришҳои миллӣ оид ба ташхиси афзоиш ва фарогир будани рушд. Дар самти такмилдиҳии сиёсати таъмини баробарии гендерии воқеӣ: — такмил додани қонунгузорӣ бо мақсади амалисозии кафолатҳои давлатӣ оид ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занон ва мардон; — таҳияи механизмҳои институтсионалӣ дар сиёсатҳои соҳавӣ оид ба ҷорӣ намудани уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занон; — фаъол намудани механизмҳои таъмини саводнокии ҳуқуқӣ ва ҷалби иҷтимоии занон, бо назардошти занони деҳот; — баланд бардоштани нерӯ ва ҳассосияти гендерии кормандони тамоми шохаҳои ҳокимият; — ҷорӣ намудани буҷеткунонии гендерӣ дар раванди таҳияи буҷет. Дар самти пешгирии ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон: — рушди заминаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва расонидани кумак ба қурбониёни зӯроварӣ; — ташкили ниҳодҳо оид ба ҳамоҳанг сохтан ва тавсеа додани фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ ва кумак ба қурбониёни зӯроварӣ; — васеъ намудани доираи тадбирҳо оид ба таъмини дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ ба занону духтарони гирифтори зӯроварӣ; — такмил додани омори гендерӣ ва бунёди махзани маҷмӯӣ оид ба тамоми шаклҳои зӯроварӣ; — таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба тағйирдиҳии идрок ва шаклҳои рафторе, ки хушунатро нисбати занон ва духтарон асоснок мекунанд. Дар самти таъмини некӯаҳволии кӯдакон: — ба миён овардани таҷрибаи таҳия намудани гузоришҳои миллӣ дар самти некӯаҳволии кӯдакон ва набудани иштироки иҷтимоӣ ва ё иштироки иҷтимоии кӯдакони маъюб, ятим, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони дар низоъ бо қонунбуда; — рушди институтсионалии низоми ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак, ташаккули сиёсати беҳтар намудани вазъи кӯдакон (дар қонун ҷорӣ намудани мафҳуми “адолати ҳуқуқӣ барои кӯдакон”); — ташаккули низоми пешгирии бадшавии некӯаҳволии кӯдакон. — таъсис додани ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмен) ва гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар робита ба адлияи ювеналӣ. Натиҷаҳои чашмдошт — механизмҳои таъмини рушди фарогир таҳия мегарданд (аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва буҷетӣ); — низоми муколамаи иҷтимоӣ рушд меёбад; 66 — механизмҳои самараноки қонунгузорӣ, институтсионалӣ, ташкилотӣ ва молиявӣ оид ба таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занону духтарон истифода мешаванд; — дар сиёсатҳои соҳавӣ уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занону духтарон ворид карда мешаванд; — сохторҳои нав оид ба ҳамоҳангсозӣ ва тавсеаи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар шарикӣ бо шаҳрвандон дар самти пешгирии зӯроварӣ ва кумак ба қурбониёни хушунат ташкил карда мешаванд; — шумораи ҳодисаҳо аз рӯи ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ кам гашта, дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ барои занону духтарони гирифтори зӯроварӣ вусъат дода мешавад; — ба ташаккул ёфтани нуқтаи назари ҷомеа барои аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ ва тағйир додани фаҳмиш ва намудҳои рафтор, ки зӯровариро нисбат ба занону духтарон асоснок мекунанд, ВАО давлатӣ ва ғайридавлатӣ бомуваффақият таъсир мерасонанд; — низоми пешгирии ранҷу сахтӣ дар зиндагии кӯдакон ташаккул дода мешавад; — ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва адолати ноболиғон бомуваффақият фаъолият мекунанд.
- СИФАТИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА САМАРАНОКИИ БАХШИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДИЁТ
Иқтисоди ҷаҳон ба марҳилаи афзоиши суст қадам ниҳода истодааст, ки он ба шарикони азими тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон таъсири худро мерасонад. Тағйирёбии траекторияи инкишофи онҳо ба амал омада истодааст, ки дар навбати худ мушкилоти навро ба миён оварда, имкониятҳои иловагиро барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон фароҳам меоварад. Дар чунин шароит нигоҳ доштани суръати устувори афзоиши иқтисодӣ, таъмини диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд. Дар ин маврид имрӯз кишвар ба модели нави рушд ниёз дорад, ки он бояд дар ҷалби сармоягузориҳо ва технологияҳои нав ба бахши воқеии иқтисодиёт (БВИ), сиёсати шуғли пурмаҳсул, низоми молиявии ташаккулдиҳандаи захираҳо ва муҳимтар аз ин, ба фазои мусоиди сармоягузорӣ асос ёфта бошад. Маҳз ҳамин бахшҳо дар солҳои наздик сифати рушди минбаъда ва самтҳои ислоҳоти сохториро, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарвати миллии иборат аз сармояи инсонӣ, табиӣ ва ҷисмонӣ, молиявӣ равона шудаанд, муайян мекунад. Модели нави рушд бояд афзоиши босуръати саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, барои баромадан ба бозорҳои нави содиротӣ шароит фароҳам оварад, воридоти ғайрисамараноки истеъмолиро маҳдуд созад ва вобастагиро аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш диҳад. 67 5.1. Бахши воқеӣ Бо мақсади таъмини бомуваффақият гузаштан аз сиёсати ба эътидоловарӣ ба сиёсати рушди босуботи дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодии мамлакат таҳия намудани стратегияи асосноки рушди бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ, ки вазъи сифатан нави маданияти идоракунӣ ва мафкураи ҷомеаро дар маҷмӯъ инъикос мекунад, ки ин татбиқи чораҳои самаранокро дар муқобили таҳдидҳо кафолат медиҳад. Вазифагузории устувор ва мувофиқашуда, инчунин рушди тамоми қисматҳои БВИ кафили таъмини соҳаҳои энергетикӣ, хӯрокворӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ҳамчун амнияти иқтисодиёти мамлакат баромад мекунад. Татбиқи вазифаҳои стратегӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт заминаҳои моддиро барои шуғли пурмаҳсул, диверсификатсияи истеҳсолот ва содирот фароҳам оварда, дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро барои ҳама табақаҳои аҳолӣ баланд мебардорад, ки мустақиман ба дараҷаи амалисозии тамоми вазифаҳои Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон алоқаманд аст. Рушди бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ, истифодаи самараноки сарватҳои табииро, ки дар фаъолияти сармояи инсонӣ, табиӣ ва физикӣ, инчунин тавсеаи фаъолияти инноватсионӣ ифода ёфтаанд, дар назар дорад. Мушкилоти асосӣ Сарфи назар аз дастовардҳо дар самти барқарорсозӣ ва рушди бахши воқеӣ як қатор мушкилиҳо аҳамият ва миқёси худро нигоҳ доштаанд, ки хавфҳои гузариш ба соҳаҳои дорои технологияҳои баланд ва самараноки бахши воқеиро зиёд намуда, заминаҳои ба миён омадани душвориҳо ва таҳдидҳои нави амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, нақлиётӣ ва дар натиҷа амнияти иқтисодии кишварро фароҳам меоварад. Сатҳи нокифояи рушди БВИ барои Тоҷикистон касб намудани мақом дар раддабандии рақобатпазирии ҷаҳонӣ ҳатто дар дараҷаи гузариш аз рақобат дар асоси захираҳо ба рақобат дар асоси маҳсулнокӣ имкон намедиҳад. Мушкилоти назарраси умумӣ ва мушаххаси БВИ, ки аҳамият ва миқёсии худро нигоҳ медорад, инҳо мебошанд: Мушкилоти умумӣ: — боқӣ мондани мушкилиҳои давраи татбиқи ислоҳоти бозаргонӣ; — дар сатҳи нокифоя қарор доштани идоракунии самарабахши захираҳои табиӣ, ки дар афзоиши истеҳсолоти ба ашёи хом нигаронидашуда, ифлосшавии муҳити зист ва баланд будани сатҳи талафоти ғайриистеҳсолии маҳсулот, аз ҷумла нерӯи барқ, инъикос мегардад; — норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бинобар маҳдуд будани имкониятҳо барои захира кардани об ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқ дар ин давра; — дар марҳилаи аввал гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об қарор доштан; — афзоиш ёфтани таъсири манфии корхонаҳои саноати кӯҳӣ ба муҳити зист; — боқӣ мондани ақибмонии техникӣ ва технологӣ, дараҷаи баланди фарсудашавии моддию маънавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ ва иншооти 68 инфрасохтор дар шароити баландшавии нархҳо ба манобеи нерӯ ва дигар воситаҳои моддию техникӣ; — ҷаззобияти нокифояи сармоягузории БВИ (ба истиснои истеҳсоли алюминий, нерӯи барқ ва нахи пахта, истихроҷи маъдан, коммуникатсияҳои нақлиётӣ); — сатҳи нокифояи фаъолияти сармоягузорӣ хоси соҳаҳои БВИ мебошад, онҳо талаботро ба донишҳои нав ва технологияҳо эҷод намекунанд, ки ба кори фаъолонаи муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири низоми миллии инноватсионӣ мусоидат намекунад, нақши истисноии давлат ва хазинаҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии соҳаи илмию тадқиқотӣ динамикаи зарурии рушди инноватсионии иқтисодиётро таъмин намекунад; — тамоюли афзоиши ҳаҷми партовҳои ҷамъшудаи саноатӣ ва ифлосшавии захираҳои замину об дар минтақаҳои саноатӣ, таъсири манфии корхонаҳои саноати кӯҳканӣ ба муҳити зист боқӣ мемонад; — сатҳи пасти рушд, рақобатпазирии нокифоя ва диверсификатсияи заифи саноати коркард; — норасоии мутахассисони баландихтисос ба монанди менеҷерони сатҳи болоӣ ва роҳбарияти дараҷаи миёна, ки ба он мушкилиҳои соҳаи маориф ва идома ёфтани муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос боис гардидааст, боқӣ мемонад; — ҳамоҳангсозии сусти фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба идоракунӣ ва танзими БВИ дар маҷмӯъ ва сегментҳои он, бахусус оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти зернизомҳои соҳавии КСЭ, истеҳсолкунандагони маҳсулот ва корхонаҳои коркард дар деҳот, ки истифодаи ғайрисамараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, низоми рушднаёфтаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, қатъи таъминоти ашёи хом ва сифати пасти он оварда мерасонад. Комплекси агросаноатии Тоҷикистон танҳо 20%-и маҳсулоти кишоварзиро коркард менамояд; — мавҷуд набудани баҳисобгирии дурнамои тағйирёбии иқлим дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ва