ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р И
РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
аз «17» декабри соли 2024, №282
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1.Иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум рўзи 27 декабри соли 2024, соати 1000 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, воқеъ дар мавзеи Зоғар даъват карда шавад.
2. Ба рўзномаи иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи ҳисоботи раиси ноҳияи Варзоб «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Варзоб дар соли 2024».
2.2. Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Варзоб барои соли 2025 ва тасдиқи иҷро шудани буҷет дар соли 2023».
2.3. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ.
2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Варзоб.
- Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гуруҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
- Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум тибқи замимаи 2 аз 24 то 25 декабри соли 2024 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохўриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.
- Сармуҳаррири нашрияи ноҳиявии Варзоб ва мутасаддии сомона бо тартиби муқарраргардида, муҳтавои қарори мазкурро тавассути сомонаи расмии мақомот ва нашрияи ноҳиявии Варзоб ба самъи сокинони ноҳия расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созанд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Варзоб Раљабов Т. А., гузошта шавад. Дамонзода Х. Н.