Бисёр ба маврид аст, ки суханони оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намоем: «Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои оянда боис гардидааст, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дошта азиз шуморанд».
Модари Ибни Сино Ситорабону фарзанде ба олам овард, ки илми тибро поя гузошт, модар Розия Озод Бобоҷон Ғафуровро ба олам овард, ки қавми тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Модар Бибизуҳрост, ки Лоиқро ба дунё оварда, модар Бибимарям аст, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалии Раҳмонро ба дунё оварда, қавми парешонрафтаро сарҷамъ намуд.
Сано, ба чунин модарон!
Аз ин назар, ҳамаи моро, зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем.
Ёдовар мешавем, ки санаи 5-уми марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия, ходимони давлативу модарони собиқадор, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи Варзоб ва ҳозиринро бахшида ба Рӯзи модарон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки мову Шумо вазифадорем шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ намуда, дар роҳи бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.
— рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем;
— таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба мақому манзалати зан – модар аст, ки зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, кӣ: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем»;
— итминони комил дорем, ки бо такя ба дастгириву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони иззатманди мо баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати оқилонаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош намуда, баҳри расидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ кӯшишҳои хешро сафарбар хоҳанд намуд;
— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми марти соли 2025 дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар иброз доштаанд: «Мо ҳурмату эҳтироми шири сафеди модар, ранҷу бедорхобиҳо ва навозишу меҳрубониҳои ӯро ҳамеша пос медорем ва заҳматеро, ки барои ба камол расонидани мо кашидааст, ҳаргиз фаромӯш намекунем»;
— Зан симои барҷаста ва нерӯи тавонои ҳайёт буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар ҷилвагар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накуҳиҳост. Ҳазорсолаҳо дар фарҳанг ва тамаддуни форсии тоҷикӣ модар дар радифи дигар арзишҳои миллӣ муқаддас дониста мешуд ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи гиромидошти хидмати модар аз нав эҳё шудааст;

— дар фарҷоми суханронии худ раиси ноҳия бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро ва тамоми модарону бонувони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфта, барояшон шодиву сурур, хонаи обод ва саломативу сарбаландӣ таманно намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо қарори раиси ноҳияи Варзоб дар бораи сарфароз гардонидан бо «Ифтихорнома» ва «Сипосномаи»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия ва модарони собиқадор барои ноил гаштан ба дастовардҳои меҳнатӣ бахшида ба Рӯзи модар сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин, хотиррасон менамоем, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб туфаҳои хотиравӣ ба модарону бонувон тақдим гардид.
Ба ифтихори ин иди фархунда аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар арафаи Рӯзи модар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар сохторҳои дар ноҳия фаъолиятдошта, аёдати ходимони давлатӣ ва модарони собиқадор ба роҳ монда шуд.