таъсири он ба рушди устувори минбаъдаи кишвар ва соҳаҳои иқтисодиёт. Масъалаҳои махсус: Дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ: — ҷудо будани шабакаи энергетикии Тоҷикистон аз шабакаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки норасоии мавсимии нерӯи барқро дар Тоҷикистон шиддат медиҳад ва имкониятҳои истифодаи иқтидори содиротии нерӯи барқро ба таври назаррас маҳдуд месозад. Аз рӯи ҳисобҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ зарар аз ворид намудани маҳдудият дар воридоти нерӯи барқ дар фасли зимистон 200,0 млн. доллари ШМА-ро дар як сол ташкил медиҳад; — дараҷаи нокифояи эътимоди барқтаъмикунӣ ва монеаҳо барои пайвастшавии истеъмолкунандагони нав; — истифодаи нокифояи захираҳои маҳаллии сӯзишворию энергетикӣ барои рафъи норасоии мавсимии нерӯи барқ; 69 — сатҳи пасти самаранокии истифодаи нерӯ дар истеҳсолот ва бахши истеъмолӣ; — самаранокии нокифояи заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар комплекси сӯзишворию энергетикии кишвар; — муносиб набудани сиёсати тарифӣ барои нерӯи барқ, ки ба рушди соҳибкории хусусӣ дар БВИ монеа эҷод мекунад, барои густариши фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ замина фароҳам меорад ва ба равандҳои сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии он мусоидат намекунад; — диверсификатсияи сусти манбаъҳои тавлидкунанда (96% истеҳсоли нерӯи барқ аз иқтидорҳои мавҷудаи шабакаҳои барқии умумӣ ба НБО рост меояд) ва ҷалби нерӯи офтоб, бод ва биомасса ба муомилоти иқтисодӣ. Дар комплекси агросаноатӣ: — механизми заифи дастгирии давлатии молиявии корхонаҳои КАС; — монеаҳо барои муттаҳидсозии қитъаҳои замин, ки барои сармоягузорӣ дар бунёди корхонаҳои азими кишоварзӣ мушкилӣ эҷод мекунанд; — заминаи ақибмондаи моддию техникии КАС дар сурати маҳдуд будани дастрасии корхонаҳои он ба иттилоот доир ба бозорҳои фурӯши пуриқтидор, дарозмуҳлат ва гарон будани амалиётҳои тиҷорати беруна, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ таҳдид менамоянд; — номукаммал будани механизми танзими муносибатҳои истифодаи замин дар бахши аграрӣ бо дарназардошти дастрасии нобаробарии занон ба замин ва низоми заифшудаи ирригатсионӣ, ки боиси таназзулёбии ҳосилхезии хок ва бадшавии ҳолати мелиоративии замин шудааст, истифодаи ғайрисамараноки чарогоҳҳо бошад ба бад шудани ҳолати экологии онҳо оварда расонид; — номувофиқ будани идоракунии захираҳои об дар КАС, аз ҷумла бо сабаби набудани низоми идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об; — боқӣ мондани вобастагии назарраси иқтисодиёти кишвар аз воридоти маҳсулоти озуқа, таҷҳизот, ҷузъиёт, сӯзишвории органикӣ, чӯбу тахта ва ғайра; — таҳдидҳои назаррас барои рушди КАС дар робита бо тағйирёбиҳои глобалии иқлим дар ояндаи дарозмуҳлат; — сатҳи пасти устувории экологии рушди кишоварзӣ, ки ба шиддатёбии таназзули захираҳои замину об, пеш аз ҳама заминҳои корам дар натиҷаи харобшавӣ (эрозия), ифлосшавӣ, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, кам шудани ҳудуди ҷангалзорҳо, аз гардиши кишоварзӣ баровардани заминҳо, инчунин омилҳои тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошад. Дар соҳаи саноат: — номукаммал будани низоми андозбандӣ ва рушд наёфтани механизмҳои дастгирии молиявию қарзии фаъолияти сармоягузорӣ ва инноватсионӣ; — сатҳи пасти ҳамкориҳои дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ ва ҳамгироӣ, рушд наёфтани муносибатҳои кластерӣ; 70 — сифати пасти маҳсулот, талаботи зиёд доштан ба истифодаи нерӯ, меҳнат ва масолеҳ ҳангоми истеҳсоли маҳсулот, ки сатҳи пасти рақобатпазирии онро пешакӣ муайян мекунад; — номукаммал будани механизмҳои идоракунии партовҳои истеҳсолоти саноатӣ. Дар соҳаҳои нақлиёт ва телекоммуникатсия: — мутобиқ набудан ба талаботҳои стандартҳои байналмилалии бехатарӣ ва истифодаи намудҳои нақлиёт, ки рушди босуръати корхонаҳои БВИ-ро таъмин мекунанд; — инкишофи сусти алоқаҳои ҳавоии маҳаллӣ ва инфрасохтори рӯизаминӣ барои онҳо; — имкониятҳои маҳдуди буҷет оид ба рушди соҳаи нақлиёт ва дар натиҷа вобастагии он аз маблағгузории беруна дар шароити мавҷудияти релефи ниҳоят мураккаби ҷуғрофӣ; — дар масофаи дур ҷойгир будан аз роҳҳои баҳрӣ ва долонҳои рушдёфтаи нақлиётӣ; — арзиши баланди боркашонӣ ва тарифҳои нақлиётӣ; — мавҷуд набудани шабакаи марказҳои нақлиётию логистикӣ; — инкишофи сусти низоми ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ дар комплекси нақлиётӣ; — сохтори нақлиёти автомобилӣ бо назардошти сатҳи пасти зич чӣ ва сифати роҳҳои автомобилӣ; — зиёд гаштани ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳо ва минтақаҳои саноатӣ дар баробари аз ҷониби мақомотҳои дахлдор нокифоя ба роҳ мондани назорати партовҳо аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт ва сифати санҷишҳо оид ба мутобиқати воситаҳои нақлиёт ба меъёрҳо ва талаботи экологӣ; — боқӣ мондани маҳдудият дар рушд ва густариши фазоии бозори алоқа ва хизматрасониҳои иттилоотӣ. Афзалиятҳо дар рушди БВИ Афзалияти умумӣ дар рушди БВИ саҳми арзанда дар таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқавории кишвар, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионии кишвар ва таҳким додани суботи иҷтимоӣ дар асоси азхудкунии маҷмӯии иқтидорҳои табиӣ (захиравӣ)-и кишвар, аз ҷумла идоракунии якҷояи захираҳои об, ҳавасманд гардонидани рушди пешгирикунанда ва устувори соҳаҳо, навсозӣ ва диверсификатсияи онҳо, ки истифодаи технологияҳои инноватсиониро пешбинӣ мекунад, ба ҳисоб меравад. Афзалиятҳои махсус инҳоянд: (1) Дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ: — барқтаъминкунии боэътимоди кишвар ҳангоми истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ; — таъмини гузариши гидроэнергетикаи кишвар ба соҳаи ташаккулдиҳандаи буҷети кишвар, ки нақши муҳими он дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҷиҳати мусоидат на танҳо ба рушди худи соҳа, балки ба рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт мебошад; 71 — рушди минбаъдаи гидроэнергетикаи хурд ва дигар МБЭ ҳам барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба имкониятҳои иҷтимоӣ, хусусан аҳолии деҳот ва ҳам барои рушди умумии иқтисодиёт, дар навбати аввал, соҳибкории хурд; — таъмини гузариши Тоҷикистон аз пешсафони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз рӯи захираҳои имконпазири гидроэнергетикӣ ба кишвари пешсаф дар азхудкунӣ ва истифодаи самараноки нерӯи энергетикии кишвар ва дар заминаи он пеш бурдани манфиатҳои энергетикии миллӣ дар бозорҳои беруна тавассути татбиқи дипломатияи дахлдори энергетикӣ ва дар асоси истифодаи механизмҳои бозаргонӣ. (2) Дар комплекси агросаноатӣ: — тавсеа додани дастрасӣ ва саҳм дар таъмини фаровони маҳсулоти озуқа, сифат ва бехатарии он дар асоси гузариш ба дараҷаи баланди индустриализатсия ва рушди босуботи пешгирикунандаи бахши аграрӣ, дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар; — баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои замину об ва инсонӣ дар асоси беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул барои аҳолии деҳот; — таҷдид ва барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ ва ҷорӣ кардани технологияи обёрии муосири сарфакунандаи нерӯи барқ. (3) Дар соҳаи саноат: — баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва занҷири арзиши иловашудаи соҳаҳои саноатӣ; — афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноатӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва беруна рақобатпазир мебошад; — ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисоне, ки дорои қобилияти офаридан ва азхудкунии технологияҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ мебошанд; — бунёди асосҳои институтсионалӣ барои рушди устувор ва пешгирикунандаи соҳаҳои саноат, ташкили кластерҳои инноватсионӣ ва пурмаҳсул. — мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он), со{аи сохтмон, саноати сабук ва хeрокворb. (4) Дар соҳаҳои нақлиёт ва телекоммуникатсия: — истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои хориҷии ҷалбшуда, барои сохтмони иншооти нақлиётии нав ва барқарорсозии иншооти мавҷуда, ки на танҳо талаботи дохилиро ба хизматрасониҳои нақлиётӣ таъмин мекунанд, балки ба равандҳои ҳамгироии иқтисодиёти кишвар ба иқтисоди ҷаҳон суръат мебахшанд; — ба даст овардани манфиати зиёд аз бунёди инфрасохтори транзитӣ; — тавсеаи ҳамаҷонибаи шабакаҳои тамоми намудҳои нақлиёт ва такмил додани сохтори парки воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, беҳсозии кори он 72 ҷиҳати таъмини рушди индустриалӣ ва инноватсионии иқтисодиёти миллӣ ва қонеъ намудани талаботи инсон; — таъмини рушд мутобиқи талаботҳои муосири шабакаи марказҳои нақлиётию логистикӣ ва низоми хизматрасонӣ ба онҳо; — таъсис додани танзимкунандаи мустақил дар бахши телекоммуникатсия мутобиқи ӯҳдадорӣ дар назди СУС; — бартараф намудани тафовути электронию рақамӣ байни минтақаҳои мухталиф, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳсор ва дурдаст ; — таҳкимбахшии интститутсионалии бахши телекоммуникатсионӣ барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ. Самтҳои асосии фаъолият Барои ҳалли мушкилиҳои асосӣ дар доираи афзалиятҳои стратегии БВИ иҷроиши амалиётҳо аз рӯи самтҳои зерин таъмин мегардад: — таъмини шароитҳои ҷолиби андозӣ, танзимӣ ва ҳуқуқӣ барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт; — бунёди низоми самараноки мусоидат ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ; — ташаккулдиҳӣ ва рушди кластерҳои самти индустриалию инноватсионӣ дошта, ки дар доираи онҳо ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои БВИ рушди тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти инноватсиониро таъмин мекунад, шомил будан дар кластер дастрасиро ба технологияҳои нав осон мегардонад; — пешбурди манфиатҳои миллӣ ҳангоми ташаккулёбии ҷараёнҳои оптималии энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тавассути азхудкунии иқтидори гидроэнергетикӣ, барқарорсозии инфрасохтори энергетикии қаблан мавҷудбуда ва бунёди инфрасохтори энергетикии нав, инчунин таъмини истифодаи самараноки онҳо дар асоси ҳамгироии иқтисодию технологӣ ба низоми коммуникатсияҳои энергетикӣ дар минтақа; — рушди қонунгузорӣ ва танзими ба сарфаи нерӯ ва баланд бардоштани самаранокии он нигаронидашуда; — ҳавасмандкунии таҷдид ва аз нав таҷҳизонидани технологии фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои инноватсионии сарфакунандаи нерӯ ва захираҳо; — рушди энергетикаи барқӣ дар асоси диверсификатсия бо мақсади бартараф намудани тафовути мавсимӣ дар истеҳсол, аз ҷумла бо истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи нерӯ; — таҷдиди хоҷагии шабакаи барқӣ ҷиҳати кам намудани талафоти нерӯ, баланд бардоштани эътимоди барқтаъминкунӣ ва вусъат додани имкониятҳои истифодаи манбаъҳои гуногуни барқароршавандаи нерӯ; — гузаштан ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об; — рушди инфрасохтори логистикӣ; — татбиқи амалии тадбирҳо оид ба коркарди амиқи ашёи хом ва маводҳои маҳаллӣ; — ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии КИТТЛ; 73 — мусоидат ба ташаккулдиҳии брендҳои миллӣ ва баланд бардоштани имиҷ ва пешбурди маҳсулоти корхонаҳои БВИ Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ; — рушди низомҳои сертификатсиякунонӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат; — соддагардонии расмиёти содиротию воридотӣ; — мусоидат ба таъсиси ниҳодҳои uайридавлатӣ оид ба пешбурди фаъолияти содиротӣ; — таҳия ва амалисозии тадбирҳо оид ба кам намудани сатҳи партовҳои истеҳсолӣ ва нақлиёт ба атмосфера ва ифлосшавии захираҳои замину об, мукаммал намудани механизмҳои идоракунии партовҳои истеҳсолоти саноатӣ ва моддаҳои кимиёвии истифодашаванда; — мусоидат ба ташаккулёбии занҷирҳои рақобатпазири истеҳсолӣ ва кластерҳо дар бахши воқеии иқтисодиёт, ки ҷойгузинии молҳои воридотӣ ва рушди содиротро таъмин мекунанд; — фароҳам овардани шароитҳои лозима барои рушди минбаъдаи босуръати комплекси сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла истифодаи заминаи маъдан ва ашёи хоми маҳаллӣ ва партовҳои саноати кӯҳӣ; — мусоидат ба равандҳои ҳамгироии корхонаҳои БВИ дар асоси фароҳам овардани шароитҳо барои ҳамкориҳои баробарҳуқуқ дар соҳаи технологияҳои баланд тавассути ташкили корхонаҳои муштарак, паркҳои истеҳсолӣ ва вусъат додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ; — ташкили низоми самарабахши омодасозии мутахассисоне, ки дорои қобилияти идоракунии самаранок, ташкил ва азхудкунии технологияҳои рақобатпазири инноватсионӣ дар энергетика, КАС, саноат ва нақлиёт мебошад; — муҳофизат ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватании маҳсулот дар доираи меъёрҳои СУС, ташкили низоми тадбирҳо оид ба муҳофизати бозори дохилӣ аз маҳсулоти қалбакии дар соҳаи энергетика, саноат, КАС ва аҳолӣ истифодашаванда; — ташаккул додани занҷирҳои истеҳсолӣ ва кластерҳои рақобатпазири истеҳсолӣ дар КАС, ки ҷойгузинии молҳои воридотӣ ва рушди содиротро таъмин мекунанд; — мутобиқсозии КАС ба тағйироти дарозмуҳлати иқлим ва амалисозии чораҳои мусоидат ба сертификатсияи байналмилалии сифати маҳсулоти содиротии кишоварзӣ; — таҳия ва амалисозии тадбирҳои равонашуда ба ташаккулёбии талаботи иловагии КАС ба нерӯи барқ дар фасли тобистон; — таҳия ва амалисозии чораҳо оид ба сохтмон ва таҷдиди хатҳои нақлиётию телекоммуникатсионӣ ҷиҳати густариши имкониятҳои коммуникатсионии кишвар; — бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хатҳои роҳи оҳан, автомобилӣ ва ҳавоӣ ва тамоми намудҳои нақлиёт, аз ҷумла рушди намудҳои ғайрианъанавӣ ва махсуси алоқаҳои нақлиётӣ, ки рушди босуръати корхонаҳои БВИ-ро таъмин мекунанд; — таҳким намудани инфрасохтори фаромарзии телекоммуникатсионӣ. Натиҷаҳои чашмдошт 74 Интизор меравад, ки амалисозии тадбирҳои банақшагирифташуда дар БВИ ба ноилшавии натиҷаҳои зерин имконият медиҳад: — ҳиссаи саноат дар сохтори ММД-и кишвар афзоиш дода мешавад, ки он гузариши иқтисодиёти кишварро аз аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ таъмин мекунад; — {иссаи саноати коркард дар сохтори умумии саноат афзоиш ёфтааст; — теъдоди xой{ои нави корӣ дар со{аи саноат 3 маротиба афзоиш меёбад; — рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла: 1) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт расонида мешавад; 2) содироти солонаи нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд. кВт. соат расонида мешавад; 3) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад; 4) талафоти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад. — шароит барои диверсификатсияи энергетикаи ватанӣ дар асоси рушди сохторҳои ангишт ва нафтугази КСЭ ва азхудкунии МНБ фароҳам оварда шудааст; — дараҷаи баланди эътимоднокӣ барои таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои истеҳсолӣ бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад, норасоии мавсимии иқтидорҳо дар соҳаи электроэнергетика бартараф карда мешавад, вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти асосии озуқа ба таври назаррас коҳиш дода мешавад; — аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияи каммасраф ва сарфаҷӯии энергетикӣ идоракунии тамоми бахшҳои иқтисодиёти миллӣ баланд бардошта мешавад, самаранокии энергетикӣ тавассути то 500 млн. кВт. соат сарфа намудани нерӯи барқ таъмин мегардад; — нерӯи кадрии зарурӣ барои менеҷменти муосири энергетикӣ ва саноатӣ, идоракунии самарабахши БВИ ташаккул дода мешавад; — устувории молиявӣ ва шаффофияти бахши энергетикӣ таъмин карда шуд ва сатҳи ҷаззобияти сармоягузории БВИ баланд бардошта мешавад; — замина барои сохтори оптималии тавозуни сӯзишворию энергетикии кишвар бо назардошти кам кардани ҳиссаи захираҳои энергетикии воридшаванда дар сохтори истеъмоли дохилӣ фароҳам оварда мешавад ва ҳиссаи энергетикаи ғайрисӯзишворӣ аз ҳисоби афзундиҳии истифодаи манбаъҳои нерӯи барқароршаванда (офтоб, бод, биологӣ, геотермалӣ) зиёд карда мешавад; — шароит ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ барои ташаккулёбӣ ва рушди соҳибкории саноатӣ, энергетикӣ, аграрӣ ва сайёҳӣ дар деҳот, дар минтақаҳои барқтаъминкунии ғайримутамарказонидашуда ва ноҳияҳои кишвар, ки дорои шароитҳои табиии беназир мебошанд фароҳам оварда шуд, ки он ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ва кифоягии озуқаворӣ, коҳишёбии теъдоди 75 муҳоҷирони меҳнатӣ, ташаккул ёфтани табақаи миёнаи аҳолиро дар деҳот таъмин мекунад; — дар минтақаҳои кишвар таҷрибаи мусбати татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад, ки он ба сарфаи нерӯ ва таъминоти озуқавории қишри осебпазири аҳолӣ, коҳишдиҳии камбизоатии энергетикии аҳолии минтақаҳои деҳот ва таъмини шуғли пурмаҳсул дар асоси диверсификатсияи манбаъҳои нерӯ равона карда шудааст; — таъсири манфии соҳаҳои БВИ ба муҳити зист аз ҳисоби баланд бардоштани фаъолияти инноватсионии онҳо ва амалӣ намудани равиши кластерӣ дар инкишофи онҳо паст карда мешавад; — шароит барои ташаккул додани модели ба масъалаҳои экологӣ нигаронидашудаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда мешавад; — афзоиши истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ дар БВИ аз ҳисоби тадбирҳои мусоидат ба сармоягузориҳои имконпазир, рушди ҳамкорӣ, занҷири арзиши иловашуда ва кластеризатсия таъмин карда мешавад; — афзоиши ҳаҷму сифат ва дастрасии хизматрасониҳои нақлиётӣ дар соҳаи боркашонии дохилӣ ва байналмилалӣ таъмин гардид, сатҳи бехатарии фаъолияти соҳаи нақлиёт дар маҷмӯъ баланд мешавад; — долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ, иқтисодӣ ва марказҳои логистикӣ ташкил карда шуда, имкониятҳои коммуникатсионии кишвар васеъ мегарданд; — хизматрасониҳои роҳи оҳан, автомобилӣ ва хатҳои ҳавоӣ ва дигар намудҳои нақлиёт ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд; — шабакаи роҳҳои ҳавоии танобӣ ва монорелсҳо дар минтақаҳои кӯҳии кишвар ҷиҳати рушди босуръати корхонаҳои соҳаҳои саноати истихроҷ ва туризм инкишоф меёбанд; — имкониятҳои ҳамлу нақл тавассути хатҳои қубур васеъ карда шуда, шабакаи ХИБ-и мавҷудбуда ва сохтмони ХИБ-и нав дар манотиқи кишвар ва берун аз он бо мақсади азхудкунии саноатии конҳои захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва дигар канданиҳои фоиданок, истифодаи иқтидори содиротии БВИ васеъ карда мешаванд; — танзимкунандагони мустақилу шаффоф дар соҳаҳои электроэнергетика, телекоммуникатсия ва пахши барномаҳои телевизиону радио таъсис дода мешаванд; — инфрасохтори фаромарзии телекоммуникатсионӣ тавассути истифодаи гуногуни инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ ва шабакаҳои барқӣ ташаккул дода мешавад; — истифодаи иқтидорҳои транзитӣ ва телекоммуникатсионии кишвар ва тавони амалиётии интернет трафик тақвият дода шуд. Ноил шудан ба натиҷаҳои чашмдошт ба он мусоидат мекунад, ки БВИ-и Тоҷикистон замонавӣ, дорои дараҷаи баланди технология, самарабахш ва дорои рушди бемайлон гашта, қобилияти ҷорӣ намудани навовариҳои самарабахш, таҷдид ва таҷҳизонидани техникӣ мегардад ва минбаъд маҳсулоти 76 рақобатпазири давраи навро бо таъсири ночиз ба муҳити зист истеҳсол намуда, ба душвориҳои шароити нави технологии давраи оянда омода мегардад. Комплекси энергетикию сӯзишворӣ ва соҳаи нақлиёт бояд омили пешбарандаи афзоиши БВИ ва умуман, иқтисодиёти миллӣ гардад. Бартараф намудани норасоии нерӯи барқ ва паст намудани арзиши боркашонӣ ва тарифҳои нақлиётӣ барои рушди устувори иқтисодии кишвар ва пеш аз ҳама, барои бахши воқеии иқтисодиёт имкон медиҳад. Хизматрасониҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ аз лиҳози ҳудудӣ бояд бештар дастрас гарданд. Ин барои баланд бардоштани нерӯи содиротии кишвар, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва амалисозии иқтидори транзитии кишвар нақши муҳимро мебозад. БВИ бояд ба бахше табдил ёбад, ки ҷузъи муҳимтарини он на танҳо иқтидори табиию захиравӣ, балки зарфияти индустриалию инноватсионӣ ва нерӯи инсонӣ бошад. 