Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.Имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.
Вобаста ба ин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми феврали соли равон раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Шавкат Камолиддин ва дигар шахсон аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ аз Ҷамоати деҳоти Чорбоғ дидан намуда, ба масъулини соҳа барои ҳарчӣ зудтар ба истифода додани бинои мазкур маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ин замина, дар рафти боздид раиси ноҳия ёдовар шуданд, ки ба ҳамагон маълум ҳаст мо дар арафаи пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ки бояд дар ҳамбастагӣ баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо талош намоем ва ин ҷашни бузургу муқаддасро бо сари баланд ва ободиву рушд пешвоз гирем.
Илова бар ин, Хусрав Назаралӣ таъкид карданд, ки ноҳияи Варзоб ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ буда, дар як муддати кутоҳ дар ҳудуди он як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои хизматрасонӣ мавриди истифодаи сокинон қарор ёфтаанд.
Дар баробари ин, мавсуф хотиррасон намуданд, ки ин иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар пайравии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии босифат ба аҳолӣ бунёд гардида истодааст.
Ҳамчунин, зимни боздид Хусрав Дамонзода ибрози назар карданд, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — Истиқлолияти давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд. Ин иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.
Баъдан, зимни боздид намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Шавкат Камолиддин таъкид намуданд, ки дар ин рӯзҳои идонаву фархунда, ки мардуми кишвар зери таассурот аз таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, кушодашавии биноҳои наву замонавии таъиноташон гуногун барои бошандагони деҳа ва ҳар фарди ватандӯсти ин ноҳия, падидаи фараҳбахш ва рӯйдоди муҳим мебошад.
Инчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимонаи худро ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва соҳибкорони ватандӯст барои амалисозии иқдому ташаббусҳои созанда изҳори ташаккур намуда, қайд карданд, ки сокинони ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ имсол дар тамоми деҳаҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ карда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ободу зебо намудани маҳалли зист намунаи ибрат гардиданд.




