Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва дар марҳилаи кунинӣ тақвият ёфта истодааст. Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки санаи 3-юми марти соли равон раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказӣ, шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО боздид ба амал оварда, аз фаъолияти кории онҳо аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид аз соҳаи тандурустӣ Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи иҷтимоӣ, бахусус соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати пешрафти соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст.
Дар ин замина, раиси ноҳия зикр намуданд, ки рушди тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пай дар пай дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ инкишоф ва ташаккул меёбад.Хотиррасон менамоем, ки зимни боздид раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бемороне, ки дар Беморхонаи марказӣ бистарӣ гардидаанд, аз наздик суҳбати самимӣ доир намуда, ба онҳо шифои комил таманно намуданд.