5.2. Шуғли пурмаҳсул Воқеияти ҷумҳурӣ дар мавҷуд будани бозори меҳнати иборат аз “се бахш” маҳсуб меёбад, ки ҳақиқатан ба ҳиссаҳои баробар шуғли расмӣ, шуғли ғайрирасмӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро (ҳаддалимкон ғайрирасмӣ ва назоратнашаванда) ташаккул медиҳад. Зарурати афзоиши ҳамзамони миқдории шуғли устувори пурмаҳсул ва маҳсулнокии меҳнат, таъмини ҳифзи иҷтимоии самарабахш барои Тоҷикистон ҳадафи асосии рушд дар соҳаи меҳнат дар давраи дарозмуҳлат хоҳад шуд. Дар Стратегияи мазкур мафҳуми шуғли пурмаҳсул дар асоси талаботи “Конвенсияи СБМ дар бораи мусоидат ба шуғл ва ҳифз аз бекорӣ” муайян, таҳлил ва пешниҳод шудаст. Ҳамзамон, шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоат, масъалаҳои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчун омили муҳиму самаранок дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро дарбар мегирад. Мафҳуми шуғли пурмаҳсул фаъолиятеро, ки ба даст овардани даромадро дар шакли музди меҳнат ё ин ки фоида аз соҳибкорӣ дар раванди истеҳсоли молҳо, пешниҳоди ҳизматрасониҳо ва ғайра таъмин мекунад, ифода меёбад. Таъмини шуғли пурмаҳсул ба афзоиши истеъмолот, пасандозҳо ва сармоягузориҳо мусоидат мекунад. Шумораи аҳолии қобили меҳнат соли 2030 6,8 млн. нафарро ташкил хоҳад дод. Шумораи умумии аҳолии ба шуғл машғулбуда бояд то 70 фоиз аҳолии қобили меҳнат дар соли 2030 зиёд гардад. Дур шудан аз бартарияти ҳиссаи шуғл дар соҳаи кишоварзӣ бояд қисми муҳими ислоҳот дар соҳаи шуғл ва афзоиши маҳсулнокии меҳнат гардад ва бо таҷдиди сохтории бахши воқеӣ алоқаманд бошад (аз рӯи сенарияи индустриалӣ ё индустриалию иноватсионӣ). Ҳиссаи аҳолии дар соҳаи хизматрасонӣ машғулбуда аз 27,6 фоиз то 60 фоиз, дар саноат аз 3,3 фоиз то 15-20 фоиз афзоиш ёбад. Ин маънои онро дорад, ки тақрибан 70 фоиз афзоиши захираҳои меҳнатӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2030 дар соҳаҳои саноат, иҷтимоӣ ва таҳсил дар макотиби таҳсилоти касбӣ машғул бошанд. Шуғли расмӣ аз 40 фоиз то 70 фоиз аз шумораи умумии аҳолии машғулбуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёбад. Таъмини моделҳои оқилонаи истеҳсолот дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои нави сарфакунандаи нерӯ ва захираҳо, коҳишдиҳии партовҳои 77 саноатӣ ва партови CO2, ки имконияти “шуғли сабз”-ро (яъне омезиши меҳнати сазовор бо истифода аз технологияҳои тоза) фароҳам меоварад, ба даст ояд. Таҳияи модели нави рушд барои ташкили ҷойҳои зиёди нави кории пурмаҳсул, афзоиши шуғли расмӣ ва бахши расмии иқтисодиёт шароит фароҳам меоварад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, ки метавонанд ба дигар соҳаҳо ва умуман ба иқтисодиёт масалан дар саноати бофандагӣ ва озуқаворӣ, кимиёвӣ ва мошинсозӣ, хизматрасонии нақлиёт ва алоқа, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ таъсири назарраси афзоишёбанда расонад, муҳим мебошад. Нуқтаҳои муҳими институтсионалии афзоиш дар ин ҳолат метавонанд барномаҳои мақсадноки минтақавии мусоидат ба шуғл, барномаҳои самарабахши кутоҳмуҳлати шуғл, бахусус барои ҷавонон ва занон, мусоидат ба бозомӯзии муҳоҷирон ташаккул додани марказҳои шуғл бо истифодаи технологияҳои қарордоди иҷтимоӣ бошанд. Мушкилоти асосӣ: — номутобиқатӣ байни суръати афзоиши аҳолии қобили меҳнат ва нокифоягии ташкили ҷойҳои кори сазовор; — ҳаҷми бузурги шуғл дар бахши ғайрирасмӣ ва сатҳи пасти музди меҳнат дар бахши расмӣ; — нобаробариҳои хусусияти гендеридошта дар бахши шуғл ва зиёдшавии ҳаҷми истифодаи меҳнати кӯдакон; — мавҷуд набудани мувозинат байни бозори хизматрасониҳои таълимӣ ва бозори меҳнат; — сифати пасти маълумот ва малакаҳои қувваи корӣ, бахусус дар байни занон ва аҳолии деҳот; — вобастагии баланд аз вазъи бозори меҳнати як ё ду кишвари хориҷӣ; — сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ боиси аз кишвар рафтани кадрҳои мутахассисони соҳибихтисос мегардад. Дар соҳаи сиёсати шуғли пурмаҳсул афзалиятҳои зерин муайян шудаанд: (1) мусоидат ба ташкил намудани ҷойҳои кории пурмаҳсул; (2) ташкили бозори меҳнати рақобатпазири дохилӣ; (3) баланд бардоштани боздеҳи маълумоти касбӣ; (4) зиёд намудани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт; (5) диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ. Самтҳои асосии фаъолият Ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи рушди бозори меҳнат ва шуғл тадбирҳои зерин муайян шудаанд: Дар самти мусоидат ба ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул: — дастгирии соҳибкории хурд ва миёна барои ташкил намудани шуғл дар соҳаҳои инноватсионии аз ҷиҳати технологӣ баланд, дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла бо назардошти имкониятҳои ҷавонон ва занон; — омода намудани як қатор тадбирҳои ҳавасмандкунанда ва имкониятҳо барои шуғли пурмаҳсули шахсони маъюб; 78 — тадбирҳои байнисоҳавӣ, ки ба рушди иқтидори миллии арзёбӣ ва пешгӯии бозори меҳнат (аз ҷумла аз рӯи минтақаҳо), низоми кӯчонидани аҳолӣ ва ҷойгиркунии истеҳсолот, ҳавасмандгардонии инкишофи шабакаҳои алоқаи нақлиёти маҳаллӣ равона шудаанд, ки ба ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои кории нав, бахусус дар минтақаҳои дорои сатҳи баланди аҳолии бешуғл ва камбизоат мусоидат мекунад. Дар самти ташкили бозори меҳнати дохилии рақобатпазир: — ҷорӣ намудани воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва принсипҳои маблағгузории барномавии мақсадноки барномаҳои ҳудудии мусоидат ба шуғл; — баланд бардоштани сифати муҳити рақобатпазир тавассути муносибгардонии имтиёзҳои соҳавӣ ва бартариятҳо; — ташаккули низоми миллии мусоидат ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат; — инкишофи инфрасохтори бозори меҳнат; — ташкили барномаҳои махсус, ки ба беҳтар намудани имкониятҳои шуғли шахсони дорои мушкилоти махсус (занон, шахсони маъюб, муҳоҷирони ба ватан бозгаштаи дорои тахассуси нокифоя) равона шудаанд; — таҳкимдиҳии механизмҳои дастгирии иҷтимоии бекорон. Дар самти баланд бардоштани боздеҳи маълумоти касбӣ: — ташаккул додани муҳити рақобатпазир, аз ҷумла дар инкишофи муассисаҳои таълимӣ; — рушди низоми маълумоти техникӣ ва муҳандисӣ; — таҳияи барнома ва механизмҳои арзёбии дараҷаи тахассуси мутахассисон (низоми миллии харитасозии салоҳиятҳо); — ташаккул додани механизмҳои устувори таъмини дастрасии ҷавонон/хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба низомҳои мусоидат ба шуғл/ҷустуҷӯи кор. Дар самти баланд бардоштани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт: — андешидани як зумра тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ оид ба фаъолияти соҳибкории қонунӣ, аз ҷумла ташаккули низоми устувори дастгирии андозии фаъолияти меҳнатии қонунӣ; — амалҳои байнисоҳавӣ, ки ба беҳсозии муҳити соҳибкорӣ равона шудаанд, аз ҷумла дар самти рушди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва қувваи кории кироя, рушди низоми “фармоиши давлатӣ” ва масъулияти иҷтимоии бизнес. Дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ: — таъсис додани низоми тайёрии пешакии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, бо назардошти таъминоти ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ, омӯзиши кутоҳмуҳлати касбӣ ва забон дар заминаи марказҳои захиравӣ; — рушди барномаҳои муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳифзшуда. Натиҷаҳои чашмдошт Интизор меравад, ки амалисозии тадбирҳои пешбинишуда оид ба мусоидати шуғл, ки шуғли пурмаҳсул ва шароитҳоро барои рушди сармояи инсонӣ таъмин менамояд, ба натиҷаҳои зерин оварда мерасонад: 79 — мувозинати шумора ва сифати аҳолии қобили меҳнат ва ҷойҳои корӣ таъмин гардида, шумораи аҳолии бекор (бекор ва ғайрифаъол) кам карда мешавад; — сатҳи шуғл байни мардон ва занон дар соҳаҳои дорои имконияти рушд баланд бардошта мешавад; — механизми таҳлил ва дурнамои бозори меҳнат таҳким ёфта, маълумот дар бораи бозори меҳнат ҳамасола на кам аз ду маротиба нав карда мешавад; — низоми миллии мусоидат ба афзоиши устувори ҳосилнокии меҳнат ташкил гардид; — коҳишдиҳии нобаробарии ҳудудии шуғл таъмин карда шуд, фишори муҳоҷирати дохилӣ кам карда мешавад; — шуғли шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд беҳтар мегардад (шахсони маъюб, волидайни дорои кӯдаки маъюб, занони танҳо, шахси синну соли пеш аз нафақа, муҳоҷирони бозгаштаи дорои тахассуси нокифоя); — сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон коҳиш меёбад; — коҳишёбии пайдарпайи шуғли ғайрирасмӣ таъмин гардида, дар натиҷа ҳиссаи шуғли расмӣ то 70 фоиз аз шумораи умумии аҳолии машғулбуда расонида мешавад; — соли 2030 аз шумораи аҳолии машғулбуда на кам аз 50 фоиз занону мардон дорои маълумоти касбӣ мебошанд; — сатҳи шуғли маъюбон соли 2030 на кам аз 15 фоиз аз шумораи умумии маъюбонро ташкил медиҳад; — иттилоотнокӣ ва омодагии касбӣ нисбат ба кор дар бозорҳои берунаи меҳнат баланд бардошта мешавад; — дараҷаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо баланд бардошта мешавад. 