Ҳамдиёрони азиз!
Афсарону сарбозон ва ҳомиёни содиқи Ватан.
Имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони ноҳия зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат, тамоми сокинони ноҳияро бо ин ҷашни муқаддас табрику муборакбод намуда, ба Шумо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудаанд, яъне онҳо вазифаҳое буданд, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Артиши миллӣ дар ҳама давру замонҳо аз талаботҳои муҳимтарини давлатдорӣ ба шумор рафта, ба сарбозону афсарони кордону баландихтисос, интизоми баланду дониши мукаммали ҳарбии замонавӣ дошта, вобастагии калон дорад. Ин нияту мақсадҳои олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат бори дигар дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дарк гардид.
Дар солҳои истиқлолияти давлатии мамлакатамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, барои ҳифзи якпорчагии марзу буми диёр, пайдории сулҳу ваҳдат ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият сарбаландона хизмат карда истодааст.
Вобаста ба ин, ёдовар мешавам, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид, ки зимни он Роҳбари давлат чунин иброз намуда буданд: «Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад».
Ҳамдиёрони азиз!
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар шукуфоӣ гаштани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бообрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан – Модар шоистаи таҳсин буда, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Хотиррасон менамоям, ки имрӯз бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои ҳарбӣ бо тамоми шароитҳои хизматбарӣ, аз ҷумла маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхонаю дигар иншоотҳои маишию хизматӣ таъмин карда шудаанд.
Шумо ҷавонони азиз, ки имрӯз ба сафи Артиши миллии кишвари азизамон хизматро сарбаландона адо намуда истодаед дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва суботи мамлакат садоқдти худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон бо хизмати шоиста собит месозед, ки ин амали неки Шумо боиси сарфарозии волидайн ва хешу ақрабои Шумо ба шумор меравад. Зеро дар марҳилаи имрӯза аз мову Шумо дарки масъулияти бузург, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш ва зиракии сиёсӣ тақозо мегардад.
Боварӣ дорам, ки Шумо дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо эҳсоси гарми ватандустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардед.
Ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дар ин маврид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, кӣ: «Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».
Маврид ба зикр аст, ки дар оянда аз афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ хизматчиёни хуб ба воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу ватан анҷом диҳанд. Инчунин, хотиррасон менамоем, ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Бо ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои ҳарбии мамлакатамон таъминоти воситаҳои лозимӣ, рафтуо ва хабаргирии онҳо аз тарафи волидайн ва пайвандон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Боварӣ дорам, дар кори тарбия кардан ва ба воя расидани мутахассисони барҷастаи соҳаи ҳарбӣ, ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон афсарони содиқи Ватан, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва қисмҳои низомии дар ноҳия воқеъ буда, саҳми арзанда мегузоранд ва дар ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Чи хеле, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гаштааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиявии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Мо бояд шукр аз он кунем, ки дар зери осмони соф, дар ҳолати тинҷу ором зиндагӣ дорем, шукр аз он кунем, ки чунин Ватани азиз дорем!
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар афсарону сарбозон ва ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон иродаи қавӣ орзу менамоям.
Сиҳатманду сарбаланд бошед, афсарону сарбозон ва ҳомиёни содиқи Ватан!