5.3. Бахши молиявӣ Бахши молиявии Тоҷикистон дар соли 2030 – низоми муосири босуръат афзоишёбандаи муассисаҳои молиявии рақобатпазир, ки дорои қобилияти пешниҳод намудани хизматрасониҳо ва маҳсулоти мухталифи босифат ва инноватсионии молиявӣ ба истеъмолкунандагон мебошад ва шароитҳои мусоид барои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ фароҳам оварда, ба таъсири таконҳои беруна устувор мебошад. Мушкилоти асосӣ: — бахши молиявӣ ҳоло ҳамчун асоси маблағгузории иқтисодиёти миллӣ пурра ташаккул наёфтааст; — иқтидори сафарбаркунии пасандозҳо ва механизми тадбилдиҳии онҳо ба қарзҳои бонкӣ ва сармоягузориҳо самаранок истифода намешавад; — сатҳи нокифояи воситаҳои ниҳодҳои молиявии амалкунанда (бонкҳо, ТХҚ, ширкатҳои суғуртавӣ ва ғайра) боиси пешниҳоди номгӯи маҳдуди хизматрасонии молиявӣ, хусусан хизматрасонии кутоҳмуҳлат гардида, ба талаботҳои бахши воқеӣ ҷиҳати азнавсозии иқтидори истеҳсоли онҳо мувофиқат намекунад; 80 — сохтори номукаммали бахши молиявӣ ба назар мерасад, ки дар он бонкҳо бартарӣ дошта, бозори коғазҳои қиматнок маҳдуд аст, сегменти такрории он, аз ҷумла муомилоти коғазҳои қиматноки ширкатҳо вуҷуд надорад; — воситаҳои таъмини маблағгузории корхонаҳои БВИ маҳдуд буда, диферсификатсияи он дар сатҳи паст қарор дорад; — сатҳи баланди долларизатсияи бахши молиявӣ боқӣ мемонад; — ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар байни субъектҳои хоҷагидории иқтисодиёт дараҷаи баланди истифодаи маблағҳои пули нақд бартарӣ дорад; — ҳассосияти бахш ба тағйирёбии қурби асъори ҷаҳонӣ дастрасиро ба захираҳои молиявии беруна маҳдуд месозад; — нобаробарии минтақавӣ дар робита бо дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ эҳсос мегардад; — сатҳи баланди нархҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла фоизҳои баланд аз рӯи қарзҳо ба назар мерасад; — дараҷаи баланди хавфҳои хоси фаъолияти ниҳодҳои молиявӣ мавҷуданд; — сатҳи пасти идоракунии корпоративӣ ба назар мерасад. Барои ташаккули бахши муосири молиявӣ ҳамчун низоми муассисаҳои молиявии рақобатпазир, ки дорои қобилияти пешниҳод намудани хизматрасониҳо ва маҳсулоти мухталифи босифат ва инноватсионии молиявӣ мебошад ва шароитҳои мусоид барои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ фароҳам оварда, ба таъсири таконҳои беруна устувор аст, афзалиятҳои зерин ҷудо карда шуданд: (1) баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори бахши молиявӣ; (2) таъмини дастрасӣ ва диверсификатсияи воситаҳои маблағгузории дарозмуҳлати БВИ; (3) васеъ намудани рӯйхати маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ, ки дорои хусусияти инноватсионӣ мебошанд; (4) пурзӯр намудани захираҳои кадрии муассисаҳои молиявӣ дар ҳамаи сатҳҳои низоми бонкӣ; (5) густариши ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши молиявӣ; (6) такмил додани механизми молиявию иқтисодии истифодаи идоракунии табиат ва ҳифзи муҳити зист. Самтҳои асосии фаъолият Ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи ислоҳоти бахши молиявӣ тадбирҳои зерин муайян шудаанд: Дар самти баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори бахши молиявӣ: — пурзӯр намудани иқтидори низоми бонкӣ тавассути афзоиш додани сармояи он ва такмил додани низоми идоракунии захираҳои инсонӣ; — ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии хавф ва усулҳои назорат дар асоси арзёбии хавфҳо дар ташкилотҳои молиявӣ; — такмил додани низоми танзими пруденсиалӣ, такмилдиҳии назорати маҷмӯӣ, гузариши ботадриҷ ба низоми ҳадафгирии таваррум; 81 — баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои танзими ғайримустақим дар робита бо сиёсати нигоҳ доштани устувории нархҳо ва сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ; — таъсис додани танзимкунандаи азим (мегарегулятор)-и бахши молиявӣ; — пурзӯр намудани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, ширкатҳои суғуртавӣ, лизингӣ, биржаи коғази қиматнок ва ғайра) аз ҳисоби ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалии фаъолият, баланд бардоштани талаботи ҳадди ақал нисбати сармоя, пурзӯр намудани талаботи захиравӣ барои таъмини афзоиши суботи молиявии онҳо, ташкили низоми муосири идоракунии хавфҳо; — фароҳам овардани замина барои паст кардани нархҳои хизматрасониҳои молиявӣ ва коҳиш додани хароҷотҳои амалиётӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии фаъолияти соҳибкорӣ, гузариш ба сохторҳои ташкилии тағйирпазир, модернизатсияи заминаи техникии муассисаҳои молиявӣ, истифодаи васеи усулҳои муосири идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ (дар масофа, аз ҷумла бонкдорӣ тавассути интернету воситаҳои мобилии алоқа ва низомҳои пардохт), истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохт, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, амният, сифати хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт, рушди заминаи техникию инфрасохтори низоми пардохт; — фаъолсозии равандҳои муттаҳидсозӣ дар ҳамаи сегментҳои бозори молиявӣ, афзоиши теъдоди ҳамроҳшавӣ ва азхудкунӣ ҳамчун шаклҳои баланд бардоштани сармоягузории ташкилотҳои молиявӣ; — солимгардонии бонкҳои азим; — мусоидат ба таҷдиди бонкҳои амалкунандаи беэътимод; — такмил додани низом ва маданияти қарздиҳӣ; — ҷорӣ намудани хазинаи кафолатдиҳии қарзҳо ва механизмҳои нави он, аз ҷумла бо иштироки ММХ; — ташаккул ва рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла бозори такрорӣ, низоми нафақаи ҷамъшаванда, инфрасохтори маблағгузории венчурии корхонаҳои пешрафта ва соҳаҳои БВИ; — таҳия намудани тадбирҳои ҳавасмандкунанда оид ба вусъат додани паҳншавии пардохтҳои ғайринақдӣ, бахусус дар савдои чакана; — сода намудани расмиёти кушодани филиалҳо ва дигар намудҳои филиалҳои минтақавии муассисаҳои қарзӣ; — мусоидат ба воридшавии хизматрасониҳои бонкии чакана дар деҳот миёни оилаҳои дорои сатҳи пасти даромад, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои алоқаи мобилӣ барои хизматрасониҳои молиявӣ; — пурзӯр намудани либерализатсияи бозори молиявӣ, содагардонии иҷозатномадиҳӣ ва сода намудани расмияти воридшавии иштирокчиёни хориҷӣ ба бозор; — таҳкими ҳамгироии бахши молиявӣ бо механизмҳои самараноки шарикии глобалӣ, дастрасӣ ба бозорҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, иштирок дар биржаҳои мухталифи минтақавӣ; — пурзӯр намудани фаъолияти превентивии ташкилотҳои қарзӣ барои коҳиш додани хафвҳои мунтазам дар бозори молиявӣ; 82 — ҷоннок намудани талошҳо дар самти ба даст овардани рейтинги байналмилалии қарзӣ аз ҷониби Тоҷикистон; — бо назардошти рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ имкониятҳои маблағгузории дарозмуҳлат бо фоизи паст дар БВИ аз ҷониби бонкҳои инфиродӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд. Дар самти дастрасӣ ва диверсификатсияи воситаҳои маблағгузории дарозмуҳлати БВИ: — ташакккул додани бозори қарзии байни бонкӣ; — ташаккул додани низоми сезинагии қарздиҳӣ; — фароҳам овардани шароит барои фаъолияти бозори аввалия ва такрории коғазҳои қиматнок ҳамчун воситаи асосии маблағгузории дарозмуҳлати БВИ; — рушди минбаъдаи босуръати ширкатҳои лизингӣ. Дар самти вусъат бахшидани рӯйхати маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявии пешниҳодшаванда, ки дорои хусусияти инноватсионӣ мебошанд: — рушди воситаҳои нави азнавмаблағгузорӣ (рефинансирование) ва идоракунии пардохтпазирӣ дар сатҳи БМТ ва бонкҳои сатҳи дуввум ва ТХҚ; — азхудкунӣ ва истифодаи васеи воситаҳои инноватсионӣ оид ба ҷалби пасандозҳо ба депозитҳо; — таъмини рушди бозори коғазҳои қиматнок, истифодаи воситаи АҶОС барои ҷойгиркунӣ дар биржаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва намудҳои инноватсионии коғазҳои қиматнок ба сифати воситаҳои молиявии ҳосилшуда; — рушди бозори вомбаргҳои давлатӣ бо мӯҳлатҳои гуногуни пардохт, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ бо мақсади ташаккули даромади бехавфи бозаргонӣ ва рушди воситаҳои хеҷинги асъорӣ; — азхудкунӣ ва истифодаи васеи воситаҳои суғуртаи хавфҳои асъор ва дигар хавфҳои қарздиҳии дарозмуҳлати иқтисодиёти воқеӣ, аз ҷумла хеҷинг ва маблағгузории муштарак; — азхудкунӣ ва истифодаи васеи воситаҳои исломии бонкӣ ва фондии маблағгузорӣ; — беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳо дар соҳаи маблағгузории қишри осебпазири аҳолӣ, бахусус занон ва ҷавонон. Дар самти таҳкими иқтидори захираҳои инсонии ташкилотҳои молиявии ҳамаи сатҳи низоми бонкӣ: — тайёр намудани мутахассисони касбӣ барои соҳаи молиявӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тавассути низоми макотиби олӣ бо назардошти аз нав дида баромадани барномаҳои таълимӣ; — ташкили курсҳои бозомӯзӣ, фаъол гардонидани кори марказҳои таълимии назди ташкилотҳои молиявӣ; — таҳким намудани муносибатҳо бо муассисаҳои хориҷии молиявӣ ва қарзӣ дар соҳаи бонкдорӣ, даъвати мутахассисони пешбар; — таҳия намудани Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ. Дар самти густариши ислоҳоти иститутсионалӣ дар бахши молиявӣ: — такмилдиҳии минбаъдаи заминаи меъёрию ҳуқуқии бахши молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият ва эътимоднокӣ ба фаъолияти 83 муассисаҳои молиявӣ, ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бахусус низоми бонкӣ, равона шудааст; — қабули санадҳои нави меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ташкил ва ҷорӣ намудани низоми механизмҳои ҷуброн ҷиҳати рушди низоми нафақаи ҷамъшаванда; — рушди бозори аудиторҳои мустақил ва пурзӯр намудани арзёбии фаъолияти соҳибкории хурду миёна аз ҷониби аудиторони мустақил; — такмилдиҳии танзими пруденсиалӣ ва назоратии ташкилотҳои суғурта мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ; — тавсеа додани низоми кафолатдиҳӣ (суғуртакунӣ)-и коллективии пасандозҳои шахсони воқеӣ барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба бонкҳо ва дигар ниҳодҳои молиявӣ; — таҳким додани рақобати солим дар бахши молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон, истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, афзоиши огоҳии аҳолӣ оид ба хизматрасониҳои бахши молиявӣ; — тағйирдиҳии қонунгузории андоз, ки ба ташаккулёбии рафтори нави сармоягузории аҳолӣ нигаронида шудааст; — пурзӯр намудани дастгирии давлатии молиявию иқтисодии соҳибкорӣ бо назардошти риояи талаботи экологӣ, рушди истеҳсолот ва навовариҳои “аз ҷиҳати экологӣ тоза” (рушди суғуртаи экологӣ, андозҳо, қарзҳо, субсидияҳо, тарифҳо, боҷ ва ғайра); — вусъатдиҳии равандҳои ҳамгироӣ дар бахши бонкӣ. Натиҷаҳои чашмдошт Татбиқи тадбирҳои пешбинигардида барои ноил шудан ба натиҷаҳои зерин имкон медиҳад: — рақобатпазирии муассисаҳои молиявӣ бо назардошти либерализатсияи бозори хизматрасониҳои молиявӣ дар доираи уҳдадориҳои СУС баланд бардошта мешавад; — молиякунонии умумии иқтисодиёти миллӣ то 55-70фоизи ҳиссаи ММД таъмин мегардад, аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши ҳиссаи қарзҳои бонкӣ то 40-50 фоизи ҳиссаи ММД; — афзоиши 3-4 маротибаи молиякунонии дарозмуҳлати БВИ таъмин гардида, норасоии шадиди он бартараф мегардад; — афзоиши маблағгузории қарзӣ ва коҳиш додани меъёри фоизи бозорӣ, дароз намудани мӯҳлати қарздиҳӣ ва вусъат додани бозори дуюмдараҷа аз ҷониби корхонаҳои БВИ таъмин карда мешавад; — нақши калидии хонаводаҳо ва табақаи миёна ба сифати сармоягузорони асосии дохилӣ таъмин мегардад; — на кам аз 50 фоиз оилаҳо бо хизматрасониҳои бонкӣ фаро гирифта мешаванд; — ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар савдои чакана на кам аз 50%-ро ташкил медиҳад; — на кам аз 30 фоиз манзил дар бозори ибтидоӣ бо истифода аз воситаҳои қарзии ипотека харидорӣ мешавад; -заминаҳои молиявӣ барои гузариш ба иқтисодиёти шакли индустриалию аграрӣ фароҳам оварда мешаванд; 84 — низоми муайянсозии бармаҳал ва андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ҳангоми афзоишёбии хавфҳои муттасил дар бозори молиявӣ ҷорӣ карда мешавад; — рейтинги қарзии байналмилалии кишвар баланд бардошта мешавад; — низоми сезинагии қарздиҳӣ, ки аз маҷмӯи бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳии хурд ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ иборат аст, ташаккул дода мешавад; — ҳиссаи маблағгузории мустақим тавассути хароҷоти давлатӣ коҳиш дода шуда ҳиссаи дастгирии ғайримустақим тавассути таъсис додани бонкҳои рушд ва дастгирии соҳаҳои афзалиятноки БВИ-и Тоҷикистон зиёд карда мешавад; — воситаи молиявии аввалин ҷойгиркунии оммавии саҳмияҳо (АҶОС) ва воситаҳои молиявии ҳосилшуда (ВМҲ) мавриди истифодаи васеъ қарор дода мешаванд; — воситаи бонкдории исломӣ барои маблағгузории БВИ васеъ истифода бурда мешавад; — Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ таҳия ва татбиқ мегардад; — тавассути қонунгузорӣ андозаи маблағҳои кафолат аз рӯи амонатҳои дарозмуҳлати бонкӣ баланд бардошта шуда, чораҳои иловагӣ оид ба муҳофизати амонатгузорон тавассути суғуртаи онҳо васеъ гардонида мешаванд; — механизми ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои рушди устувор ва таъмини бехатарии экологӣ такмил дода мешавад; — механизми ҷуброни зарари дар натиҷаи амалисозии фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ба муҳити зист овардашуда такмил дода мешавад; — механизми истифодаи васеи воситаҳои пардохти электронӣ бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ, такмил дода мешавад; — қонунгузории кишвар дар соҳаи молиявӣ бо кишварҳои минтақаи Иттиҳоди Авру Осиё мутобиқ мегардад. 5.4. Фазои сармоягузорӣ Дар шароити суст шудани рушди иқтисодӣ аксари кишварҳои ҷаҳон аз беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардошани сифати он истифода мебаранд. Мақомоти давлатӣ дар чунин шароит ҳамчун субъекҳои талошкуниҳои рақобатнок барои сармоягузориҳо саъю кушиш мекунанд ва ба сармоягузорон “маҳсулоти” худро, ки “фазои сармоягузорӣ” мебошад, пешниҳод мекунанд. Бо назардошти ин, ҳукумат ислоҳоти институтсионалиро оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тавассути таҳкимдиҳии заминаи қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои молу мулкӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори сармоягузорӣ ва коҳишдиҳии хавфҳои сармоягузорӣ, идома медиҳад. Самаранокии фазои соҳибкорӣ бештар аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста аст ва бо таъсисдиҳии институти 85 Омбудсмен оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорон ҷиҳати ҳалли масъалаҳо дар сатҳи миллӣ пурзӯр мегардад. Мушкилоти асосӣ дар соҳаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва шароити сармоягузорӣ аз инҳо иборат аст: — маҳдуд будани бозори дохилӣ ва ҳамгироии заифи байналмилалии тиҷоратию иқтисодӣ, ки бо дурдаст аз бозорҳои калони ҷаҳонии истеъмолӣ ва роҳҳои асосии тиҷоратию нақлиётӣ алоқаманд аст; — рушди нокифояи инфрасохтори истеҳсолӣ ва мушкилоти мавсимӣ бо таъмини нерӯи барқ, дараҷаи баланди бюрократизатсияи ҳокимияти давлатӣ; — монеаҳои маъмурӣ дар роҳи пешрафти соҳибкорӣ ва мавҷуд набудани механизми худмаблағгузорӣ (иттиҳодҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва ғайра); — вусъатдиҳии нокифояи инфрасохтори сармоягузорӣ (инфрасохтори бонкӣ, иттилоотию таҳлилӣ, машваратӣ ва дигар) ва камбудиҳо дар механизмҳои таъмини ҳуқуқҳои молу мулкӣ, инкишофи заифи муносибатҳои шартномавӣ; — номукаммал будани низоми ҳавасмандиҳои андозӣ ва рушд наёфтани механизмҳои дастгирии молию қарзӣ ва суғуртаи хавфҳои соҳибкорӣ, ноустуворӣ дар бозори асъор ва равандҳои таваррумӣ; — сатҳи пасти таъсирбахшии механизмҳои дастгирии давлатӣ ва танзими соҳибкорӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ; — мураккаб будани тартиби (монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ) воридот ва содирот ва мавҷуд набудани ҳамкории зарурии минтақавӣ, бахусус дар соҳаи тиҷорат, транзит ва табодули маълумоти экологӣ; — нокифоя будани алоқамандии лоиҳаҳои кумакҳои беруна бо афзалиятҳои чорабиниҳои миллӣ стратегияҳои соҳавии барномаҳои рушди минтақавӣ. Ба афзалиятҳо ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ инҳо дохил мешаванд: (1) рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва саноат оид ба коркарди ашёи хоми ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва баланд бардошани иқтидори содиротии кишвар; (2) кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва ташаккули инфрасохтори рушд ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ; (3) ташаккулдиҳии низоми иттилоотии соҳибкорӣ дар саноат ва мусоидат ба ташкил намудани бизнес-инкубаторҳо бо назардошти талаботи мардон ва занон, соҳибкорони деҳот; (4) пурзӯр намудани ҳуқуқҳои молу мулкӣ, рушди рақобат ва таъсисдиҳии ниҳод (институт)-и Омбудсмен оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон; (5) истифодаи механизмҳои ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори роҳи оҳан ва барқарорсозии фурудгоҳҳо, дар соҳаи ХМК, маориф ва тандурустӣ; 86 (6) таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадами раванди Ҳамкориҳои глобалӣ оид ба ҳамкории самарабахш барои рушд (ҲГҲСБР). (7) Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молҳои ватанӣ. Самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ чунин мебошанд: — такмилдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, савдои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулот; — такмилдиҳии механизмҳои мақсаднок ва ҷалби кумакҳои беруна ба афзалиятҳои миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар асоси васеъ ва беҳтар намудани истифодаи Низоми идоракунии иттилоотии кумаки беруна; — пурзӯр намудани маблағгузорӣ тавассути Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон ва таҳкимдиҳии иқтидори мақоми ваколатдор оид ба ҷалби сармоягузориҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ) ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои ШДБХ; — таҳия ва татбиқи барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо оид ба рушди соҳибкорӣ бо назардошти омилҳои гендерӣ, сармоягузориҳо ва содирот; — такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади содагардонии маъмуркунии андоз ва коҳишдиҳии сарбории андоз барои сиҳибкории хурд ва миёна; — ташаккули низоми бисёрсатҳаи институтсионалии дастгирии соҳибкорон дар асоси ташкил намудани кластерҳои минтақавию соҳавии рушди соҳибкорӣ, фондҳои махсусгардонидашуда ва дастгирии рушди ташкилотҳои инфрасохторӣ; — татбиқи сиёсати нави мусоидат ба сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҳамчун яке аз шартҳои асосии индустриалию инноватсионии рушди иқтисодиёт; — такмилдиҳии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар сатҳи ҳокимияти судӣ ва тавассути таъсиси ниҳоди Омбудсмен барои ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон; — ҷорӣ кардани татбиқи пайҳами сиёсати кам кардани сарбории маъмурии фаъолияти соҳибкорӣ ва ташаккули низоми дастгирии маъмурии лоиҳаҳои миёна ва калони сармоягузории бахши хусусӣ аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона”; — рушди соҳибкории хурд дар деҳотҷойҳо ва ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди маҷмӯавии маҳсулоти кишоварзӣ; — ташаккулдиҳӣ ва инкишоф додани бозори мукаммали коғазҳои қиматнок; — такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рушди соҳибкории экологӣ ва афзоиши ҷолибияти сармоягузориҳои экологӣ; — такмилдиҳӣ ва пурзӯр намудани ниҳоди идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ; 87 — тамдид намудани пардохти ААИ барои техника ва таҷҳизоти технологӣ, вусъатдиҳии назарраси рӯйхати молҳои воридотии истеҳсолӣ, ки аз пардохти ААИ озод карда мешаванд; — таҳия намудани Барномаи рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки ташаккулёбии амиқи вазифаҳо ва бахшҳои афзалиятноки рушди онро пешбинӣ мекунад; — такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ШДБХ ва ҳамгироии Қонуни ҶТ “Дар бораи консессияҳо” ба Қонуни ҶТ “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”; — таҳия намудани шакл ва тартиби баҳисобгирии лоиҳаҳои ШДБХ, аз ҷумла мониторинги индикаторҳои лоиҳаҳо аз рӯи тарҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ; — ташкил кардани ҳавасмандгардонӣ барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ШДБХ аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; — ташкил намудани хазинаи рушди (омода ва дастгирӣ намудани) лоиҳаҳои ШДБХ, аз ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, ки ба қонунгузорӣ мухолифат намекунад; — ҷорӣ намудани низоми аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаи тартибдиҳии тарифҳо барои хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохторе, ки аз рӯи тарҳҳои ШДБХ сохта шудаанд; — тарҳрезӣ кардани шаклҳои созишномаҳои сармоягузорӣ ва муқаррар намудани тартиби шаффофи бастани онҳо; — таҳияи механизми оммавии пешниҳоди лоиҳаҳо ба сармоягузорон; — бунёди низоми муносиби ҳифзи гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ҳангоми татбиқи ШДБХ. Натиҷаҳои чашмдошт дар бахши рушди фазои соҳибкорӣ ва шароитҳои сармоягузорӣ чунин мебошанд: — ташкил кардани муҳити устувор ва самарабахши рақобатнок барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ, рушди соҳибкории ба содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидкунанда ташкил карда шуд; — монеаҳои маъмурӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна кам карда шуданд ва низоми мусоидаткунандаи рушди он таъмин мегардад; — ниҳоди Омбудсмен оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон таъсис дода мешавад; — бозори молиявӣ, бозори такрории коғазҳои қимматнок инкишоф ёфта, бозорҳои суғурта либерализатсия ва диверсификатсия мешаванд; — бозори мустақили қарзии Тоҷикистон таъсис дода мешавад; — низоми самарабахши танзими давлатии иқтисодиёт ва либерализатсияи бахшҳои иқтисодиёт ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо амалӣ мегардад; — — Тоҷикистон, тавассути фаъолсозии аъзогӣ дар СУС, ба тасвиб расидани конвенсияҳои Ню-Йорк ва Апостил, пешбурди лоиҳаҳои минтақавӣ, ба монанди CASA-1000, сохтмони лӯлаи газ ва шабакаи роҳҳои минтақавии роҳи оҳан ва автомобилӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ шомил гардид. 88 — дар Тоҷикистон низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ХАССП (Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавфҳо ва нуқтаҳои муҳими назорат) ҷорӣ мегардад, ки назоратро дар тамоми марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, ҳар як нуқтаи ҷараёни истеҳсолот, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот, ки дар ҷараёни он ҳолатҳои хатарнок метавонанд ба миён оянд, таъмин менамояд; — низоми бисёрсатҳаи институтсионалии дастгирии соҳибкорӣ бо назардошти иқтидорҳои занон дар заминаи кластерҳои ҳудудию соҳавии рушди соҳибкорӣ, фондҳои махсусгардонидашуда ва дастгирии рушди ташкилотҳои инфрасохторӣ ташаккул меёбад; — низоми баҳисобгирии мушкилиҳои экологӣ ҳангоми ташаккул додани фазои соҳибкорӣ ва беҳсозии иқлими сармоягузорӣ такмил дода мешавад; — самаранокии ҳамкории сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар асоси ҷорӣ намудани низоми содакардашудаи дастгирии маъмурӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ баланд бардошта мешавад; — барномаи маҷмӯии рушди ШДБХ таҳия карда шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нав “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” қабул мегардад; — низоми ҳавасмандгардонӣ, дастгирии давлатӣ ва кафолат ҷиҳати ҷалби захираҳои бахши хусусӣ дар амалисозии лоиҳаҳои ШДБХ таъсис меёбад; — механизмҳои маблағгузории муштараки лоиҳаҳои ШДБХ аз ҷониби давлат ташкил мегарданд; — хароҷоти маъмурию амалиётӣ ва хавфҳои ШДБХ, аз ҷумла оид ба оғоз намудан, омодасозӣ ва татбиқ намудани лоиҳаҳои ШДБХ коҳиш меёбанд; — мутахассисон дар соҳаи ШДБХ, ки қобилияти омодакунӣ ва дастгирии лоиҳаҳои эҳтимолӣ доранд, тайёр карда мешаванд; — рушди институтсионалии чунин сохторҳо ба монанди МД “Маркази татбиқи лоиҳаҳои ШДБХ” ва ташкилотҳои фармоишгар (мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ) таъмин мегарданд; — хазинаи рушд лоиҳаҳои ШДБХ таъсис дода мешавад (омодасозӣ ва дастгирии лоиҳаҳо); — феҳристи лоиҳаҳои ШДБХ ташкил карда мешавад; — нишондиҳандаҳо ва методологияи арзёбии лоиҳаҳои ШДБХ таҳия мегарданд; — хароҷотҳои субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои андозии худ кам мегарданд. VI. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СМР-2030 Ҳадафи асосии мониторинг ва арзёбӣ (МваА) ин идома ва вусъат додани таъминот бо равандҳои мустақил ва шаффофи амалисозии чорабиниҳои ба даст овардани ҳадаф ва вазифаҳои СМР-2030 мебошад, ки ба ноил шудани натиҷаҳои ниҳоӣ нигаронида шудаанд. Дар маҷмӯъ таҷрибаи амалисозии СМР2015 ва стратегияҳои миёнамуҳлат (СПКСК 2007-2009; СПКСК 2010-2012 ва 89 СБСНМТ 2013-2015) самаранокии кофии низоми қабулшуда ва татбиқшудаистодаи МваА-ро нишон доданд. Дар раванди он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва шарикони рушд иштирок варзиданд. Барои таъмин намудани ҳамоҳангсозии ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар масоили рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шӯрои миллии рушд стратегияи умумии ислоҳотро муайян мекунад ва бо мақсади таъмин намудани ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии Стратегияҳои рушди кишвар таъсис дода шудааст. Ҳамин тавр ягонагии чунин элементҳои ба ҳам алоқаманд ба монанди арзёбии пешрафт ва амалисозии тадбирҳои пешниҳодшуда; механизми мониторинги худи пешрафт; ҷамъоварии тамоми маълумоти зарурӣ, аз ҷумла омода намудани ҳисоботҳои марҳилавӣ ва солона таъмин карда шуд. Ҳамоҳангсозии нисбатан дақиқи фаъолияти донорҳо, ки дастгирии техникӣ ва молиявӣ пешниҳод мекунанд ба даст омад, аз ҷумла он дар таҳияи стратегияҳо ва гузаронидани ислоҳот кумак расонд, ки ба ин таъсисдиҳии Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо мусоидат намуд. Таҷрибаи гузаронидани МваА Стратегияҳои қаблии рушд нишон дод, ки бо мавҷуд будани пешравии мусбат дар ин соҳа, якчанд камбудиҳо ҷой доштанд, ба монанди: — мавҷуд набудани равиши ҳамоҳангшуда нисбати ташаккули низоми рушди миллӣ, ки иерархияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барномаҳо ва нақшаҳоро инъикос мекунад. — мавҷуд набудани ҳамоҳангсозии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки фаъолияти сохторҳои мухталифро танзим мекунад. — мавҷуд набудани механизми ҳамкории мунтазам байни ҳамаи тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ ва ҳамшарикони рушд дар сатҳи корӣ. — таҳияи номукаммал ва ба таъхир афтодаи тадбирҳои пешгирикунанда дар ҳолатҳои пеш аз буҳрон; — суст ҷорӣ намудани равиши гендерӣ ва норасоии нишондиҳандаҳои гендерӣ; — номукаммал будани нишондиҳандаҳои “иқтисоди сабз” ва рушди фарогир (инклюзивӣ); — мавҷуд набудани манбаъҳои маълумоти зарурӣ барои банақшагирӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои натиҷабахш. Аз ин рӯ зарурати ташаккул додани якчанд сатҳи мониторинг ба миён омадааст: дар сатҳи лоиҳаҳо/барномаҳо (барои муқоисаи натиҷаҳои банақшагирифташуда бо натиҷаҳои воқеӣ); дар сатҳи соҳаҳо (барои назорати индикаторҳои махсуси соҳавӣ); дар сатҳи минтақавӣ (барои арзёбии индикаторҳои минтақавии рушд); дар сатҳи миллӣ (барои ҷамъбасти натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ дар дигар сатҳҳо). 90 МваА бояд дар асоси пайгирии мунтазами индикаторҳои тасдиқшуда гузаронида шавад, ки ба чунин меъёрҳо ба монанди имконияти арзёбӣ, муносиб будан, арзиши пасти ҷамъоварии маълумот, инъикоси бевоситаи натиҷаҳои фосилавӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар натиҷа бояд ба чунин саволҳо ҷавоб пайдо намуд: Оё чораҳои банақша гирифташуда иҷро шудаанд? Оё параметрҳои мақсадноки пешгӯишаванда ба даст омаданд? Натиҷаҳои фосилавии тадбирҳои сиёсат, ки дар матритсаи чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд, кадоманд? Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон СМР-2030- ро тасдиқ мекунад. МваА-и СМР-2030 таҳти роҳбарият ва дар ҳамоҳангсозӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори соҳавӣ ва минтақавии идоракунӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла бо ҷалби шарикони рушд МваАро мегузаронад ва ҳисоботҳои панҷсоларо оид ба рафти амалисозии СМР-2030 дар Шӯрои миллии рушд пешниҳод менамояд. Вазифаҳои МваА-и СМР-2030: 1. Нишон додани он, ки то чӣ андоза кишвар дар ноилшавии ҳадафҳои гузошташуда муваффақ шудааст. 2. То чӣ андоза натиҷаҳои бадастомада нисбат ба хароҷот самаранок буданд. 3. Муайян намудани тарафҳои бомуваффақият (барои тақвиятдиҳӣ) ва камбудиҳои (барои бартарафсозӣ) натиҷаҳои амалисозии Барномаҳои миёнамуҳлати рушд дар доираи СМР-2030. 4. Муайян намудани дараҷаи иштироки тамоми тарафҳои манфиатдор дар татбиқи СМР-2030. 5. Баҳо додани иқтидори таъминшуда барои рушди кишвар баъди соли 2030. Ҳисоботҳои МваА-и СМР-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушд бо иштироки шарикони рушд баррасӣ мегарданд. Ҳисоботҳои МваА дар асоси таҳлили динамикаи низоми индикаторҳои ду сатҳ тартиб дода мешаванд: 1) индикаторҳои сатҳи байналмилалӣ барои қиёси байналмилалӣ; 2) индикаторҳои миллӣ (макроиндикаторҳо ва индикаторҳои қисмҳои СМР-2030, ки бо ҳисоботдиҳии давлатии оморӣ тасдиқ шудаанд, аз ҷумла ҲРУ барои муқоиса бо афзалиятҳои асосии Блокҳо ва Бахшҳои СМР-2030) барои муайян намудани тағйироти хос, тамоюлҳо ва мушкилот дар рафти амалисозии СМР-2030, аз ҷумла барои муайян намудани тарафҳои заиф ва қавӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд. Индикаторҳои миллӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегиранд: индикаторҳои пайгирии (ба мӯҳлат ва тадбирҳои мушаххас алоқаманд) пешрафт дар амалисозии тадбирҳои андешидашуда; инчунин индикаторҳои таъсир (индикаторҳои арзёбӣ), ки дар асоси онҳо арзёбии сифатӣ ва миқдории тағйирот ташаккул ёфта, ҳамчун базаи маълумот барои қабули қарор ва асосноккунии афзалиятҳои нав хизмат мекунад. 91 Индикаторҳои пайгирии СМР-2030 (маротибае дар панҷ сол) дар Индикаторҳои Натиҷаҳои татбиқи Барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030) асос меёбанд. Қисми асосии маълумот, пеш аз ҳама, маълумоти миқдорӣ (бо тақсимоти гендерӣ) аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар баробари ин шаклҳои мушаххаси ҳисоботдиҳӣ барои ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳия мегарданд) пешниҳод мешаванд, аз ҷумла аз тарафи дигар вазорату идораҳо аз рӯи соҳаҳои дахлдори фаъолияти онҳо, ки масъулияти томро барои ҷамъоварии маълумот ба зиммаи худ мегиранд. Инчунин истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои коршиносон нақши муҳим мебозад. Вазифа ва нақши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар низоми МваА аз инҳо иборатанд: ҷамъоварии маълумот дар бораи амалисозии чорабиниҳои СМР-2030, ки дар маҳалли онҳо иҷро мегарданд; таҳлили раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва самтҳои Стратегия дар минтақаҳо; пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор.
Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шарти ҳатмии гузаронидани мониторинг ва арзёбии СМР-2030 хоҳад буд, махсусан аз рӯи он соҳаҳое, ки бо омори расмӣ фаро гирифта нашудаанд. Ҷамъоварии таклифу пешниҳодҳо ва эродҳои ҷомеа аз рӯи ҳамаи самтҳои сиёсат ва таҷрибаи татбиқи СМР-2030 озод ва шаффоф мебошад. Дастрасии (инчунин тавассути ВАО) ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва тамоми ҷомеа ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии СМР-2030 таъмин хоҳад шуд. Низоми МваА, инчунин низоми дахлдори ҳисоботдиҳӣ натиҷаҳои татбиқи СМР-2030 ва марҳилаҳои онро дар бар мегирад (Ҳисоботҳо оид ба татбиқи Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон): марҳилаҳои 2016-2020; 2021-2025 ва 2026-2030 ҳам аз нуқтаи назари соҳа ва ҳам аз лиҳози минтақавӣ ҳисоботҳои фосилавӣ дар бораи рафти татбиқи СМР-2030 маҳсуб меёбанд. Сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботҳои соҳавиро оид ба татбиқи БМР ба вазорату идораҳои соҳавӣ пешниҳод мекунанд. Бо ин мақсад дар ҳамаи мақомоти соҳавӣ ва ҳудудии идоракунӣ сохторҳо/шахсони масъул муайян мешаванд, ки ҳамоҳангсозии гузаронидани МваА дар идораҳои худ, инчунин ҷамъбасти маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо дар бораи татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати рушд барои пешниҳод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (пас аз тасдиқи роҳбарият) ба зиммаи онҳо гузошта мешавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маълумоти пешниҳодшударо бо ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор (намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд) ҷамъбаст ва таҳлил менамояд. Аз рӯи зарурат Вазорат метавонад мониторинги интихобии ҳисоботҳои пешниҳодшударо оид ба татбиқи Барномаҳои рушди миёнамуҳлати Тоҷикистон (бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд) гузаронад. Ҳисоботҳои омодашуда оид ба татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон (ҳамчун натиҷаи мониторинги рафти татбиқи марҳилаҳои 92 СМР-2030) ва Ҳисобот оид ба арзёбии татбиқи СМР-2030 барои муҳокима ва тасдиқ ба Шӯрои миллии рушд пешниҳод мегарданд. Амалисозии чорабиниҳои низоми МваА аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегардад. Инчунин ҷалби маблағҳои донорон ва саҳми ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таҳкимдиҳии иқтидори институтсионалии низоми МваА мувофиқи мақсад мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкимдиҳии минбаъда ва пайваста баланд бардоштани самаранокии низоми МваА як қатор тадбирҳо меандешад. Бо дарназардошти мониторингӣ ҳамасола гузаронидашаванда, арзёбии тағйирёбии вазъ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва таъсири он ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҳалқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти СМР-2030 –ро такмил медиҳад.
93 ЗАМИМАҲО Индикаторҳои мақсадноки асосии СМР-2030 Номгӯи индикаторҳо Воҳиди ченак 2015 Сенарияи индустриалӣ Сенарияи индустриалӣинноватсионӣ 2020 2025 2030 2020 2025 2030 Шумораи аҳолӣ (дар охири сол) ҳазор нафар 8547,4 (то 01.01. 2016) 9500 10490 11580 9500 10490 11580 ММД ба ҳар нафар аҳолӣ сомонӣ 5663 8430 12297 17754 8869 14302 23131 Суръати афзоиши воқеии ММД ба ҳисоби миёна дар як сол % 6,0 6,7 6,9 7,5 7,8 8,9 9,6 6-7 8-9 Маҷмӯи пасандозҳои дохилӣ нисбат ба ММД % 18,0 22 26 28 30 35 40 Ҳиссаи маблағгузориҳои хусусӣ дар ММД % 5 10 15 18 12 20 25 Ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД % 12,3 12,5-13,2 16 20-20,5 13-13,5 16-16,5 20-21,0 Аз ҷумла: — соҳаи истиҳроҷ % 11-12 11-11.5 9-10 11-11.5 10-10.5 8-9 — соҳаи коркард % 72-74 74-75 76-76.5 73-74 75-76 78-78.5 — истеҳсол ва тақсимоти газ, об ва энергия % 15-16 14.0-14.5 14-14.5 15-15.5 14-14.5 13-13.5 Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД % 23,3 21 20,1 19-19,5 19,5-20,5 18-18,5 17-18 Ҳиссаи соҳаи хизматрасониҳо дар ММД (бе назардошти соҳаи сохтмон) % 37-37,5 34-34,2 28,5-29,5 38-38,5 35-35,5 30-30,6 94 Аз ҷумла соҳаи сохтмон % 16-16,5 17-17,6 18,5-19,5 16-16,5 18-18,5 19,2-20,2 Андозҳои холиси ғайримустақим дар ММД % 13,4 12,6 12,5 12,5 12,3 12 12 Истеҳсоли нерӯи барқ, ҳамагӣ млрд. кВт соат 17,1 26,2 37,5 40,7 26,2 37,6 45 Истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО млрд. кВт. соат 16,8 24,5 34,4 37,6 24,5 34,5 41,6 Истеҳсоли нерӯи барқ ба ҳар нафар аҳолӣ ҳаз. кВт. соат/нафа р 2,02 2,78 3,64 3,67 2,78 3,65 4,06 Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ (нисбат ба соли 2015) % 100 1,6 маротиб а 2,6 маротиба 4,0 маротиб а 2,0 мароти ба 4,0 марот иба 5,1 мароти ба Сатҳи монетизатсия (аз рӯи нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул нисбат ба ММД) % 22,3 32-34 36-38 40-42 44-46 48-50 52-56 Қарзҳо нисбат ба ММД % 23,2 30-32 34-36 38-40 39-41 43-46 48-50 Капитализатсия бозори қоғазҳои қиматнок нисбат ба ММД % 0 6-8 8-10 10-12 8-10 12-14 16-20 Истихроҷи нафт ҳаз. тонн 24,6 25,0 30,0 36,0 30,6 37,5 45,0 Истихроҷи газ ҳаз. м3 4102 4600 5000 6000 5750 6250 7500 Истихроҷи ангишт млн. тонн 1,04 4,05 6,9 10,4 5,3 10,3 15,1 Гардиши бор млрд. т. км 6,32 7,9 9,2 12,3 8,0 10,2 14,9 95 Мусофиргардиш млрд. мус. км 10,6 13,2 15,5 20,6 13,3 17,0 24,8 Индикаторҳои иҷтимоии СМР-2030 Номгӯи индикаторҳо Воҳиди ченак 2015 Дурнамо 2020 2025 2030 Дарозумрии чашмдошт ҳангоми таваллуд аз ҷумла: — мардон — занон сол 73,5 71,7 75,5 75,7 73,8 77,7 77,8 75,9 80,0 80,0 78,0 82,2 Ҳиссаи табақаи миёна % 22,4 30 40 50 Таъсис додани ҷойҳои нави кории доимии пурмаҳсул ҷой 61 ҳаз. Солона на кам аз 100 ҳаз. Ҳиссаи шахсони дорои таҳсилоти касбӣ дар байни аҳолии ба кор машғул, аз ҷумла дар байни занон % 26 20 на кам аз 30 на кам аз 24 на кам аз 50 на кам аз 40 на кам аз 60 на кам аз 50 Афзоиши музди меҳнати воқеӣ (афзоиши миёна дар як сол) % 0,6 5 Таносуби музди меҳнати занон бо музди меҳнати мардон % 62 65 70 75 Таснифот ва стандартҳои таҳияшуда (мавҷудбуда) барои хизматрасонии аҳолии осебпазир адад 6 10 12 15 Ҳиссаи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, биноҳое, ки барои шахсони маъюб мувофиқ карда шуданд, аз ҷумла дар деҳот % 50 100 100 100 Фарогирии кӯдакони аз 3 то 6 сола бо муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ % ба гурӯҳи синну сол 12 30 40 50 Ҳисоби миёнаи солҳои хониш дар мактаб сол 9,6 10 11 12 Хароҷотҳои умумӣ ба соҳаи илм % нисбат ба ММД 0,15 на кам аз 0,8 на кам аз 1,2 на кам аз 1,5 Ҳиссаи шахсони ба КИТТЛ машғулбуда аз шумораи умумии % 0,15 на кам аз 0,3 на кам аз 0,5 на кам аз 0,6-0,65 96 машғулбудагон Ҳиссаи минтақаҳое, ки ба маблағгузории сарикасӣ дар низоми тандурустӣ гузаштанд шумора / % 18/28 60/92 65/100 65/100 Афзоиши нафақаҳои воқеӣ (афзоиши миёна дар як сол) % — 6 Сатҳи таъминот бо манзил м 2 /нафар 12 13 15 17 Индикаторҳои байнисоҳавӣ ва муқоисаҳои байналмилалӣ Номгӯи индикаторҳо Воҳиди ченак 2015 Дурнамо 2020 2025 2030 Сатҳи камбизоатӣ % 31 20 18 15 Сатҳи фақри шадид % 15,7 — — 0 Рушди сармояи инсонӣ индекс 67,24 (мавқеи 65) на поён аз мавқеи 60 на поён аз мавқеи 55 на поён аз мавқеи 50 Индекси рушди инсонӣ (ИРИ) индекс 0,624 0,667 Дар гурӯҳи сатҳи баланди рушди инсонӣ Индекси нобаробарии гендерӣ (ИНГ) раддабандӣ Мавқеи 69 дар байни 155 кишвар на поён аз мавқеи 60 на поён аз мавқеи 55 на поён аз мавқеи 50 Индекси рушди гендерӣ (ИРГ) гурӯҳ Гурӯҳи 3- ум дар сатҳи Гурӯҳи 2- ум дар сатҳи Гурӯҳи 2- ум дар сатҳи Гурӯҳи 2- ум дар сатҳи 97 рушд рушд рушд рушд Тафовут дар индекси рушди инсонӣ дар натиҷаи нобаробарӣ % 19 18 17 16 Ҳиссаи шуғл дар бахши ғайрирасмӣ % 40 37 35 30 Сатҳи худтаъминкунӣ бо маводи хӯрокворӣ % 55 60 65 70 Дастрасии иқтисодии ба маҳсулоти хӯрокворӣ (ҳиссаи хароҷоти аҳолӣ барои озуқа аз ҳаҷми умумии даромад) % 55-56 22-50 47-45 42-40 Пешбурди бизнес (Doing Business) раддабандӣ Мавқеи 132 дар байни 189 кишвар на поён аз мавқеи 80 на поён аз мавқеи 70 на поён аз мавқеи 60 Сифати идоракунии давлатӣ: 1) ба инобат гирифтани нуқтаи назари аҳолӣ ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ 2) суботи сиёсӣ ва мавҷуд набудани зӯроварӣ 3) самаранокии фаъолияти ҳукумат 4) сифати қонунгузорӣ 5) волоияти қонун 6) маҳдудкунии коррупсия 7) таъмини шаффофияти бучети давлатӣ индекс 7,11 14,69 14,83 14,83 9,95 10,05 мавқеи 25-ум аз 100 талабот Дар гурӯҳи пешбурди ислоҳот Дар гурӯҳи кишварҳои пешсафи Осиёи Марказӣ Дар гурӯҳи кишварҳои пешсафи ИДМ Рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ индекс 4,03 (Раддабандии рақобатпазири и ҷаҳонӣ дар захираҳо асосёфта) Раддабандӣ аз рӯи гузариш аз рақобатпазири и ҷаҳонӣ дар захираҳо асосёфта ба рақобатпазири и ҷаҳонӣ дар маҳсулнокӣ асосёфта Раддабандии рақобатпазирии ҷаҳонӣ дар маҳсулнокӣ асосёфта 98 Таносуби мардон ва занон дар байни қарзгирандагон дар ТХҚ % 34 36 40 Устувории экологӣ индекс 31,34 (мавқеи 154 дар байни 178 кишвар) Дар гурӯҳи кишварҳои пешсафи Осиёи Марказӣ